Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳвахонаи "Одноклассники" дар пойтахти Тоҷикистон (ВИДЕО)


Дар шаҳри Душанбе қаҳвахонае бо номи "Одноклассники" боз шудааст. Моликони қаҳвахона мегӯянд, ҳанӯз барои истифодаи ин бренд аз ин шабакаи маъруф дар байни ҷавонони тоҷик иҷозати расмӣ нагирифтаанд.

Ахиран дар шаҳри Душанбе қаҳвахонае бо номи "Одноклассники" фаъол шуд, ки дар ҷаҳон панҷумин қаҳвахонаи ҳамном бо маъруфтарин шабакаи иҷтимоӣ дар миёни ҷавонони тоҷик дониста мешавад.

Масъулони қаҳвахонаи “Одноклассники” низ рӯзи 22 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба маҳбубияти ин шабака миёни ҷавонон дар Тоҷикистон қаҳвахонаеро бо ин ном роҳандозӣ намуданд, то тавонад, ҷавонони зиёдеро, ба хусус ҳамсабақонро гирди ҳам ҷамъ оранд. “Одноклассники” дар Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор корбар дорад, ки 350 ҳазори онҳо корбари фаъол буда, ҳамарӯза ҳадди ақал боре вориди ин шабака мешаванд.

Ба гуфтаи Фурқат Умаров, яке аз масъулони қаҳвахонаи “Одноклассники” бо номи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ташкил кардани қаҳвахона пешниҳоди се нафар аз ҳамсабақон аст. Чун ба гуфтаи Фурқат, дар ин макон “ҳамсинфону ҳамсабақон” имкон доранд фаровон аз Интернет истифода баранд ва бо дигар дӯстонашон тариқи шабакаи ҷаҳонии “Одноклассники” ҳамсӯҳбат шаванд.

Қаҳвахонаи “Одноклассники"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Азбаски дар Тоҷикистон баъзан шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус “Одноклассники” баста мешавад, дастандаркорони шабака аз ин нигаронанд, ки шояд чунин иқдомҳо боиси кам шудани муштариёнаш шавад. Фурқат гуфт, “агар дар Тоҷикистон боз шабакаи “Однокласники” баста шавад, шояд одамон гумон кунанд, ки қаҳвахонаи мо баста шудааст. Ба ин хотир, фикр мекунам, минбаъд баста шудани шабакаи “Одноклассники” ба кам шудани муштариёни қаҳвахонаи мо низ бетаъсир намемонад.”

Аммо масъулони ин қаҳвахона мегӯянд, дар баробари он ки ҷавонон аз шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" фаровон истифода мекунанд, метавонанд аз хӯрокҳои арзони қаҳвахона низ истифода кунанд. Аз сӯи дигар қарор аст, дар ин қаҳвахона барои донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо шоу-барномаҳо низ ташкил шавад.

Он чӣ ҷалби таваҷҷӯҳ дар ин қаҳвахона аст, ин аст, ки даромадгоҳи қаҳвахонаи “Одноклассники” ва дохили он айнан монанди ин шабакаи иҷтимоӣ ороиш дода шудаст.

Агарчи ин қаҳвахона бо номи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” номгузорӣ шуда бошад ҳам, аммо масъулонаш мегӯянд ҳоли ҳозир барои истифодаи номи ин шабака ва бренди он иҷозаи расмӣ нагирифтаанд. Моликони ин қаҳвахона мегӯянд ҳоло, қаҳвахона сад дар сад кори худро ба роҳ намондааст ва ба ин далел имконияти молии харидани муҷавиз барои истифода аз номи “Одноклассники”-ро надоранд. Аммо онҳо ният доранд ба маъмурияти шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” муроҷиат кунанд ва барои истифода аз ин ном иҷозаи расмӣ дарёфт намоянд.

Ба таъкиди масъулони қаҳвахонаи "Одноклассники", дар ин марказ бештар ҷавонон пас аз фориғ шудан аз кор ва дарс ҷамъ меоянд.

Ҷавонон аз боз шудани қаҳвахонае бо номи шабакаи маъруфтарин миёнашон истиқбол мекунанд. Эркин Каримов, хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, ки ҳароҳ бо ҳамсинфонаш дар қаҳвахонаи “Одноклассники” нишаста буд, мегӯяд онҳо маҳз ба хотири шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба ин макон меоянд.

Азбаски қаҳвахонаи мазкур барои муштариёнаш, ба хусус дустдорони шабакаи “Одноклассники” интернети бепул дорад, Эркин мегӯяд, онҳо шавқманданд, то зуд - зуд ба қаҳвахона биоянд: “Мо бо ҳамсинфонамон аз интернети ин ҷо метавонем бе мушкилӣ ба “Одноклассники” дароем. Мо барои WiFi ин ҷо меоем. Барои мо, бачаҳои асри 21, ин ҷо хеле писанд аст.”

Лолаи Шоҳназар, ҳамсӯҳбати дигари мо, ки мехост аз ин қаҳвахона танҳо яхмос харидорӣ кунад, гуфт, ташкили чунин ҷойҳо эҳтимол хуб бошад, аммо дар умум барояш писанд нест, ки бо номи “Одноклассники” қаҳвахонае ҳам фаъолият кунад.

Ба гуфтаи Лола, азбаски дар шабакаи “Одноклассники” ҷавонон зиёд бо ҳам баҳс мекунанд ва ҳатто баъзан боиси ба ҷангҳои тан ба тан даъват кардани онҳо низ мегардад, аз ин рӯ хуб нест, ки боз як ҷойе ташкил шавад, ки шояд мисли шабакаҳои иҷтимоӣ мояи баҳсу нофаҳмӣ ва ҳатто моҷаро миёни ҷавонон шавад.

Нозирони умур мегӯянд, ки дастандаркорони қаҳвахонаи “Одноклассники” ин муассисаро ба ҳадафи рушди тиҷорати худ бо истифода аз маҳбубияти ин шабакаи иҷтимоӣ роҳандозӣ кардаанд.

Аммо раҳбарияти шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” дар мавриди ҷанбаҳои ҳуқуқии таъсиси қаҳвахонае бо ин ном дар Тоҷикистон ва истифодаи номи ин шабака изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG