Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернети бепул боз дар 20 мусофирбари Душанбе


Ширкати “Билайн” мусофирони боз 20 автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанберо бо интернети бепул таъмин кардааст. Ин мусофирбарҳо асосан дар хатти сайри 9 ва 12-и пойтахт ҳаракат мекунанд.

Як сол пеш ҳамин ширкат тарҳеро бо номи “Beeline Wi-Fi Free” дар бархе аз хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба роҳ монда буд. Он вақт танҳо барои мусофирони 10 автобуси хатти сайри 8 ва 18 интернети бепул дода шуд. Ҳоло, дар маҷмуъ, дар Душанбе 20 автобусу 10 троллейбус бо WiFi-и бепул таъминанд.

Константин Колесов, мудири кулли “Билайн” дар Тоҷикистон гуфт, ки тасмим доранд, ин тарҳро берун аз пойтахт низ ба роҳ бимонанд. Ӯ рӯзи 3 июн дар бораи масдуд будани бархе аз сомонаҳо ва таъкиди Омбудсмени тоҷик дар бораи муҷозоти ширкатҳо дар сурати бе огоҳӣ бастани сомонаҳо изҳори назар кард. Колесов гуфт, “бо ин фикри Омбудсмен розӣ ҳастам. Бояд ҳама барои беогоҳӣ бастан ҷавобгар бошанд.” Лекин афзуд вай, “масдуд будани бархе аз сомонаҳо дар ширкати “Билайн” кори дасти ширкат нест.”

XS
SM
MD
LG