"Фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба гунае аст, ки аз ҳафт ҳизби сиёсӣ шаштояш “давлатӣ” буда, танҳо ҳизби сотсиал-демократ дар рӯи коғаз ҳизби оппозитсионӣ боқӣ мондааст." Ин нуктаро Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 18-уми август дар сӯҳбат бо Озодӣ баён дошт. Ӯ гуфт, "аз як тараф эҳсоси тарс монеи пайдо шудани ҳизбҳои мухолиф дар Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар равшанфикрону зиёиён аз беэътимодӣ ба дунболи аҳзоби мухолиф намераванд".
Ҳизби мухолиф то замоне ки сохтори ҳизбиро аз поён то боло ба таври комил шакл надиҳад, як ҳизбе мешавад, ки идея дорад, аммо амал надорад.Абдумалик Қодиров
Муллоҷонов ва ҳамсӯҳбатони дигари мо мегӯянд, ки системаи бисёрҳизбӣ бо шумули фаъол будани ҳизбҳои мухолифон дар Тоҷикистон кор намекунад. Яъне, ҳукумат шароитеро ба вуҷуд овардааст, ки касе тасмимҳои онро ба чолиш намекашад ва касе ҳам дар фикри ба даст овардани қудрат дар кишвар намешавад.
Бастани ҲНИТ "сигнал" буд?
Он чӣ дар як муддати кӯтоҳ ба сари ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ омад ва аксари аъзои ҳизб ба терроризм маҳкум шуданд, барои ҳизбу гурӯҳҳои дигар ба истилоҳ “сигнал” буд ва ин аст, ки раҳбарони аҳзобе, ки дар гузашта сиёсати ҳукуматро ошкоро танқид мекарданд, оҳиста аз саҳнаи сиёсӣ ва саҳифаҳои матбуот дур шуданд.
Ҳоло танҳо як ҳизби сотсиал-демократ боқӣ мондааст, ки мегӯяд, фаъолияти худро ҳамчун як ҳизби мухолиф дар чаҳорчӯби қонун давом медиҳад. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 18-уми август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, роҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, “то аз тариқи фиристодани намояндагони худ ба манотиқи мухталифи кишвар созмонҳои ибтидоиро шакл бидиҳад ва барномаи сиёсии хешро бо аъзо ва тарафдоронаш дар миён гузорад ва роҳҳои тақвияти ҷойгоҳ ва мавқеи ҳизбро баррасӣ кунад”.
Ҳакимов эътироф мекунад, ки дар шароити кунунӣ иҷро кардани хостҳои аҳзоби мухолиф мушкил аст, зеро мақомот дар маҳалҳо мониа эҷод мекунанд.
"Идея дорад, вале амал надорад"
Мушкили дигар набуди сармоя барои пешбурди фаъолиятҳои ҳизбӣ аст, ки на сотсиал-демократҳо ва на гурӯҳҳои дигар, ки мехоҳанд ба сиёсат ворид шаванд, онро надоранд. “Ҳизби мухолиф то замоне ки зарурати ворид шудан ба саҳнаи сиёсиро дар чорчӯбаи “бозии сиёсӣ” дарк накунад ва сохтори ҳизбиро аз поён то боло ба таври комил шакл надиҳад, як ҳизби мухолифе боқӣ мемонанд, ки идея дорад, вале амал надорад,” - мегӯяд Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон.
Қодиров сабаби пирӯз нашудани ҲСДТ дар интихоботи порлумониро низ дар ҳамин мебинад. Ӯ гуфт, “ҳизби сотсиал-демократ маблағи кофӣ надорад, ки намояндагонашро аз як деҳа ба деҳаи дигар фиристонад. Ҳатто надоштани созмони ибтидоӣ нишон медиҳад, ки натанҳо ҲСДТ, балки аксари ҳизбҳои сиёсӣ аз ин ячейка маҳруманд ва ҳатто аксари ҳизбҳо система ва низоми ҳизбии худро надоранд."
ҲСДТ наметавонад, анҷуман баргузор кунад
Хулосаи таҳлилгарон ин аст, ки дар шароити феълӣ фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон танҳо барои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки тамоми ресусрҳо ё захираҳо дар дасташ ҳаст ва ҳизбҳое, ки моил ба давлатанд ва “кисагӣ” хонда мешавад, созгор аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон мехост то моҳи апрел анҷуман доир кунад, аммо бо гузашти тақрибан чор моҳ то ҳол ин нияташро амалӣ карда натавонистааст. Тибқи иттилои ҲСДТ теъдоди аъзои он дар ҳоли ҳозир ба 10 ҳазору 400 нафар мерасад. Аммо таҳлилгарону коршиносон мегӯянд, ин рақам камтар аз се ҳазор нафар аст.