Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури нав: "Аз шифер даст кашед, боми хонаҳоро рангин кунед"


Дар талоше барои “зебо” кардани кишвар, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки боми хонаҳоро якранг кунанд.

  • Дастуреро бо ҳамин мазмун раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо фиристодааст. Ҳадаф аз он зебо кардани маҳаллаву шаҳрҳои кишвар то таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон будааст, ки соли 2021 таҷлил хоҳад шуд.

Сабз ё сурх, интихоб кунед

Агар 20 ҳазор сомонӣ медоштам, як гӯшаи рехтаи хонаро таъмир мекардам. Ё барои бачаҳо либос мехаридам. Аз сурх ё сабз будани боми ман ба давлат чӣ фоида?

Файзулло Искандаров, мудири шӯъбаи шаҳрсозии Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 5-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аммо ба мақомот дар маҳалҳо ихтиёр дода шудааст, ранги табъи дили худро интихоб кунанд.

“Пеш аз ҳама мақсади мо ободонии марказҳои ноҳияҳо аст. Маҳаллаҳои навбунёд бояд бомпӯши якранга дошта бошанд. Иҷрои дастур барои маҳаллаҳои маркази ноҳияҳо ҳатмист. Ба сокинон фаҳмонда медиҳем, ки онро риоят кунанд”, - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Бар асоси дастур, раҳбарон дар маҳалҳо, яке аз рангҳо, масалан, сабз ё сурхро интихоб мекунанд ва сокинони дигар муваззафанд, ки боми хонаи худро бо бомпӯшҳои якрангаи сабз ё сурх бипӯшонанд. Ба гуфтаи мақоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дигар дар марказҳои ноҳияҳо аз бомпӯшҳои маъмулӣ ба мисли шифер истифода намекунанд, “зеро хокистаррангу бенур ва зишт аст”.

Шифер ё бомҳои тунукагии чинӣ?

На танҳо мақомоти Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, балки дигар намояндагони баландпояи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳангоми сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо мардумро “ташвиқ” мекардаанд, ки бомпӯши хонаҳои худро иваз ва замонавӣ кунанд.

Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва то як даҳсолаи пеш манзилҳои хешро бо бомпӯши шиферӣ мепӯшониданд. Ҳоло ба бомпӯшҳои тунукагии чинӣ бартарӣ медиҳанд, аммо боми хонаҳо якранг нест.

Насрулло Тӯйчизода, хабарнигоре, ки дар бораи меъморӣ ва хонасозӣ борҳо навиштаву таҳқиқ кардааст, мегӯяд, якранг шудани бомпӯши манзилу биноҳо дар шаҳру маркази ноҳия хуб аст, зеро онҳоро дилкашу назаррабо мекунад. Ӯ мегӯяд, дастури мақомот қобили дарк аст.

Насрулло Тӯйчизода
Насрулло Тӯйчизода

“Чанде пеш дар як шаҳраки Гурҷистон будам. Мақомоти шаҳрак тасмим гирифтаанд, ки бомпӯши хонаҳо ранги норинҷӣ дошта бошад. Ҳамаи бомпӯшҳо норинҷӣ аст ва ин вижагӣ сайёҳонро дар шаҳр зиёд кардааст. Фикр мекунам, дастури мақомоти тоҷик ҳам ба хотири зебову дилнишин кардани намуди зоҳирии шаҳру маркази ноҳияҳо содир шудааст”, - гуфт ӯ.

“Ҳусни маҳалро мекоҳонад”

Тӯйчизода мегӯяд, сокинон ҳангоми бунёди хонаи нав аз бомпӯшҳои тунукагӣ истифода мекунанд ва аз ин рӯ харидории бомпӯш бо ранги хостаи мақомот барояшон мушкил пеш намеорад. “Вале иваз кардани бомпӯши хонаҳое, ки аллакай ҳастанд, албатта, барои мардум метавонад, мушкил пеш орад”, - мегӯяд Насрулло Тӯйчизода.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳарчанд вақтҳои охир салиқаи хонасозии мардум дар Тоҷикистон боло меравад, ҳанӯз дар канори шоҳроҳҳо ва маркази ноҳияҳо хонаҳое ба назар мерасанд, ки “ҳусни маҳалро мекоҳонанд”.

Ӯ гуфт, “мо бояд ба санъати меъморӣ ва намуди зоҳирии хонаҳоямон эътибор диҳем. Ба наздикӣ дар чанде аз минтақаҳои Узбекистони ҳамсоя ҳам будам. Мардум хонаҳо ва ҳавлиҳояшонро хуб оро медиҳанд. Дар мо касе андак пулдор шуд, зуд мошини гаронбаҳо мехарад ва ба шароиту шакли хона кам аҳамият медиҳад.”

"Иваз кардани бомпӯшҳо осон нахоҳад буд"

Аммо бо бомҳои замонавӣ ва рангин пӯшондани бинову хонаҳо як кори пурхарҷест ва на ҳама сокинон дар Тоҷикистон иқтидори онро доранд. Иброҳим Салимӣ, дуредгари тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бомпӯш кардани як хонаи начандон бузург аз 15 то 20 ҳазор сомонӣ харҷ дорад.

“Фарз кардем, масоҳати боми хонаи миёна 100 метри мураббаъ бошад, соҳиби он барои харидани масолеҳи сохтмонӣ ҳадди ақал 10 ҳазор сомонӣ харҷ мекунад. Ҳаққи кори усто боз 5 ҳазор сомонӣ мешавад”, - шарҳ дод Иброҳим Салимӣ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳоло сокинон мувофиқи салоҳдиди худ ранги бомпӯшро интихоб мекунанд ва ранги бомҳои аксар хонаҳо гуногун аст ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки ҳамагӣ якранг бошад.

“Сурх ё сабз шудани боми хонаам чӣ манфиат дорад?”

Шӯҳрат, сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар хонаи меросӣ зиндагӣ дорад ва боми хонааш шиферӣ ва тираву ба қавли мақомот “зишт аст”, мегӯяд, агар ӯро маҷбур ҳам кунанд, пули тағйир додани боми хонаро надорад. Ӯ гуфт, “агар 20 ҳазор сомонӣ медоштам, як гӯшаи рехтаи хонаро таъмир мекардам. Ё барои бачаҳоям либос мехаридам. Намедонам, сурх ё сабз шудани боми хонаи ман барои давлат чӣ манфиат дорад?”

Дастури мақомот барои якрангу “зебо” кардани шаҳру маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд дигарбора мавриди интиқод қарор мегирад, зеро онро дахолате ба зиндагии мардуми оддӣ медонанд. Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки ба ҳаёти хусусии мардум дахолат мекунад, сар аз шеваи баргузор кардани азодорӣ то ба таҷлили зодрӯзу ҷашни арӯсӣ.

XS
SM
MD
LG