Хадамоти алоқаи Тоҷикистон супориш додааст, ки фурӯш ва истифодаи дастгоҳи таъминкунандаи интернети бесим ва таҷҳизоти паҳнкунандаи WiFi дар марказҳои савдо, бозору тарабхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ тафтиш шавад. Хадамот моликони маркази савдо ва тарабхонаҳоро муваззаф кардааст, барои фурӯш ва истифодаи таҷҳизоти WiFi иҷозатнома бигиранд.
Феълан истифодаи WiFi дар корхонаву тарабхонаҳо дар Тоҷикистон маъмулӣ шудааст.
Қарори Бег Сабур
Қарори тафтиши Марказҳои савдо, бозору нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тарабхонаҳоро рӯзи 11-уми апрел Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқа, содир кардааст. Дар ин қарор, ки нусхаи он рӯзи 16-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд, навишта шудааст, барои тафтиши “фурӯш ва истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ, аз ҷумла ратсия ва таҷҳизоте, ки барои хизматрасонии интернет бо тавассути технологияҳои WiFi истифода бурда мешаванд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад”.
Ин тасмим “риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа” унвон шудааст ва гурӯҳи кориро вазифадор мекунад, ки “аз натиҷаи бозрасӣ санаду протоколҳои дахлдорро тибқи талаботи қонунгузорӣ таҳия намуда, барои қабули қарор пешниҳод намоянд”.
Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки “назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегирад”.
"Рақами дастгоҳҳои WiFi-ро номнавис мекунанд"
Як намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарор бар асоси қонун “Дар бораи алоқа” содир шудааст. Ӯ гуфт, ҳадаф ба тартиб даровардани истифодаи васоили мухобиротии бесим аст. Ин масъули Хадамот афзуд, рақами дастгоҳҳои WiFi-ро номнавис мекунанд ва ин тасмимро “ҳифзи амният” унвон кард.
Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд Хадамоти алоқа ҳаққи қонунии назорати ин соҳаро дорад, ин тасмим бештар ба масъалаи молӣ марбут аст. Ӯ гуфт, дарёфти иҷозатномаи махсус, албатта, ба нархи ин намуди хизматрасонӣ дар кишвар таъсир мегузорад, чун барои иҷозатнома гирифтан ҳар як соҳибкор расман ба будҷаи хадамот як миқдор пул месупорад. «Ин боҷ барои гирифтани литсензия аст. Албатта ин иқдом ба нархи интернет дар Тоҷикистон низ таъсир мекунад», - афзуд Ғафурҷон Эркаев.
"Сарфи вақти соҳибкорон аст"
Тӯрахон Ҷалолов, соҳибкори тоҷик, ки таҷҳизоти WiFi мефурӯшад, гуфт, дӯкони ӯро тафтиш карданд ва барои гирифтани иҷозатнома барояш мӯҳлат доданд. «Аз телевизион то мошини ҷомашӯиву телефонҳои мобилӣ пахшкунандаи WiFi ҳисоб мешавад. То кунун чунин иҷозатнома набуд, лекин фикр мекунам, як сарфи вақти соҳибкорон аст», - гуфт ӯ.
Дар баъзе тарабхонаҳо дар Душанбе низ гуфтанд, WiFi-ашон аз ҷониби кормандони Хадамоти алоқа тафтиш шудааст. Дар минтақаҳо гуфтанд, ки ҳанӯз ҳеҷ тафтиш ё дастуре нагирифтаанд.
Феълан истифодаи WiFi дар корхонаву тарабхонаҳо дар Тоҷикистон маъмулӣ шудааст.
Тасмимҳои баҳсбарангези Хадамоти алоқа
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар чанд соли охир бо чанд тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL масдуд шуда, арзиши телефонҳои мустақим бо хориҷа боло бурда шуд.
Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN маҳдуд шуда, хатари масдуд шудани дастрасӣ ба паёмрасонҳои интернетии “Вайбер” ва “Вотсапп” пеш омад. Инчунин, ин хадамот гуфт, ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ интернетро аз “Тоҷиктелеком”, ниҳоди таҳти итоати Хадамоти алоқа бигиранд. Баъдан Хадамоти зиддимонополӣ онро рад кард.