Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғуломи муосир кист? Тоҷикистон бо арзёбиҳои Global Slavery Index розӣ нест


Як созмони таҳқиқотӣ иддао кардааст, ки дар Русия ҳудуди 800 ҳазор нафар дар шароити "ғуломии муосир" ба сар мебарад ва аксарияташон муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд.

Дар ин гузориш Тоҷикистон ҳам ба ҳайси кишваре ёд шудааст, ки дар он кишоварзон дар ҳолати сангин ба сар мебаранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо ин иттиҳом розӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳеҷ навъ ғуломӣ вуҷуд надорад.

Русия: муҳоҷирон - ғуломони замони имрӯз

Дар бештари маврид кордиҳандагон шиносномаи муҳоҷиронро бо баҳонаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳо мегиранд. Баъдан аз боз гардонидани он ба муҳоҷирон сарпечӣ карда, аз меҳнатӣ арзон ва беҳуқуқии онҳо истифода мекунанд

Дар гузориши тозаи Global Slavery Index, ки бунёди Walk Free (мақарраш дар Австралия) таҳия кардааст, омадааст, ки айни замон дар Русия на камтар аз 794 ҳазор "ғуломи муосир" ба сар мебаранд. Ин созмон мегӯяд, бо назардошти шароити зиндагиву кор ва даромади ин афродро мешавад ба унвони "ғулом" арзёбӣ кард. Ин созмон, ки мегӯяд дар масоили марбут ба кори иҷборӣ ва истифодаи нирӯи инсон дар шароити ғайриқонунӣ тамаркуз кардааст, таҳқиқи вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишварҳои мухталиф ба роҳ мондааст.

Ба қавли ин созмон, мусодираи ҳуҷҷатҳо, маҳдуд кардани гаштугузор дар як маҳдудаи муайян, зӯран кор фармудани инсонро коршиносони ин созмон ҳамчун ғуломии муосир эътироф кардаанд.

Ғуломии шаҳвонӣ дар ҳоли густариш аст

Як навъи ғуломие, ки дар Русия солҳои охир густариш пайдо кардааст, "ғуломии шаҳвонӣ" будааст. Муаллифони ин гузориш менависанд, барои "ғуломии шаҳвонӣ", занон духтарон ва ҳатто ноболиғон аз кишварҳои Осиёи Миёна, ҷалб мешаванд.

Ба тасвири бунёди Walk Free, бисёре аз бонувон бо ваъдаи ҷойи кор ба Русия мераванд ва дар аксар ҳолатҳо кордиҳандагон ба онҳо гӯё пешакӣ пули таҳияи санадаҳо ва харҷи роҳро пардохт мекунанд.

Вақте даъватшаванда ба макони кор, ки маъмулан, меҳмонхонаҳо, маконҳо дилхушӣ ва ё фоҳишахонаҳо мерасанд, кордиҳандагон бо баҳонаҳои қонунӣ кардани санадҳои будубош, шиносномаҳоро мусодира мекунанд.

"Бо мусодираи шиноснома гардонандагони бизнеси шаҳват аз ҳолати оҷизонаи "ба дом афтодагон" истифода намуда, онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур карда, маъмулан монеи аз берун рафтани онҳо аз ҳудуди меҳмонхона ва ё фоҳишахона мешаванд, ки як навъ ғуломии муосир аст", - навиштаанд муаллифони ин гузориш.

Муҳоҷирон - гурӯҳи заъфпазир дар баробари беҳуқуқӣ

Аммо "ғуломии шаҳвонӣ” танҳо мушкиле нест, ки муҳоҷирон дар Русия гирифтори он мешаванд. Нерӯи муҳоҷирон дар соҳаи сохтмон, кишоварзӣ ва ширкатҳои тамизкорӣ чун "ғулом" истифода мешудааст.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ки ба фарқ аз шаҳрвандони комилҳуқуқи Русия, вазъи муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла сокинони Осиёи Марказӣ дар ин кишвар ҳамоно заъфпазир аст ва бисёр корфармоён аз ин ҳолат сӯиистифода мекунанд.

Фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, бо арзёбиҳои ин созмон розӣ нашудан душвор аст, чунки бисёри муҳоҷирони ташнаи кор ба хотири пайдо кардани кору даромад, шароити кори бидуни расмиёти қонуниро мепазиранд ва дар ҳолати ноозод ваё вобаста аз кордиҳанда мемонанд. Ин ки Русия дар солҳои охир муқаррароти будубош ва кори муҳоҷиронро сахттар зери назорат гирифта, аз ҷумла, доштани патенти кории ҳармоҳаро тақозо мекунад, гаронии таҳияи ин санад ва расмиёти дигар муҳоҷирони ташнаи кору даромадро дубора водор мекунад, ки ба ҳолати беҳуқуқӣ баргарданд.

Мисоли роиҷ ва ошкори ба ҳолати ғуломӣ даровардани муҳоҷирон - маҳрум кардан аз санадҳои расмӣ мебошад, мегӯяд ​Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав. Ӯ рӯзи 23 июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, назарсанҷиҳо дар миёни муҳоҷирон нишон медиҳад, ки гаштугузори озоди беш аз 10 дарсади онҳо аз сӯи корфармоёнашон маҳдуд карда мешавад.

Ӯ гуфт: "Маҳдуд кардани шароити гаштугузор ҳам як навъе аз ғуломӣ аст. Дар бештари маврид кордиҳандагон шиносномаи муҳоҷиронро бо баҳонаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳо мегиранд. Баъдан аз боз гардонидани он ба муҳоҷирон сарпечӣ карда, аз меҳнатӣ арзон ва беҳуқуқии онҳо истифода мекунанд".

Каримҷон Ёров аз таҷрибаи кории худ мегӯяд, бо вуҷуди он ки чандин ҳолати истифода аз меҳнати ғуломонаи муҳоҷиронро дар Русия ошкор карда, мақомотро дар ҷарён гузоштанд, аммо то ба ҳол ҳеҷ яке ғуломдоронро ба ҷавобгарӣ накашонидааст.

Русия солҳои истиқлолият барои садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон танҳо макони кору даромад шудааст
Русия солҳои истиқлолият барои садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон танҳо макони кору даромад шудааст

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, ҳадафи кордиҳанда - бо пули ночиз кор фармудани коргар аст ва аз роҳи ғайриқонунии мусодираи шиноснома коргарро ба худ мутеъ мекунад. "Баъзе кордиҳандагон "шумо аз кор нагурезед" гуфта, паспортҳоро мусодира ва аз меҳнати ғуломонаи онҳо истифода мекунанд", - мегӯяд Ёров.

Тоҷикистон: Соҳаи кишоварзӣ мушкилоти зиёд дорад

Дар ҳамин ҳол, бунёди Walk Free навиштааст "ғуломии муосир" дар худи Тоҷикистон ҳам ба назар мерасад. Бинобар арзёбии ин созмон дар Тоҷикистон наздик ба 39 ҳазор нафар дар шароити "ғуломии муосир" ба сар мебаранд. Ба ибораи дигар, тавре ин бунёд навиштааст, дар миёни 1000 нафар аҳолии Тоҷикистон 4 нафар дар шароити ғуломии муосир қарор доранд.

Ба иддаои муҳаққиқони хориҷӣ, кормандони бахши кишоварзӣ, бахусус онҳое, ки дар соҳаи пахтапарварӣ ва чишини ҳосил ҷалб мешаванд, "дар ҳолати ғуломӣ" ба сар мебаранд: нақзи ҳуқуқи пахтачинон дар адами пардохти саривақии музди меҳнат, надоштани шартномаи корӣ ва кам будани даромад ифода мешавад. Ин созмон бо такя ба Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон меҳнати ноболиғон дар чиниши пахта коҳиш ёфтааст, вале ҳанӯз решакан нашудааст.

Тоҷикистон: Ин арзёбиҳо асос надорад

Бархе дар Тоҷикистон мегӯянд, чунин арзёбӣ дар ҳақи кишоварзон дуруст нест. Барои аксар сокинони рустоҳо кор дар бахши кишоварзӣ манбаи аслии даромад ба ҳисоб меравад ва онҳо огоҳона ба ин кор мераванд. Бархе иқтисоддонон мегӯянд, кор дар соҳаи кишоварзӣ дар дигар давлатҳо ҳам сангин асту даромади зиёд надорад.

Ниёз Қурбонов, як масъули Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 23-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иддаои ин созмони байналмилалӣ асосе надорад, чун шароити меҳнати шаҳрвандон дар Тоҷикистон зери назари мақомот қарор дорад.

Ӯ гуфт: "Нерӯи корӣ ва шароити меҳнат бар замми ҳама аз сӯи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон санҷида шуда, натиҷаҳояш нашр шуданд. Аз ин рӯ, ин гуна маълумот дар мавриди Тоҷикистон асосе надоранд".

Зимнан, муҳаққиқони Walk Free аз истисмори нерӯи кории шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла коргарони бангладешӣ ва афғон низ дар Тоҷикистон ишора кардаанд. Ишораи ин созмон бо такя ба маълумоти Департаменти давлатии Амрико доир ба хариду фурӯши одамон нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад дар сохтмонҳои Тоҷикистон коргарони афғон ва бангладешӣ ба меҳнатӣ маҷбурӣ ҷалб карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG