Бархе аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон нархи тамоси телефониро боло бурдаанд. Масъулини ширкатҳо мегӯянд, ки мехоҳанд бо ин роҳ нархгузории тарофаҳоро комил созанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки фишори зиёд ширкатҳоро маҷбур кард, то барои наҷоти худ қиматҳоро гаронтар кунанд. Баланд рафтани нархи алоқаи мобилӣ пеш аз ҳама аҳолиро нигарон кардааст, ки мегӯянд ин кор зарбае ба ҷайби онҳо хоҳад буд.
"Тарофаи камбағалиро қиммат карданд"
Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.
Баҳодур Сангинов, як сокини вилояти Суғд субҳи 1-уми март аз ширкати “Тселл” хабарнома дарёфт кард, ки дар он гуфта мешуд, аз ҳафтаи оянда нархи гуфтугӯй гаронтар мешавад. Баҳодур Сангинов мегӯяд, аз шунидани ин хабар нороҳат шуд, чун ӯ маҷбур аст акнун барои гуфтугӯи мобилӣ маблағи бештаре бисупорад.
Баҳодур Сангинов ба гуфтаи худаш ҳар ҳафта ба суратҳисоби телефонаш 5 сомонӣ мегузаронд ва бар ивази он танҳо дар дохили ин шабака ройгон сӯҳбат мекунад. Ин ҳамсӯҳбати мо тарофаи худро ҳамчун "тарофаи камбағалӣ" ном мебарад, ки ӯ ва се бародари дигараш аз он истифода мебаранд. Ба қавли Сангинов, ширкати “Тселл” ба ӯ хабар додааст, ки сар аз 6-уми март барои ин тарофа аз суратҳисобаш 0,5 сомонӣ зиёдтар маблағ ситонида мешавад.
Баҳодур Сангинов танҳо нест ва дар қатори ӯ садҳо истифодабарандаи дигар мегӯянд, аз хабари баланд шудани нархи тамоси телефонӣ нороҳат шудаанд. Диловар Қурбонов, як донишҷӯи муқими шаҳри Душанбе мегӯяд, бо гарон шудани нархи гуфтугӯ акнун маҷбур аст тамоси телефонӣ ба наздиконро камтар кунад.
"Ман аз тарофаи “NEXT”-и ширкати Тселл истифода мебарам. Чун шабона тариқи ин тарофа гуфтугӯй ройгон аст. Оиладор мебошам ва ҳамсарам дар деҳа аст ва асосан шабона бо ӯ сӯҳбат мекунам. Аммо рӯзона барои ҳар дақиқаи гуфтугӯй 6,7 дирам аз ҳисобам маблағ мегиранд. Аз ҳафтаи оянда ҳар дақиқаи гуфтугӯ рӯзона 7,5 дирам мешудааст. Яъне 8 дирам нарх қимат шуд. Акнун маҷбур мешавем, гуфтугӯйро камтар кунем",-мегӯяд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Диловар Қурбонов ҳамчунин мегӯяд, гуфтугӯй тариқи телефони мобил дар дохили кишвар аз арзонтарин имконияти тамос бо наздикон мебошад. Зеро ба қавли вай, баланд будани нархи интернет ва ҳам суст будани суръати он имкон намедиҳад, ки барои тамос аз мессенҷерҳо истифода баранд.
"Тселл: Нархи тарофаҳоро комил мекунем"
Хабари баланд шудани нархи гуфтугӯи телефонӣ ҳафтаи равон нашр шуд. Аз ширкатҳои мобилӣ, ҳоло танҳо ширкати Тселл нархи гуфтугй дар чанд тарофаашро боло бурдааст. Масъулини ин ширкат мегӯянд, нархи тамос дар хизматрасонҳои “Интихоби ман, “Диёри ман,” “Салом”, “Next”, “Аҷоиб” гаронтар шудааст. Аз ҷумла нархи гуфтугӯй барои як дақиқа дар ин тарофаҳо то 8 дирам ё шудуди як сент гарон шудааст.
Дар шарҳи сабабҳои гарон шудани нархи гуфтугуй масъулини ширкати Тселл гуфтанд, онҳо мехоҳанд нархи тарофаҳоро комил кунанд. Масъулини ширкати “Тселл” дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “тағйири нархҳо ба хотири комилсозии таруфаҳои пешина вобаста аст.” Дар ширкати “Тселл” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои болоравии нархи тамос розигии Хадамоти зиддиинҳисориро дарёфт кардаанд.
“Дигарон дар навбати гарон кардани нарх”
Ширкати Тселл дар ҳоле нархи тамоси телефониро боло мебарад, ки ширкатҳои дигари мобилӣ низ дар пайи баланд кардани нархи тамоси телефонӣ шудаанд.
Як манабъ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ, бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, чор ширкати мобилӣ барои гарон кардани нархи гуфтугӯй аз ин ниҳод иҷозат хостаанд.
Ба қавли манбаъ, ҳоло ин иҷозат танҳо ба ширкати Тселл дода шудааст ва муроҷиати дигар ширкатҳои мобилӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
“Вақте манфиати як ширкатро аз дигарон боло донистанд”
Алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз камтарин хадамотҳое буд, ки дар солҳои гузашта нархаш пайваста поён мерафт. Ширкатҳои мобилӣ бо коҳиши нарх талош мекарданд муштариёни зиёдтарро ҷалб кунанд. Коршиносон мегӯянд, боло рафтани нархи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон натиҷаи дахолати зиёди давлат ба бозори алоқа аст.
Асомиддин Атоев, коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушд мегӯяд, тамоюли коҳиши нархи алоқа натиҷаи вусъатёбии сабқатпазирӣ ё ба истилоҳ рақобатпазирии бозор буд. Аммо ба қавли ҷаноби Атоев, "болоравии нархҳои бозори телекоммуникатсионии ватанӣ нишондиҳандаи оқибатҳои тасмимгириҳое ҳастанд, ки манфиати як соҳа, ҳатто як ширкатро, аз манфиатҳои миллии кишвар, боло мегузорад."
Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар ду соли охир се ширкат – "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ, "Мегафон" - 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд.
Баъди ин ширкати «Тселл» гуфта буд, нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ -- бефоида арзёбӣ мекунад. Пеш аз ин дар соли 2015 бо талаби Кумитаи андоз додгоҳ ширкати “Вавилон”-ро низ муваззаф карда буд ба будҷа 341 миллион сомонӣ маблағ супорад.
Дар пайи миллионҳо сомонӣ ҷарима шудани ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон поёнравии нархи алоқа ва ҳам Интернет дар кишвар қатъ шуд ва тамоюли баръакс гирифт.
"Бозори “серравған” ҳамаро ба сӯи худ мекашад"
Таҳлилгарони соҳа мегӯянд, алоқа аз бозорҳои сердаромад ё ба истилоҳ “серравған”-е аст, ки чашмҳои зиёд ба сӯи он дӯхта шудааст ва ҳар кас мехоҳад аз он барои худ суде бардорад. Фирӯзи Барот, рӯзноманигор ва як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам мегӯяд, зиёд будани талабот ба бахши алоқаи мобилӣ аз омилҳое мебошад, ки иловапулиҳои зиёдро болои ширкатҳо бор мекунад.
"Ҳоло телефон яке аз бахшҳои муҳими зиндагии мардум шуда истодааст. Ширкатҳо ва ҳам давлат вақте мебинанд, ки алоқаи бесим як бахши муҳими зиндагии мардум аст ва бо ҳар нархе набошад онро харидорӣ мекунанд, барои ҳамин дахолатро зиёд мекунанд ва андозу ҳар гуна иловапулиҳоро зам кардан мегиранд. Чунки талабот ҳаст",-мегӯяд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Феълан дар Тоҷикистон панҷ ширкат “Вавилон,” “Тселл,” “Мегафон,” “Билайн” ва “ТК Мобайл” ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.