4 сентябри соли 2015 ҳукумат аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон гузориш дод ва муовини вазири дифои кишварро таҳиягари аслии он эълон кард. Ин ҳодиса, ки боздошту мурофиаҳои бешумори баъдаш ду сол идома дошт, фазоро буғранҷ ва бархурди мақомот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан муносибат ба аҳзоби сиёсӣ ва матбуоти мустақилро куллан дигар кард.
Аз он вақт ба баъд зиндагии аҳзоб ва ҷомеаи маданӣ ба ду марҳила - то ин ҳодиса ва баъди ин ҳодиса ҷудо шуд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки баъди Ҳизби ҳокими Халқии демократӣ дуюмин
Масъулияти шаҳрвандӣ... маро водор мекунад, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон бошам
ташаккули сиёсӣ гуфта мешуд, созмони террористӣ эълон шуд ва бархе намояндагонаш зиндонӣ ва бархе дигар фирорӣ шуданд. Ҳизбҳои дигар низ тадриҷан аз саҳна канор рафтанд ва аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашиданд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ин назарро, ки аҳзоби мустақил аз фаъолият бозмондаанд, қабул надорад. Сӯҳбати мо бо Ҳакимов аз ҳамин мавзуъ шурӯъ шуд.
Радиои Озодӣ: Ҷаноби Ҳакимов, бигӯед, ки чӣ ҳол доред, чӣ рӯзгореро аз сар мегузаронед?
Шокирҷон Ҳакимов: Ташаккур барои даъвататон. Ба мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон хуб ҳастам, дар шаҳри Душанбе асосан ба фаъолияти сиёсӣ ва ҳамчун фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои ҷамъиятӣ машғул мебошам.
Радиои Озодӣ: Воқеан, аксарияти ҳамфикрони шумо кишварро тарк карданд ва шумо танҳо мондед? Боре андешаи рафтанро накардед?
Шокирҷон Ҳакимов: Бо вуҷуди он ки чунин пешниҳодҳо аз ҷониби доираҳои муайяни Русия, Аврупо, ИМА ва баъзе кишварҳои мусалмонӣ буд, ман мувофиқи мақсад надонистам, ки шаҳрвандии худро иваз кунам. Ё шаҳрвандии кишвари дигарро бо баробари нигоҳ доштани шаҳрвандии Тоҷикистон бипазирам. Масъулияти шаҳрвандӣ ва масъулият дар назди пайвандону фарзандон маро водор мекунад, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон бошам ва аз бурду бохти Тоҷикистон гап занам. Бо вуҷуди тамоми камбудию дастовардҳо, худро бештар тоҷикистонӣ эҳсос кунам. Маҳз дарки ин масъулият монеа аст, ки Тоҷикистонро тарк накунам ва муқими кишвари дигар нашавам.
Радиои Озодӣ: Ҳоло ба чӣ кор машғулед?
Шокирҷон Ҳакимов: Аз соли 2012 баъди дифои бомуваффақияти рисолаи докторӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав кори муайян надорам ва манбаи даромад низ надорам. Бо вуҷуди он, ки дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла ба президенти Академияи илмҳо, инчунин ба ректорони чандин донишгоҳҳо муроҷиат кардам, аммо ҷои кор пайдо карда натавонистам. Инчунин дар озмунҳо барои ишғоли мақоми мудири кафедра ва профессорӣ низ ҳуҷҷат додам, аммо бо баҳонаи он ки "то ишора аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нашавад", ман имконияти амалӣ намудани ҳаққамро барои меҳнат дар дохили кишвар надорам. Ин боиси таассуф аст. Ин ҷо ҳам маҳалгароӣ, ҳам маҳдуд кардан бо дарназардошти яке аз пешвоёни ҲСДТ буданам, инчунин ҳамкории ман бо фазоҳои иттилоотии дохиливу хориҷӣ низ буда метавонад. Чунин таҷриба ҳатто дар замони Шӯравӣ набуд ва зиёиёну дигарандешон агар имконияти вакил шудан ё кор дар сохторҳои давлатиро надоштанд, ақаллан аз рӯи тахассус кор мекарданд, то манбаи расмии даромад дошта бошанд. Аммо бо вуҷуди ин вазъият, ман намехоҳам тарки ватан кунам ва тасмимам қатъӣ аст, ки дар Тоҷикистон бояд бимонам.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Хонавода, фарзандон ба вазъи иҷтимоии шумо чӣ муносибате доранд?
Ҳолномаи Шокирҷони Ҳаким
Шокирҷони Ҳаким 19-уми апрели соли 1966 дар шаҳри Конибодоми Тоҷикистон таваллуд шуда ва соли 1983 мактаби таҳсилоти умумии №1-и ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаро хатм кардааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи нерӯҳои ҳавоии собиқ Шӯравӣ дар Шарқи Дур хизмат намудааст. Баъдан дар факултети механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсилро идома додааст. Шокирҷони Ҳаким 4 сол аспиранти Инситути фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳо ва 4 соли дигар докторанти Инситути давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳамчунин 3 сол ҳамчун коромуз ва муҳаққиқ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав кор кардааст. Муаллифи 3 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ, 7 монография ва 1 китоби дарсӣ барои хонандагони мактабҳои миёна мебошад. Аз лаҳзаи таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар соли 2002 узви ҳизб ва баъдан муовини раиси ҲСДТ аст. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Шокирҷон Ҳакимов: Оилаи ман бо мурури замон ба тарзи зиндагии ман одат кард ва онро қабул намуд. Маҳз дастгирии оилаам буд, ки ман тавонистам рисолаҳои номзадӣ ва докториро дифоъ кунам ва зиёда аз 1000 рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳоро дар шаклу жанрҳои мухталиф дар манбаъҳои илмӣ ва ВАО нашр кунам. Манбаи асосии даромади мо аз кори духтар ва писари калониам аст. Аммо ман дар синну соле ҳастам, ки набояд бознишаста бошам ва бояд унвонҷӯёнро омода кунам ва худам низ манбаи даромади хонаводаам бошам. Аммо афсус, ки дар ин маврид ман маҳдудият дорам. Кӯшиш кардам, ки ҳамсарам низ ҷои кор дошта бошад. Қаблан солҳои тӯлонӣ дар китобхона кор карда буд. Ӯ низ чанд соли охир имконияти идомаи фаъолияти меҳнатиро надорад. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки вақте ба Китобхонаи миллӣ ҳуҷҷат супорид, онҳо барои мувофиқа санадҳоро гӯё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карданд ва аз ҷониби онҳо бинобар ҳамсари ман буданаш, монеа эҷод карданд. Дар натиҷа ман ва занам имконияти корро надорем ва манбаи рӯзгори мо ду фарзанди калонӣ мебошанд.
Радиои Озодӣ: Муносибат ва бархӯрди муҳит, ҳамсоягон, онҳое, ки шуморо мешиносанд, бо шумо чӣ гуна аст?
Шокирҷон Ҳакимов: То ҳол ман эҳсос накардам, ки бо ман муносибати бад дошта бошанд. Баръакс, ба тамоми маъракаҳои суннатӣ, тӯю маросимашон даъват мекунанд ва ҳатто мансабдорҳо, вакилон ва роҳбароне, ки дар сатҳҳои мухталиф кор мекунанд, дар кӯча бинанд, муносибати хуб мекунанд. Баъзан эҳтиром қоил мешаванд, ки он чизҳое, ки онҳо дар гуфтанаш маҳдудият доранд, мо фурсати гуфтани онҳоро дорем. Вале вақте чорабиниҳои расмии давлатӣ мешавад, аз даъват кардан худдорӣ мекунанд. Ин ҳолатҳо шояд аз набуди иродаи сиёсӣ ва пасттар будани иродаи сиёсӣ гувоҳӣ диҳад.
Радиои Озодӣ: Бо ин ҳама Шумо дар Тоҷикистон аз камтарин нафаре боқӣ мондаед, ки назарҳои интиқодии худро пинҳон намедоред. Ин ҷасорат аз куҷост?
Шокирҷон Ҳакимов: Ман аз лаҳзаҳои аввали ҳодисаҳои маълуми солҳои 1990-ум кӯшиш кардам, ки бештар ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шавам ва равандҳои иҷтимоӣ-сиёсиро таҳлил кунам. То ҷое, ки сатҳи донишам кифоят мекунад, бо истифода аз тарз ва усули илмӣ дар мақолаҳои илмӣ ва сӯҳбатҳоям бо журналистон онро ифода кунам. Шояд ҳамин бошад, ки холисона ва аз рӯи виҷдон кӯшиш мекунам, ки он чизеро падидаи номатлуб ё сиёҳ аст, ҳамчун сафед баррасӣ накунам. Кӯшиш мекунам, ки тадриҷан сиёҳро -сиёҳ ва сафедро - сафед гӯям.
Радиои Озодӣ: Ҷасорат ва ҳақгӯӣ дар кишваре мисли Тоҷикистон то куҷо барои як сиёсатмадор ё мухолиф вазнин аст?
Шокирҷон Ҳакимов: Шарт нест, ки мухолиф бошӣ. Агар синонимҳои мухолифро истифода барем, дигарандеш, зиёӣ ё рушанфикр гуфтан мумкин аст. Паёмади манфии ақида доштан, дар ақида устувор будан, эътиқод доштан ва кӯшиши тадриҷан аз адолат гуфтан боиси он шудааст, ки новобаста аз истеъдод, қобилияти ташкилотчигӣ ва неруи зеҳнӣ, на танҳо ман, балки дигарҳоро номбар кардан мумкин аст, ки барои манфиати ин миллат ва давлат кор карда наметавонанд. Ин боиси таассуф аст ва бояд мушкилоти рақами яки Тоҷикистон бошад. Паёмади мустақилу озодандеш будани ман низ дар он аст, ки имконияти ба таври расмӣ кор карданро на танҳо дар муассисаю идораҳои давлатӣ, балки дар ниҳодҳои иқтисодии ғайридавлатиро низ надорам. Эҳсос мекунам, ки шояд як дастури ғайрирасмӣ ва рӯйхате вуҷуд дошта бошад, тавре ки замони Шӯравӣ дошт.
Радиои Озодӣ: Дар пайи террористӣ ва мамнӯъ эълон шудани ҲНИТ, ҳизби шумо низ ба канор рафт. Ҳарчанд дар гузашта ҳизби фаъол буд. Раҳбари шумо Раҳматулло Зоҳиров изҳоротҳо медод. Аммо ҳоло комилан як ҳизби хомӯшро мондааст. Чаро?
Шокирҷон Ҳакимов: Ин ки ҲСДТ баъди бастани ҳизби Наҳзати исломӣ фаъолияти худро заиф кардааст, ман қабул надорам. Зеро воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон ва вижагиҳои раванди сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро низ водор мекунад, ки вобаста ба шароит кору фаъолият дошта бошад. Аммо чун мо ба ғайр аз баъзе нашрияҳои ғайридавлатӣ ва ВАО-и хориҷӣ дастрасии дигарро ба ВАО-и давлатӣ надорем, кӯшиш мекунем робитаи муайян бо ҷомеа дошта бошем. Баъд аз анҷому тағйири ваколату салоҳиятҳои намояндагиҳои СММ, САҲА ва баъзе созмонҳои ҳуқуқи башари дигар, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, имкони доир намудани мизи мудаввар, баҳсу мунозираҳо бо иштироки ҳизбҳои дигар аслан аз байн рафт. Аз ин хотир он корҳое, ки мо ба анҷом мерасонем, бинобар будани монеаҳо ва набудани иродаи сиёсӣ тариқи расонаҳои расмии фазои иттилоотӣ дастраси ҷомеа намешавад. Вале оид ба масъалаҳои мубрам ва муҳими стратегии хориҷ ва дохил пайваста кӯшиш мекунем, ки мавқеи худро ба ҷомеа расонем.
Радиои Озодӣ: Пас ба ҷомеаи бисёрҳизбӣ ё плюрализми сиёсӣ дар кишвар чӣ баҳо медиҳед?
Шокирҷон Ҳакимов: Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳо назири Чину Русия мушкилоти бисёрҳизбиро дорад. Дар низоми сиёсӣ будани чанд ҳизб, бигзор 5-10 ҳизб, мазмуни бисёрҳизбии ҳақиқиро надорад. Баръакс,таҳқиқот нишон медиҳанд, ки бисёр давлатҳое, ки 2 ё 3 ҳизб доранд, вале чун муҳити мусоиду кафолати амният ва иҷтимоию иқтисодӣ вуҷуд дорад, бисёрҳизбӣ ба назар мерасад. Бо тартиби риояи муқаррарнамуда, ки қонунгузор ва конститутсия муайян кардааст, ҳизбҳо ҳамдигарро бо дарназардошти раъйи шаҳрвандон иваз мекунанд ва натиҷаи чунин ивазшуданҳо боиси муташанниҷ гардидани авзои сиёсӣ низ нашудааст. Бисёрҳизбии воқеӣ дар Тоҷикистон ҳоло ҳамчун ормон боқӣ аст, аммо ба воқеият табдил наёфтааст.
Радиои Озодӣ: Бо вуҷуди он ки унвонии доктори илмро доред, аммо наметавонед кор пайдо намоед. Ҳоло мехостам пурсам, ки бо доктори илм шуданатон чӣ мақсад доштед?
Шокирҷон Ҳакимов: Вақте ки ҳодисаҳои маълуми солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, академик Акбар Турсон ва Халифабобо Ҳамидов ба ман тавсия доданд, ки чун ту ошкоргӯ ҳастӣ ва мафкураат бештар ба аврупоиҳо наздик аст, аммо воқеияти Тоҷикистон ҳоло ба ин омода нест ва эҳтимолияти хатар ба шахсияту ҷонат вуҷуд дорад, ба илм машғул шав. Онҳо ҳидоят карданд, ки мавзӯеро интихоб намоям, ки ба сиёсат ва равандҳои сиёсӣ наздик бошад. Вале мушоҳида кардам, ки дар заминаи фасод ва робитаҳои авлодию хешутаборӣ номзадҳои илм зиёд шуданд. Барои он ки тафовуте дошта бошам, рисолаи докториро низ ба анҷом расондам, аммо то ҳимояи рисолаи докторӣ, ахиран коре, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доштам, ин мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ буд.
Радиои Озодӣ: Агар назаре ба замони шумо кунем, аз ин даврон чӣ тафовут ё фарқияте дошт? Гуфта мешавад, маҳз он замон даврони озодихоҳӣ буд. Ҳоло чӣ?
Шокирҷон Ҳакимов: Тафовутҳо зиёд ҳастанд. Қаблан парастиши дониш зиёд буд. Мардум кӯшиш мекарданд, ки баҳри аз худ кардани дониш бикӯшанд. Ин яке аз шартҳо ва омилҳои муҳими расидан ба ҳадаф дар зиндагӣ низ буд. Баҳри расидан ба мақоми иҷтимоӣ ва эътибору шахсият шудан ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ низ маҳз истеъдоду дониш бо вуҷуди будани падидаҳои номатлуб шарти муҳим буд. Аз ин хотир то воқеаҳои маълуми Тоҷикистон дар солҳои 1990-ум арзишҳо дигар буданд. Вале боиси таассуф аст, ки баъди ин, арзишҳо дар қаламрави кишварҳои собиқ Шӯравӣ тағйир ёфт ва дар натиҷа тахайюлоти эҷодӣ камтар шуд. Ба ин хотир ин тафовутҳо мушоҳида мешавад.
Радиои Озодӣ: Оё касе аз фарзандон пайроҳаи шуморо интихоб кардааст ё хайр?
Шокирҷон Ҳакимов: 4 фарзанд дорам, ду писар ва ду духтар. Духтари калониам бо хоҳиши худаш роҳи манро интихоб намуд. Баъди анҷоми донишгоҳ рисолаи номзадиашро анҷом дод ва то охири ин сол дифои онро дар назар дорад. Писарам факултети иқтисодиро аз рӯи ихтисоси менеҷери байналмилалӣ хатм кард ва дар як ширкат кору фаъолият дорад. Духтари сеюм, имсол ба Донишгоҳи аграрӣ дохил шуд ва фарзанди чорумам дар мактаби миёна таҳсил мекунад.
Радиои Озодӣ: Дар охир барои оянда чӣ нақша доред?
Шокирҷон Ҳакимов: Нақшаҳо маълум аст, ки муҳимтаринашон оиладор кардани фарзандон аст.