Заррина Тоҷибоева, як зани тоҷики муқими Швейсария, ки дар ҳайати гурӯҳи мусиқие дар шаҳри Тсюрих овозхонӣ мекунад, нахустин албоми таронаҳояшро бо ҳамкории гурӯҳи овозадори “Барака” нашр кардааст. Исми ин албом “Гули сангам” аст ва тамоми оҳангҳо бо забони форсӣ иҷро шудаанд.
Зарринаи 41-сола наздики 20 сол дар Аврупо зиндагӣ карда, пешаи аслиаш тарҷумони забони тоҷикиву форсӣ аст. Ӯ 8 сол пеш аз Олмон ба Швейсария омад ва зиндагиро дар ин кишвар ихтиёр кард. Ӯ мегӯяд, ин ҷо ба ҳайси ҳунарманди театр ва овозхон ҳам фаъолият мекунад, вале нони зиндагиро асосан аз касби тарҷумонӣ ба даст меорад. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Тсюрихи Швейсария Заррина Тоҷибоева бо Радиои Озодӣ дар бораи идея ва муҳтавои албоми аввалин ва ҳамчунин зиндагиаш дар Аврупо сӯҳбат кард.
Заррина Тоҷибоева: Ду сол аст бо дастаи мусиқии “Барака”, ки бо иҷрои ремикси беҳтарин таронаҳои овозхонони тоҷик шӯҳрат ёфтааст, ошноӣ дорам. Вале ҳамкориро ман бо ин гурӯҳ, махсус бо Дмитрий Евсиков соли 2014 оғоз кардам. Гурӯҳи “Барака” он замон ба мероси Аҳмад Зоҳир рӯй овард ва як албом ҳам таҳия кард. Ман низ барои ин албом ду
таронаи Аҳмад Зоҳирро хондам ва аз ҳамон замон ҳамкории мо бештар шуд. Баъдан ман ба раҳбари дастаи мусиқии “Барака” пешниҳод кардам, ки бо ҳам якчанд таронаҳои тоҷикиву эронӣ ва афғониро бозхонӣ кунем. Вақте ин пешниҳод аз сӯи онҳо қабул шуд. Чанд оҳанги худамро, ки дар Швейтсария мехонам, ба онҳо ирсол кардам ва ҳамин тавр ин идея тавлид шуд. Ба Рига сафар кардам. Он ҷо бо Девика Евсикова, ки ӯ ҳам тарона мехонад, ин СD-ро сабт кардем, ки бо гузашти як сол бо номи “Гули сангам” ва бо теъдоди ҳазор нусха нашр шуд.
Радиои Озодӣ: Ҳамаи таронаҳои ин албом маҳсули ҳамкорӣ бо гурӯҳи «Барака» аст?
Заррина Тоҷибоева: Ин албом 14 тарона дорад. Сурудҳо бо садои шоирони эронӣ Симин Беҳбаҳонӣ ва Фурӯғи Фаррухзод омехта шудаанд, ки мо онҳоро аз бойгонӣ гирифтем. Таронаҳои ман ҳам дар дуэт ва Девика Евсикова ва ҳам батанҳоӣ суруда шудаанд. Ҳамаи таронаҳо бо забони форсист ва оҳангҳои суннатии тоҷикона доранд. Барои мисол оҳанги “Дараи камароб” пурра тоҷикӣ аст. Аммо аксар оҳангҳо эронӣ ҳастанд. “Мастам-мастам”, “Шикори оҳу”, “Гули сангам” ва ё “Гули гулдун” - инҳо ҳама оҳангҳои эронист. Ба назари ман, оҳанг эронӣ аст, ё тоҷикиву афғонӣ, муҳим ин аст, ки фарҳанг муштарак аст. Солҳо пеш мо як мардум будем. Бояд гуфт, ин албомро мо ба мавзӯи ишқи зан бахшидем, чун мазмуни оҳангҳо ҳам ҳамин аст.
Радиои Озодӣ: Чаро бештар ба мавзӯи ишқи зан таваҷҷӯҳ кардед?
Заррина Тоҷибоева: Дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон таронаҳое хонда мешавад, ки ишқро тараннум мекунанд. Намедонам чаро, вале фақат дар бораи ишқ хонда мешаванд. Ин ҳама оҳангҳое буд, ки аксаран аз сӯи мардон иҷро мешуданд. Ин навбат мо ин ҳарфҳоро аз аз забони худамон гуфтем.
Радиои Озодӣ: Чун дар бораи ишқи зан гуфтед. Назари шумо ба муҳаббати занҳои тоҷик чӣ гуна аст?
Заррина Тоҷибоева: Медонед, посух гуфтан ба ин савол барои ман сахт аст. Ишқи зани тоҷикро бо зани аврупоӣ муқоиса карда наметавонам, чун зан дар ҳама ҳолат зан аст. Вале занҳои тоҷик дар мавриди ишқу муҳаббат хеле аз эҳтиёт кор мегиранд. Ҳатто ҳарфи лиди худро рӯирост гуфта наметавонанд. Аз аввал ҳам расм набуд, ки зан ишқи худро ба намоиш гузорад, ҳамеша ишқаш пинҳонӣ аст. Дар таронаҳо ишқи занро мехонанд, зеро зан худаш иҷоза надорад ишқи худро рӯирост нишон диҳад. Агар оҳангҳои ин таронаҳоро омӯзед, занон ишқи худро бо ишора таъкид мекунанд. Вақте мегӯяд, “рафтем пушти кӯҳ”, ин ҳама ишора аст: яъне биравем пушти кӯҳ, ки он ҷо сӯҳбат кунем. Ин хеле ҷолиб аст...
Сӯҳбати радиоии Заррина Тоҷибоеваро дар ин ҷо гӯш кунед:
Радиои Озодӣ: Шумо, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунед, дар рӯзгори зани тоҷик чӣ тафовутҳоро мебинед?
Заррина Тоҷибоева: Ман, ки дар Аврупо ҳастам, гоҳо барои ватанам дилам месӯзад. Барои он ки мебинам занҳо хеле зиёд заҳмат мекашанд ва зиндагии сахт доранд. Ҳамеша ин суол аз ман посух мехоҳад, ки чаро занҳои мо ин қисматро доранд. Ба фикри ман мушкили асосӣ ин аст, ки занҳои мо ҳамбастагӣ ё дастгирӣ надоранд. Яъне хоҳарат, дӯстат, ҳамсояат асту вале агар ҳодисае ба ӯ рух диҳад, мебиниву мегузарӣ. Вақте мефаҳмӣ, як зан худашро оташ задааст, ё бо кӯдаконаш худро ба дарё андохтааст, дар ин маврид занҳое ҳастанд, ки дилашон месӯзад, аммо гурӯҳи дигари занон дар ин маврид ҳамеша мегӯянд, ки худаш гунаҳкор аст. Яъне вақте зан дасти зани дигарро нагирад, аз мард чиро метавонад интизор шуд? Медонед, дар воқеъ бори рӯи шонаҳои зан хеле сангин аст.
Радиои Озодӣ: Исми шумо ду соли қабл баъди иштирокатон дар озмуни байналмилалии “Eurovision–2015» (дар дохили Швейсария) муаррифӣ шуд. Баъд аз ин ба Тоҷикистон наомадед. Намехоҳед ё вақту имкон нест?
Заррина Тоҷибоева: Бале. Ман то ҳоло Тоҷикистон нарафтам. Сафари охири ман соли 2011 буд. Далелаш ин аст, ки ман вақт надорам. Ман агар худам сафар кунам, пеши хонаводаам сафар мекунам. Имконияшро надоштам. Роҳ дур аст, аммо дар ин муддат волидонам назди ман омаданд.
Радиои Озодӣ: Имсол тасмим надоред, ки дар озмуни “Eurovision” ширкат кунед?
Заррина Тоҷибоева: На. Ин як имтиҳоне буд. Феълан ман дунболаш нестам. Ба таҳияи оҳангҳои худам машғулам
Радиои Озодӣ: Аз ҳунармандони тоҷик бештар бо киҳо тамосу дӯстӣ дореду бо киҳо кор кардан мехоҳед?
Заррина Тоҷибоева: Ман бо Заррина Миршакар дар тамос ҳастам ва дӯстиии хуб ҳам дорем. Бо Иқбол Завқибеков низ. Як соли пеш ӯ ба ман кӯмак кард ва ман аввалин бор дар саҳнаи Швейсария оҳангеро бо номи “Базми наврузӣ” хондам, ки ҳатто бо асбобии миллии най иҷро шуд. Ғайр аз ин, бо Олег Фейзов дар тамос ҳастам. Вале мехоҳам бо Далер
Назаров тамос дошта бошаму ҳамкорӣ кунам. Ин орзуи ҳамешагии ман аст. Ҳамчунин, бо хонаводаи Назриевҳо кор карданро дӯст медорам, чун аз оҳангҳояшон хушам меояд. Умед дорам, рӯзе шонс пайдо мешаваду бо онҳо кор мекунам.
Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Тоҷикистон барои занҳо бештар либосҳои миллӣ тарғиб мешавад ва шеваҳои тозаи либосҳои занона низ таҳия шудаанд. Саҳифаи интернетии шумо низ пур аз акс бо либосҳои миллӣ аст. Шумо ҳам фикр мекунед, ки занҳо бояд ба либоси миллӣ худ арҷ гузоранд.
Заррина Тоҷибоева: Ман дар кишваре бузург шудам, ки он замон шӯравӣ буду ҳама озод буданд. Касе намегуфт, ки занҳо бояд сатр пӯшанд ё напӯшанд. Касе ба либосамон кор надошт. Ҳар чизе ки маҷбурӣ аст, ман қабул надорам. Ман либоси миллии тоҷикиро дӯст медорам, вале агар нафаре гӯяд, ки аз субҳ то шаб онро пӯшам, он вақт он чизе, ки барои ман муқаддас буд, арзиши худро гум мекунад. Дар мавриди сатр. Ман, ки озод бузург шудаам, мегӯям: ҳар касе дилаш мехоҳам, пӯшад. Агар ту либоси миллиро дӯст дорӣ, бипӯш, вале набояд «либоси Аврупоро напӯшу дуруст нест» гуфт. Мефаҳмед, чӣ мехоҳам бигӯям? Чаро ба як чиз бо ишқ ва ба чизи дигар бо нафрат муносибат мекунем? Мантиқ куҷост?