Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар номаи худ ба унвонии Анҷумани ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ навиштааст, ки ҳеҷ гуна дастуре дар мавриди харидории ҳатмии интернет танҳо аз Хадамоти алоқа, вуҷуд надорад.
Тақрибан як моҳ қабл чаҳор ширкати мобилӣ дар як муроҷиат аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пурсидаанд, ки бар асоси кадом қонун "Тоҷиктелеком" - як ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқа - бояд таъминкунандаи ягонаи интернет дар кишвар бошад.
Мақомот дар Тоҷикистон соли 2016 дар назди "Тоҷиктелеком" Маркази ягонаи коммутатсиониро низ ба роҳ монданд, ки омаду рафтаи зангҳои мобилиро танҳо аз як мӯрӣ танзим мекунад.
Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 3--юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта аз мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар заминаи нигарониҳояш аз ихтиёри бештари Хадамоти алоқа дар заминаи фурӯш ва тақсими интернет посухи хаттӣ гирифт.
Ба гуфтаи Ғафур Эркаев, дар номаи ҷавобӣ ба онҳо аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ омадааст, ки ҳеҷ гуна дастуре барои харидории ҳатмии хизмати интернетӣ танҳо аз тарафи "Тоҷиктелеком" дода нашудааст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин ба маъноест, ки ба ғайр аз ширкати “Тоҷиктелеком” чаҳор ширкати дигари ироакунандаи хадамоти интернет дар Тоҷикистон низ ҳақ доранд аз хориҷ интернет харидорӣ кунанд.
Рӯзи 3-юми апрел намояндагони мақомоти Хадамоти алоқа ва сохторҳои марбут ба он барои шарҳи ин мавзӯъ омода нашуданд. Дар миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дастур дод, ки интернетро танҳо аз "Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот" -- як созмони марбут ба "Тоҷиктелеком", харидорӣ намоянд. "Тоҷиктелеком" дар навбати худ ширкати зертобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.
Масъулони Хадамоти алоқа моҳи январ зимни нишасти хабарӣ бо ҳимоят аз ин тасмим гуфтанд, ки дарёфти интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком" ба хотири таъмини амният аст. Вале ин тасмим ҳамчун талоши монополияи соҳаи муҳим ва сердаромади мухобироти Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифт. Ин тасмим яке аз охирин тадбирҳо ба хотири зери назари Хадамоти алоқаи марбут ба давлат гузаштани фаъолиятҳои ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон буд.
"Хадамот бояд пеши монополияро бигирад"
Абдумалик Қодиров, як муҳаққиқи масоили сиёсиву ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд пеши роҳи эҷоди монополия дар траффики интернетро бигирад ва аз ширкатҳои мобилӣ ҳам дар чаҳорчӯбаи қоунунҳои ҷории кишвар ҳимоят кунад.
"Ончи ки хадамоти зидиинҳисорӣ мегӯяд, ки дастуре дар мавриди харидории интернет танҳо аз тарафи "Тоҷиктелеком" вуҷуд надорад ва ин гап асос надорад, бояд як амри маъмулӣ бошад. Дар Тоҷикистон ҳолатҳое ҳастанд, ки институтҳои давлатӣ аз манфиати элитаҳои сиёсӣ ҳимоят мекунанд, вале дастури Хадамоти алоқа дар мавриди харидории интернет танҳо аз “Тоҷиктелеком” бемантиқ буд ва бозори озоди интернетро халал мерасонд",-афзуд Абдулмалик Қодиров
Ба қавли коршинос, дар сурати дучори монополия шудани бозори интернет дар Тоҷикистон, ин ҳолат ба фаъолияти расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
"Хадамот назорат кунад, на рақобат"
Ба бовари Парвина Ибодӣ, коршиноси масоили интернетӣ, агар воқеан Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар посух ба Ассосиатсияи ширкатҳои мобилӣ гуфта бошад, ки "дастури "Тоҷителеком" дар мавриди ин, ки танҳо харидорӣ интернет мебошад, асосе надорад", як қадам ба пеш мебошад.
Ба гуфтаи Парвина Ибодӣ, Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад ва ин созмон ба Тоҷикистон чанд тавсия додааст ва яке аз онҳо ин аст, ки бояд Хадамоти алоқа ҳамчун ниҳоди давлатӣ фаъолияти ширкатҳои мобилиро назорат барад, на ин, ки бо ширкатҳои мобилии худ “Тоҷиктелеком”, “Тоҷнет” вориди бозори интернетӣ шуда ва рақобат кунад. "Ин гуна амали Хадамот метавонад монополияи ин соҳаро сахттар кунад",-афзуд Парвина Ибодӣ.
"Тоҷиктелеком" дар феҳристи монополияи табиӣ
Соли ҷорӣ чаҳор ширкати мобилӣ - "Тселл", "Билайн", "Вавилон ва Мегафон аз Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон пурсидаанд, ки бар асоси кадом қонун "Тоҷиктелеком" - як ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқа - бояд таъминкунандаи ягонаи Интернет дар кишвар бошад? Дар посухе, ки охири моҳи феврал нашр ва як нусхааш дастраси Радиои Озодӣ ҳам шуд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, ширкати “Тоҷиктелеком” дар феҳристи монополияи табиӣ қарор дорад.
"То ба имрӯз аз ҷониби ҶСК “Тоҷиктелеком” вобаста ба мувофиқаи гузариши трафикҳои воридотиву содиротии хидматрасонии Интернет тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ ва оид ба масъалаи харидории трафики интернет берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва фурӯши он ба операторони мобилӣ муроҷиат нашудааст",-омадааст дар нома.
Намояндаи яке аз ширкатҳои мобилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин ба маъноест, ки трафики интернет, ки аз тарафи филиали "Тоҷиктелеком" ба ширкатҳо маҷбуран фурӯхта мешавад, бинобар мувофиқа нашуданаш, ғайриқонунӣ аст."
Интернет аз як мӯрӣ
Мақомот дар Тоҷикистон соли 2016 дар назди “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро низ ба роҳ монданд, ки омаду рафтаи зангҳои мобилиро танҳо аз як мӯрӣ танзим мекунад. Ин марказ бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуд ва он замон ҳам мақомот гуфтанд, ҳадаф кӯмак дар таъмини амнияти миллӣ дар амри мубориза бо терроризму экстремизм аст.
Хадамоти алоқа дар чанд соли ахир бо чандин тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL-ро масдуд кард ва арзиши гуфтугӯи байналмилалиро боло бурд. Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN низ маҳдуд шуд.