Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик ба донишкадаҳои исломии Русия рӯ овардаанд


Даҳҳо нафар аз ҷавонони тоҷик барои гирифтани донишҳои мазҳабӣ ба донишгоҳҳои исломии Русия шомил шудаанд. Дар ҳоле, ки имкони кор ёфтан бо донишҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон тангтар мешавад ва мақомот низ бештар ба таълимоти дунявии ҷавонон тарҷеҳ медиҳанд, даҳҳо сокини ин кишвар дар мадрасаву донишгоҳҳои исломии Русия таълим мегиранд.

Бисёри онҳо медонанд, ки баъди хатми донишгоҳ ҷойи кор ангезаи таҳсил дар пойгоҳҳои мазҳабиро бештар мекунад. Қисми ками донишҷӯён мегӯянд, ки таҳсил дар донишгоҳҳои исломӣ ва омӯзиши аркони диниро барои худ фарз медонанд.

Авҷи мазҳабдӯстӣ дар Тоҷикистон ба солҳои баъди суқути шӯравӣ рост омад ва бо боз шудани роҳи сафар ба кишварҳои арабӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои исломӣ авҷ гирифт.

Тамоюли таҳсили исломӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ дар ҳоле рӯ ба афзоиш овард, ки сар аз соли 2010 мақомоти Тоҷикистон муҳассилини донишгоҳу мадрасаҳои динии Ховари Миёна, Покистон ва Эронро ба ватан баргардониданд. Донишгоҳи исломии Тоҷикистон қудрати фарогирии ҳамаи хоҳишмандонро надорад ва ин ҷавонони мазҳабдӯстро ба ҷустуҷӯи таҳсил дар кишварҳои собиқ шӯравӣ водор кардааст.

50 донишӯи тоҷик дар Донишкадаи исломии Қазон

Ҳоло танҳо дар Донишкадаи исломии Русия дар шаҳри Қазон беш аз 50 донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунад. Марат Гилманов, ноиби ректор оид ба таълим дар Донишкадаи исломии Қазон рӯзи 12-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тоҷикон нисбат ба ҳамсолони худ аз кишварҳои дигар, ба таҳсилоти динӣ бештар таваҷҷӯҳ доранд.

Марат Гилманов, ноиби ректор оид ба таълим дар Донишкадаи исломии Қазон.
Марат Гилманов, ноиби ректор оид ба таълим дар Донишкадаи исломии Қазон.

Дар ин донишкада ҷавонон аз ҳама кишварҳои Осиёи миёна ба истиснои Туркманистон таҳсил мекунанд, вале шумораи аз ҳама бештари донишҷӯёни хориҷӣ тоҷикон будаанд. "Тавре мо мушоҳида мекунем, дар оилаҳои тоҷик таваҷҷуҳ ба дин ва иҷрои фармудаҳои он хеле ҷиддӣ гирифта мешавад. Аз ин рӯ, шумораи донишҷӯёни тоҷики мо низ дар донишгоҳ дар назар ба дигар миллатҳо бештаранд. Мо таҳсисли рӯзона ва ғоибона дорем. Дар ҳар ду шӯъба беш аз 50 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд. Қисмате аз донишҷӯён мо духтарон ҳастанд".

Марат Гилманов мегӯяд, барномаи таълимӣ дар ин донишкада мувофиқ ба таълимоти мазҳаби Ҳанафия таҳия шуда, исломи мӯътадилро ба донишҷӯён таълим медиҳад. Дуруст ҳамон мазҳабе ки дар Тоҷикистон мазҳаби асосӣ эълон шудааст. Ин донишкада довталабонро аз Тоҷикистон бо роҳхати Маркази исломӣ ба имтиҳонҳои қабул роҳ медиҳад ва довталабон пас аз супоридани имтиҳон бадонигоҳ шомил мешаванд.

Ин масъули Донишкадаи исломии Русия гуфт, тоҷиконе ҳам, ки бо аҳли оилаашон ба Русия муҳоҷират кардаву дар ин ҷо муқим шудаанд, барои таҳсил дар ин донишкада майлу рағбати зиёд доранд. Ӯ гуфт, бисёриҳо барои омӯзиши забони арабӣ ва теологияи исломӣ, журналистикаи исломӣ ва иқтисодӣ исломӣ ба ин донишгоҳ меоянд ва пас аз хатми донишгоҳ мо ҳақ доранд дар идораҳои динӣ, бонкҳои исломӣ ва ё ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ кор кунанд.

Мушкили ҷойи кор барои хатмкунандагони донишгоҳҳои исломӣ

Бисёре аз хатмкунандагони ин донишкада низ пас аз хатми он дар Русия мемонанд, ҳарчанд бо мадраки мактаби исломӣ пайдо кардани ҷойи кор дар қисмати ҷомаи мусулмонии Русия барои тоҷикон душвор аст. Миратулло Саидов, яке аз донишҷӯёни ин донишкадаи Русия аст. Ӯ пас аз хатми ин донишкада барои таҳсил ба Индонезия сафар мекунад ва барномаи таҳсили дусолаи магистриро дар ин кишвар хатм мекунад.

Ӯ гуфт: "Ман соли 2012 ин донишкадаро бо ихтисос "Улум-ул-Қуръон " хатм кардам. Аз соли 2015 иҷониб ман дар Донишкадаи исломии Русия забони арабӣ таълим медиҳам. Чунки барномаи магистрие, ки ман дар Индонезия хатм кардам таълими забони арабӣ буд".

Миратулло Саидов мегӯяд, таълим дар ин донишгоҳ барои шаҳрвандони худи Русия ройгон ва барои хориҷиён вобаста ба ихтисос дар як сол аз 500 то 600 доллар нарх дорад. Аммо Саидов мегӯяд, пас аз хатми ин донишгоҳ барои ҷавонони тоҷик пайдо кардани ҷойи кор аз рӯи ихтисос хеле душвор аст.

"Ҳамватанони мо дониши хеле чуқури динӣ доранд. Аммо дар масҷидҳои ин ҷо онҳоро имомхатиб намегузоранд, ҳарчанд дониши хеле баланди динӣ доранд. Идораҳои динии инҷо талаб мекунанд, ки имомхатиб забони тоториро донад. Ҳарчанд ин гуна қонуне нест, чун танҳо тоторҳо мусулмон нестанд. Аммо чун аксарияти роҳбари Идораи динии мусулмонон тоторҳо ҳастанд, онҳо чунин талаб пеш меоранд."

Саидов мегӯяд, дар чанде аз минтақаҳои дурдаст, тоҷикон имомхатиби масҷидҳо ҳастанд, аммо Идораи мусулмонон талош мекунад дар шаҳрҳои бузург танҳо тоторҳоро имом интихоб кунад. Имомхатибон дар Русия аз ҳисоби Идораи динии мусулмонон маош мегиранд ва як қисмате аз даромадашон аз ҳисоби ибодаткунандагони масоҷид будааст.

Нуфузи рӯҳониён дар миёни муҳоҷирон

Фирдавс Мирзоёров, таҳлилгари масоили динӣ.
Фирдавс Мирзоёров, таҳлилгари масоили динӣ.

Фирдавс Мирзоёров, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон авҷи мазҳабишавии ҷавонон паси сар шуд, аммо дар миёни муҳоҷирон рӯҳониён аз эҳтироми вижа бархӯрдоранд. Ӯ гуфт: "Боло гирифтани худшиносии динӣ дар миёни муҳоҷирон як раванди табиист, чунки онҳо ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешавнад ва дин барои онҳо як нав таълимоти тасаллобахш аст. Аз ин рӯ, ҷавонон, ки таълимоти динӣ мегиранд, дар миёни муҳоҷирон обрӯву эътибор пайдо мекунанд".

Мирзоёров мегӯяд, азбаски муллоҳо дар миёни муҳоҷирон нуфуз доранд, бо истифода аз ин барои худ даромад, низ мегиранд. Чун дуову мавъиза ва иҷрои маросими дини ройгон нест ва муллоҳо аз ин роҳ фоида мегиранд.

Аммо ҷавонои тоҷик, аз шумори онҳое, ки ба ин донишкада шомил шудаанд мегӯянд, медонанд, ки пас аз хатми он бо ин ихтисос кор ёфтан душвор аст. Аммо бинобар ангезаҳои мазҳабиву диннӣ таҳсил дар ин донишгоҳро интихоб мекунанд.

Ибодулло Соҳибов як ҷавони тоҷик, ки довталаби Донишкадаи исломии Русия асту нияти шомил шудан ба онро дорад, мегӯяд, медонад, ки пас аз хатми он аз рӯи ин ихтисос пул кор намекунад. Ӯ гуфт, "ман танҳо аз барои Худо дар ин ҷо таълим гирифтаниям. Дини Худо барои тиҷорату пулёбӣ нест. Мехоҳам дониши динӣ бигирам, асосҳои исломро биомӯзам. Баъди хатми донишгоҳ ман ҳамроҳ бо падарам ба тиҷорат машғул мешавам".

Мазҳабишавии ҷомеа дар Тоҷикистон

Авҷи мазҳабдӯстӣ дар Тоҷикистон ба солҳои баъди суқути шӯравӣ рост омад ва бо боз шудани роҳи сафар ба кишварҳои арабӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои исломӣ авҷ гирифт. Онҳое, ки аз маълумоти динӣ бархӯрдор буданд, дар байни аҳолӣ обрӯӣ хосса доштанд ва дар бисёр маврид ҳарфашон болотар аз ҳарфи мақомот буд.

Мақомоти Тоҷикистон бо назардошти эҳтимоли гаравидани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тандрав дар хориҷи кишвар, аксари онҳоро ба ватан оварданд. Ин амал сатҳи мазҳабишавии ҷомеаро коҳиш дод, аммо на ба андозае, ки мақомот интизор доштанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, таблиғоти ҳукумат, махсусан бо наворҳои бадномкунанда нуфӯзи рӯҳониёнро то андозае коҳиш дод. Аммо бо танг шудани ҷойгоҳ дар Тоҷикистон, бисёр рӯҳониён ҳаводорони худро дар байни беш аз миллион муоҳоҷири корӣ пайдо карданд, ки дар Русия ва кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ кору фаъолият мекунанд.

Дар шароити Русия, барои намуна, хати ҳаракати бисёр муҳоҷирони корӣ якранг аст -- кор, масҷид, хона. Масири навад дар сади беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки сар аз соли 2014 ба гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла турӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” гаравиданд, якранг аст. Онҳо муҳоҷири корӣ буданд ва аз Русия ба Суриву Ироқ рафтанд.

Бозгашти ҷавонон аз мактабҳо динӣ дар хориҷ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз волидон даъват кардааст, ки фарзандонашонро мактабҳои динии кишварҳои хориҷ баргардонанд ва аз тундрав шудани онҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд президент Раҳмон гуфт, то кунун бо кӯшиши мақомот аз 715 нафае, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, 687 нафарашон ба Ватан баргардонида шуд. Аммо ҳанӯз ҳам 81 нафар сокинони вилоят дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Аммо мақомот зоҳиран аз таҳсили ҷавонон дар мактабҳои динии Русия эҳсоси хатар намекунанд, зеро ин мактабҳо зери назари мақомоти Русия амал мекунанд ва барномаи онҳо бо вазорати маорифи он кишвар ҳамоҳанг мешавад. Дар Русия айни замон 74 мактабу мадрасаҳои динӣ амал мекунанд. Мувофиқи омори нуфусшумори охир, теъдоди аҳолии мусалмони Русия 15 миллион ё 10 дарсади аҳолии ин кишвар ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG