Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вавилон" ҳам қимати зангҳоро боло бурд. САДО


Ширкати "Вавилон" аз 1-уми апрел нархгузорӣ дар чанд таруфаро боз гарон мекунад. Ба ин тартиб, нархи таруфаҳои "Муфид", Дастрас", "Фоиданок", "Оддӣ", "Суғдиён" ва "Сайёҳ" ва "Бадахшон" боло рафтанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки нахуст ширкати "Тселл" нархи гуфтугӯ дар чанд тарофаашро дар аввали моҳи март боло бурд. Қаблан муштариён барои як дақиқаи занг ва СМС 16 дирам пардохт мекарданд. Баланд рафтани нархи алоқаи мобилӣ ба ҷайби муштариҳо зарба мезанад.

Тселл нархи тамосҳоро гарон кард, Вавилон ҳам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00
Линки мустақим

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар ду соли охир се ширкат - "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд.

Нархи зангҳои баромад дар дохили шабака то ба зангҳои баромад дар ҳудуди Тоҷикистон ва СМС-у ММС-ҳо (барои 1МБ трафики умумӣ) аз 37 то 70 дирам боло рафтаанд. Дар муддати 10 рӯзи ахир ин барои бори дуюм аст, ки таъруфаҳои ширкати "Вавилон-мобайл" гарон мешаванд. Рӯзи 19-уми март бархе аз таруфаҳои ин ширкат боло рафта буд.

Умеди Назар, яке аз муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар шаҳри Бохтар мегӯяд, пас аз боло рафтани нархи хидматрасонӣ дар ширкати "ТСЕЛЛ" ва “Вавилон” тасмим гирифт, аз баҳри хидматрасонии онҳо гузарад. "Чун барои ман ширкати мобилие зарур аст, ки нархи пойинтаре дошта бошад ва ба манфиати муштарияш кор кунад",- мегӯяд Умеди Назар. Вай бар ин назар аст, ки ширкатҳоро мебояд дар баробари он, ки нархи гуфтугӯи телефониро боло бубаранд, фикру андешаи муштариёнро низ ба инобат гиранд.

Умеди Назар.
Умеди Назар.

Талаби Мирзо, дигар аз муштарӣ аз шаҳри Душанбе мегӯяд, боло рафтани нархи таруфаҳо дар ширкати "Вавилон" вазъи молии ӯ ва хонаводаашро сангинтар мекунад. Талаби Мирзо мегӯяд, "шахсан ман беш аз 6 моҳ боз дар ҳеҷ куҷо кор намекунам ва афзоиши нарх боз бар зарари ман аст. Чун ман доим дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамсару фарзандонам ҳастам. Ҳамин ширкатҳои телефонӣ бояд, ки бештар сари муштариёнаш фикр кунанд ва нархҳоро боло набаранд."

Масъулони ширкати "Вавилон" ҳарчанд сабаби боло бурдани нархномаҳоро ба мувофиқати Хадамоти зиддиинҳисорӣ рабт медиҳанд, аммо мегӯянд, нархи ин таъруфаҳо дар маҷмӯъ то ҳудуди 5 дарсад боло мераванд.

Нарх 5% боло рафт

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати мобилии "Вавилон" рӯзи ҷумъаи 30-юми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "зангҳо дар дохили шабака қариб, ки бетағйир монданд. Аммо аз як шабака ба шабакаи дигар то 5 дарсад боло рафтааст. Таърифҳо ҳар хел аст ва 6 таруфа аст. Ҳар як таруфа нархи худашро дорад. Ба ин далел мегӯем шояд то 5 дарсад боло рафта бошад."

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати мобилии "Вавилон"
Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати мобилии "Вавилон"

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ низ тасдиқ карданд, ки нархи нархномаҳои ширкати "Вавилон" дар мувофиқа бо ниҳоди онҳо гарон шудааст. Ин масъулон гуфтанд, ки нарх ё тарифҳои хизматрасониҳои "Вавилон" аз соли 2015 то инҷониб тағйир дода нашуда буданд. Ба ин далел, ба таъкиди ин масъулон, тағйирёбии нархҳои хизматрасонии ширкати "Вавилон-мобайл" тибқи муроҷиати ин ширкат дар заминаи асосноккунии иқтисодиву молӣ боло бурда шудаанд.

Чанде пеш чор ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон барои гарон кардани нархи гуфтугӯй аз Хадамоти зидди инҳисорӣ иҷозат хоста буданд. Ҳамакнун се ширкати мобилӣ тавонистанд розигии Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои боло бурдани нархро ба даст оварданд. Коршиносон мегӯянд, боло рафтани нархи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон натиҷаи дахолати зиёди давлат ба бозори алоқа аст.

"Дигарон коҳиш медиҳанд, мо боло мебарем"

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик дар ин бора мегӯяд, Тоҷикистон шояд аз он кишварҳое бошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисорӣ на барои паст кардани нарх ва дастрас кардани он, балки барои баланд намудани нархҳои хизматрасонӣ талош мекунад. Ӯ барои мисол, дар бораи нархи гуфтугӯ бо Русия гуфт, ки он қариб ба 0 дирам фаромада буд. Аммо баъди дахолати давлат камаш 11 дирам боло рафт.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

"Давлат дахолати зиёде ба соҳаи мухобирот дорад. Агар чунин ба танзимдарорӣ, контрол ва назорат аз ҷониби давлат набошад, дар натиҷаи рақобати худи бозор нархҳо паст мераванд. Аммо давлат бо тамоми воситаҳое, ки дар ихтиёр дорад, онҳоро маҷбур мекунад, ки нарху навои хизматрасониашонро баланд бардоранд",-афзуд Рустам Гулов.

Мушкили бахши мухобиротии Тоҷикистон

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар ду соли охир се ширкат - "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ, "Мегафон" - 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд.

Баъди ин ширкати "ТСЕЛЛ" гуфта буд, нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ - бефоида арзёбӣ мекунад. Пеш аз ин дар соли 2015 бо талаби Кумитаи андоз додгоҳ ширкати "Вавилон"-ро низ муваззаф карда буд ба будҷа 341 миллион сомонӣ маблағ супорад. Дар пайи миллионҳо сомонӣ ҷарима шудани ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон поёнравии нархи алоқа ва ҳам Интернет дар кишвар қатъ шуд ва тамоюли баръакс гирифт.

Феълан дар Тоҷикистон панҷ ширкат -- "Вавилон", “Тселл,” “Мегафон,” “Билайн” ва “ТК Мобайл” ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG