Дар Тоҷикистон версия ё намунаи тоҷикии бозии маъруфи Counter – Strikе-ро омода кардаанд, ки ҳодисаҳояш дар бинои “Душанбе – Плаза” мегузарад. Ин бозӣ, ки аз саҳнаҳои куштору тирпарронӣ ва кордзанӣ иборат аст, аз маъруфтарин бозиҳои компютерӣ миёни ҷавонони тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ҳарчанд имконияти гуногуни ёрирасон дар барномарезии объектгаро фаровон ҳаст, таҳияи бозиҳо донишу малакаи амиқро металабад
Намунаи тоҷикии Counter – Strikе-ро ширкати “Назаров Продакшн” омода карда, чанд лаҳзаи онро рӯзи 7-уми марти имсол дар Интернет гузоштааст. Масъулони ширкат гуфтанд, ба зудӣ ин бозӣ мавриди истифодаи умум қарор хоҳад гирифт. Аммо нагуфтанд, ки сабаби таҳияи бозӣ чӣ буд ва то кунун барои сохтанаш чӣ қадар нирӯву пул харҷ кардаанд.
- Ширкати “Назаров Продакшн” дар Душанбе ба таҳияи бозиҳои компютерӣ, ороиш, кино, таҳияи вебсайтҳо ва таблиғ машғул аст.
Як нафари огоҳ аз фанновариҳои ҷадид дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳияи чунин бозии шабакавии компютерӣ кори саҳлу содда нест. Ӯ рӯзи 11-уми март бидуни ифшои номаш гуфт, "ҳарчанд имконияти гуногуни ёрирасон дар барномарезии объектгаро фаровон ҳаст, таҳияи бозиҳо донишу малакаи амиқро металабад, аз ҷумла таҳияи бозиҳои шабакавӣ. Хурсанд аз он ҳастем, ки дар бозори ватанӣ чунин тавонмандӣ рушд меёбад."
Аҳлиддин, сокини ҷавони вилояти Суғд мегӯяд, чанд моҳ пеш ба бозии Counter – Strike “гирифтор” буд ва тарки одат барояш вазнин афтод. Ҳоло бо шунидани онки намунаи тоҷикии ин бозии шабакавӣ таҳия шудааст, мехоҳад таҷруба намояд.
"Дар гузашта ин бозиҳо дар ҷойҳои номаълум мегузашт. Ҳоло ки дар “Душанбе Плаза” аст, метавонад шавқро бедор кунад. Ҷойе аст, ки дар аксу видео дидаем", - афзуд мусоҳиби мо.
Бозии Коунтер Страйк солҳо боз дар Тоҷикистон мавриди истифода аст ва асосан наврасону ҷавонон дар марказҳои компютерӣ ба он машғул мешаванд. Аммо версияи тоҷикии он дар ҳоле рӯйи кор омадааст, ки мақомот соле пеш ба дари чанд маркази бозиҳои компютерӣ дар пойтахту минтақаҳои дигари кишвар қуфл заданд ё моликонашро огоҳ карданд, ки наврасонро роҳ надиҳанд.
Волидони чунин кӯдакон аз рӯи Қонуни масъулияти падару модар муҷозот мешаванд.
Талошҳо барои худдорӣ аз рафтани ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ баъд аз як ҷанҷоли хунин пурзӯр гардид. Дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми пойтахт, ки шаби 2 ба 3-юми январи соли гузашта рух дод, ду нафар ба ҳалокат расид. Мақомот гуфтанд, ки ин ҷавонон муштариёни марказҳои интернетӣ буданд.