Ширкати чинии “Ҳуаксин” -- молики чанд корхонаи семент дар Тоҷикистон муваззаф шуд, ки минбаъд тавассути “Хонаи савдо»-и Тоҷикистон ба Узбекистон семент содир кунад.
То кунун ширкати чинӣ мустақилона аз Тоҷикистон ба Узбекистон семент мефурӯхт ва бо боз шудани марзҳову лағви виза, Тоҷикистон мехоҳад, тиҷорати сементро худ ба даст бигирад. Интизор меравад то поёни сол Тоҷикистон ба ин кишвар ним миллион тонна семент содирот кунад.
Ҳамроҳхон Ғаниев, директори “Хонаи савдо”-и Тоҷикистон дар Узбекистон рӯзи 2-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ҳамаи ширкатҳо талаб карданд, фурӯши сементро тавассути “Хонаи савдо” ба роҳ монанд.
Ширкати “Хуаксин”, бар хилофи хоҳиши коршарикаш ширкати “Ғаюр” худ сементро содир карда фоида мегирифт. Аммо бо истифода аз хуб шудани равобити Тоҷикистону Узбекистон, ширкати “Ғаюр” мехоҳад, худ содироти семент фоида бигирад.
Даъвои ду коршарик барои фоида
“Мо дар ин бора бо хитоийҳо гуфутугӯ доштем. Онҳо гуфтанд, аз соли 2017 замоне, ки ҳанӯз “Хонаи савдо” вуҷуд надошт бо муштариёнашон дар Узбекистон шартнома бастаанд ва наметавонанд, ҳоло онро якҷониба қатъ кунанд. Муҳлати ин шартномаашон то моҳи декабри ҳамин сол (2018) аст. Ба онҳо гуфтем, ки бо тамом шудани шартнома дигар онро дароз накунанд ва танҳо тавассути “Хонаи савдо” фурӯши сементро ба Узбекистон ба роҳ монанд” - гуфт Ҳамроҳхон Ғаниев.
Ғаниев афзуд, содироти семент бо боз шудани марзҳо дар соли ҷорӣ ба Узбекистон авҷ гирифт ва то поёни сол мизони содироти он аз 500 ҳазор тонна бештар хоҳад шуд. Айни замон Тоҷикистон тавассути ин “Хонаи савдо” дар Тошканд ба Узбекистон танҳо масолеҳи сохтмонӣ содирот мекунад.
Ғаниев гуфт, айни замон номгӯи масолеҳи содиротии Тоҷикистон ба ҳамсоякишвар аз семент, гаҷ, гаҷкартон, оҳаксанг ва дигар масолеҳи сохтмонӣ иборатанд.
Бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз Чин меоянд. Ин кишвар ҳамчунон қарздиҳандаи аз ҳама бузурги Тоҷикистон аст. Қарзи Тоҷикистон аз Чин ба 1,2 миллиард доллар мерасад. Чин ба ҳудуди 5 кони тиллои Тоҷикистон, аксари корхонаҳои семент, соҳаи металҳои ранга сармоягузорӣ мекунад. Тоҷикистон онҳоро дар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо 349 миллион доллар ба шикрати “ТВЕА”-а Чин додааст.
Семент масолеҳи рақобатпазири Тоҷикистон
Дар миёни масолеҳи содиротии Узбекистон ба Тоҷикистон шурӯъ аз ҷевону яхдон то мошину таҷҳизоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ семент ягона маҳсулоти рақобатпазири Тоҷикистон дар ин кишвар аст. Фаррух Маҳмудов, намояндаи “Хонаи савдо”-и Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Тошканд гуфт, ягона бартарии сементи Тоҷикистон сифати он аст.
Ӯ мегӯяд: “Нархи сементи Тоҷикистон арзон нест, сифаташ хеле хуб аст. Тоҷикистон сементи тамғаи 500-ро истеҳсол мекунад. Ширкатҳои мо танҳо сементи тамғаи 400-ро истеҳсол мекунанд. Аз Қирғизистону Қазоқистон ҳам семент ворид мешавад. Аммо бинобар хуб будани сифат сементи Тоҷикистон дар бозори дохилӣ харидор пайдо кард” -гуфт Маҳмудов.
Аммо номгӯи маҳсулоти содироти Узбекистон ба Тоҷикистон хеле зиёд аст. Дар як соли охир дар Душанбуву Хуҷанд “Хонаи савдо”-и Узбекистон ифтитоҳ шуд. Ба замми ин дар канори Душанбе толори фурӯши мошинҳои тамғаи Ravon-и Узбекистон амал мекунад, ки харидорони зиёде дорад.
Яхдону тафдонҳои ширкати Artel -и Узбекистон ҳам дар бозорҳои дохили ҷойи маҳсулоти Чинро танг кардаанд. Бар изофа дар шаҳри Хуҷанд айни замон бозори муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Саховат” амал мекунад, ки дар он то 300 нафар тоҷирони Узбекистон маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи рӯзгорро савдо мекунанд.
Гардиши савдо миёни ду ҳамсоякишвар - Тоҷикистон Узбекистон баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев зиёд шуд. Дар 5 моҳи аввали имсол тиҷорати ду кишвар ба 94 миллион доллар расид. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст.