Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Ресандаи Тоҷикистон" боздошт шуд


Баҳром Маҳмадҷонов (аз чап дувум). Соли 2015 ҳини ифтитоҳи корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон РБТ", ки бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Баҳром Маҳмадҷонов (аз чап дувум). Соли 2015 ҳини ифтитоҳи корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон РБТ", ки бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Баҳром Маҳмадҷонов, раҳбари "Ресандаи Тоҷикистон РБТ"- яке аз корхонаҳои азими нассоҷӣ дар шимоли Тоҷикистон, боздошт шудааст. Ин корхона соли 2015 бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шуд ва яке аз корхонаҳои пештоз дар се соли охир буд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар додситонии вилояти Суғд ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 24-уми июл гуфт, ки Маҳмадҷонов охири ҳафтаи гузашта боздошт шуда, бо даъвои коргарон ва ҳам як ширкати туркӣ боздошт шуд.

Ширкати туркӣ як ҷониби даъво бо "Ресанда"

Ширкати туркии "Ланатекс Гида Санай" ҳафт моҳ қабл бо ширкати "Ресандаи Тоҷикистон" шартнома баста, хостааст, бар ивази 58 ҳазор доллар аз ин корхона ришта харидорӣ кунад.

Бинобар, иттилои хадамоти матуботи президент корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон" бо харҷи 2 млн сомонӣ бозсозӣ шуда, қудрати коркарди 4,5 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дорад.

Аммо ба иддаои ширкати туркӣ, дар ин муддат як ришта ҳам ба Туркия ирсол нашуд ва шартҳои созишнома иҷроношуда боқӣ монд. Ин ширкати туркӣ бинобар сарпечии Баҳром Маҳмадҷонов аз иҷрои нуктаҳои шартномаи дуҷониба, ба прокуратура шикоят бурдааст.

Наздикони соҳибкор мегӯянд, ки шикояти ширкати туркиро қисман қабул доранд, вале мушкили иҷрои шартҳои созишнома ба таъхир, на худдории онҳо аз иҷрои ин қарордод рабт мегирад.

"Аз Маҳмадҷонов борҳо иҷрои созишномаро талаб кардем"

Як масъули ширкати "Ланатекс Гида Синай" рӯзи 24-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қабл аз арз кардан ба додситонӣ, борҳо аз Маҳмадҷонов хоста буданд, ки мувофиқ ба бандҳои шартнома, риштаро ба Туркия фиристад ва ё маблағи пардохтшударо бозгардонад. Ин масъули ширкати туркӣ, ки ба далели набуди ҳаққи сӯҳбат бо матбуот нахост номаш нашр шавад, гуфт, пас аз оне, ки тӯли 7 моҳ "Ресандаи Тоҷикистон РБТ" ӯҳдадориашро иҷро накард, тасмим ин шуд, ки бояд ба прокуратура арз кунанд.

"Мо ин маблағро аз бонкҳои Туркия қарз гирифтаем. Фоизи он торафт баланд мешавад. Бар замми ин, дар назди дигар коршариконамон ӯҳдадорӣ дорем. Мо дар назди ширкати "Ресандаи Тоҷикистон РПП" ҳамаи ӯҳдадориҳоямонро иҷро кардем, пулро саривақт ба суратҳисобаш гузаронидем. Аммо ӯ ӯҳдадориашро иҷро накард, мо маҷбур шудем ба прокуратура муроҷиат кунем",-афзуд ин масъули ширкати туркӣ.

Ӯ гуфт, ки ширкати онҳо борҳо талош карданд бидуни шикоят ба мақомоти интизомӣ ва аз роҳи музокира масъаларо ҳал кунанд, аммо роҳбарияти ин ширкати тоҷикистонӣ ба музокирот ҳозир нашудааст. "Акнун, ки мақомот Баҳром Маҳмадҷоновро боздошт кард, аз даруни боздоштгоҳ бо мо дар тамос шуда, илтимос карда истодааст, ки аризаамонро бозпас гирем, ӯ баромада пулро бармегардонад",- гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Як ширкати олмонӣ ҳам даъвогар аст

Аммо ширкати туркӣ танҳо даъвогаре нест, ки аз тасарруф шудани маблағҳояшон аз сӯи роҳбари ширкати "Ресандаи Тоҷикистон РБТ" шикоят доранд. Як масъули ширкати Lanatex аз Олмон ҳам дар як тамоси катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо "Ресандаи Тоҷикистон" шартнома баста, мехостанд бар ивази 60 ҳазор доллар риштаи пахтагин харидорӣ кунанд. Ин ширкати олмонӣ ҳам пули риштаро пешпардохт карда, то ба ҳол на маҳсулот ва на пулашро бозпас гирифта натавонистааст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Бинобар кирдори роҳбари корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон" мо ва дигар ширкатҳои дигар тасмим гирифтем, ки минбаъд бо ширкатҳои узбекистонӣ шартнома бандем. Тасаввур мекунед, ки то чӣ ҳад рафтори роҳбари ин корхона ба саноати пахта ва обрӯи кишвар зарба мезанад?", гуфт ӯ.

Бар замми ширкати туркиву олмонӣ, ҳамчунон як ширкати шведӣ ва чиноӣ низ аз ваъдахилофии маъмурияти "Ресандаи Тоҷикистон РБТ" шикоят кардаанд, ки маблағро гирифта бар иваз ришта нафиристодааст.

"Каме таъхир шуд, пули туркҳоро медиҳем"

Аммо Равзанабону Неъматуллоева, муассиси ширкати "Ресандаи Тоҷикистон", ки ҳамчунон бо Баҳром Маҳмадҷонов риштаи хешовандӣ дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, корхона танҳо аз як ширкати туркӣ қарздор буд ва қарор аст дар ду ҳафтаи наздик ӯҳдадориашро дар назди ин ширкати хориҷӣ иҷро кунад.

Ӯ гуфт: "Воқеан ширкати туркӣ аз мо бар ивази 58 ҳазор доллар ришта хариданӣ шуд. Пулашро пардохт кард. Лекин каме таъхир шуд. Мо аз ҳафтаи оянда корхонаро ба кор медарорем. Пахта дар байни таҷҳизот истодааст, ҳамонро коркард карда барои туркҳо медиҳем".

Хонум Неъматуллоева гуфт, ҳафтаи гузашта каме қарзи маоши коргарон, ки боқӣ монда буд, пардохт карданд ва корхона дигар дар назди коргарон қарздор нест. Неъматуллоева афзуд, нархи пахта дар мавсими тобистон хеле қиммат шуда, бар илова корхонаҳои нассоҷии хориҷа, аз ҷумла Туркия, дар моҳи август таътил карда кор намекунанд.

Аз ин рӯ, маъмурияти корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон РБТ" ҳам ба гуфтаи Неъматуллоева, тасмим гирифт, боқимондаи пахтаи корхонаро пурра коркард ва аз мавсими нави ҳосили пахта корро дубора оғоз кунад. "Нархи пахта хеле қиммат шуд ва агар мо кор кунем, бо ин нарх риштаи моро намехаранд",- гуфт Неъматуллоева.

Ифтитоҳи "Ресанда" бо ҳузури президент

Ин соҳибкорзани тоҷик соли соли 2015 бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ин корхонаро ифтитоҳ карда буд. Раисҷумҳур аз кори Неъматуллоева хеле ситоиш карда буд, ки бо фаъол кардани ин корхонаи ресандагӣ 400 нафар занонро бо ҷойи кор таъмин кардааст.

Дар ин дидор бо раисиҷумҳур, ки телевизионҳои давлатӣ онро намоиш дода буданд, хонум Неъматуллоева - Баҳром Маҳмадҷоновро домодаш муаррифӣ карда гуфта буд, ки ӯ дар Олмон таҳсил карда, 8 сол таҷрибаи кор дар ин кишварро дорад.

Бинобар, иттилои хадамоти матуботи президент корхонаи "Ресандаи Тоҷикистон" бо харҷи 2 миллион сомонӣ бозсозӣ шуда, қудрати коркарди 4,5 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дорад.

XS
SM
MD
LG