Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешутаборбозӣ, хотирбинӣ ва маоши кам.... фасод мезояд


Коршиносони тоҷик хешутаборбозӣ, хотирбинӣ ва маоши поёнро сабабҳои аслии коҳиш наёфтани фасодкорӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ зимни таҷлил аз 10-солагии Оҷонсии мубориза зидди фасод гуфт, “ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад”.

Ба нақл аз гуфтаҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, агар соли 2007 наздики 500 ҷиноят дар ин самт ошкор шуда бошад, дар соли 2016 шумори ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ ба 1900 адад расидааст. Коршиносони тоҷик мегӯянд, боло рафтани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба афзоиши хешутаборбозӣ дар мақомоти давлатӣ, ки дар пайи он хотирбинӣ ҳангоми содиршавии ҷиноятҳо сурат мегирад, бармегардад.

Бархе коршиносон мегӯянд, ки талоши президент барои решакан кардани ришват боис шуд, ки соли 2015 ба мақоми раиси оҷонсии зидди фасод писари калонии худ - Рустами Эмомалиро таъин кунад. Вале боз ҳам ин масъала натавонист пурра ҳалли худро пайдо кунад, чун, ба қавли мақомот, ба мушкил дар система бармегардад. Зимнан, бо як қарори президент, рӯзи 12 январ Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе таъин шуд ва ҳанӯз мақоми раиси оҷонсии зиддифасод озод аст.

Вақте мансабдор ба фирор аз ҷавобгарӣ бовар дорад...

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон додгоҳ ва ниҳодҳои мубориза бо фасод мустақил набуда, бештар зери назари ҳукумат кор мекунанд, ки ин шеваи фаъолият фасод таваллуд мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Ин коршиноси тоҷик гуфт: “Дар сохтори давлатдории мо, ҳукумат бештар ба дигар шохаҳои давлатдорӣ таъсиргузор буда, адолати судӣ камтар ба назар мерасад, аломатҳои коррупсионӣ дар сиёсати кадрӣ мушоҳида мешавад, нашрияҳо аз баррасии ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд, аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия самаранок нест. Дар давлатдорӣ бо истифода аз хешутаборбозӣ як масъул аз масъули дигар вобаста аст. Аз тарафи дигар сатҳи пасти дониши ҳуқуқи кормандон, набуди шаффофият дар кори мақомот, ҳисоботдиҳанда набудани мақомоти давлатӣ дар назди ҷамъият, паст будани музди меҳнат, омилҳои аслии коҳиш наёфтани фасод дар ҷомеа аст.”

Аз “моҳича” то “наҳанг”

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, тарс аз қонун надоштан ва боварӣ ба ин, ки имкони аз ҷавобгарӣ раҳо шудан вуҷуд дорад, мансабдоронро ба пора гирифтан ташвиқ мекунад. Корафтодагон низ, ки ба адолат ва воқеият бовар надоранд, роҳи раҳоӣ аз мушкилотро дар додани пора мебинанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов бо вуҷуди таъсиси сохтори вижаи мубориза зидди фасод ришвагирӣ коҳиш наёфтааст.

​Дар солҳои аввали фаъолияти ин Оҷонсӣ матбуот пайваста аз он интиқод мекард, ки фаъолияти ин ниҳод бо боздошти омӯзгорону табибон ваё, ба истилоҳи матбуот, “моҳичаҳо хурд” иктифо карда, аз боздошти “наҳангҳо” худдорӣ мекунад. Аммо пас аз таъини Рустами Эмомалӣ ба ин вазифа шеваи боздоштҳо андак тағийр ёфт. Ин ниҳод афродеро мисли Туйчӣ Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт кард. Ба ин тартиб, боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ дар замони Рустами Эмомалӣ мушоҳида шуд, ки дар гузашта ба назар намерасид.

Президенти Тоҷикистон низ дар ин вохӯриаш бо кормандони ин ниҳод таъкид кардааст, ки “дар соли 2016 аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 145 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир гардидааст”. Бо иттиҳоми ришвагирӣ 45 ҷиноят бо иштироки корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 20 ҷиноят дар Вазорати адлия, 15 ҷиноят дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 12 ҷиноят дар Вазорати мудофиа, 1 ҷиноят дар мақомоти прокуратура ва 5 ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти судӣ сабт шудааст.

“Дурӯғ фасод мезояд”

Алихон Ғуломов, як коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, ҳанӯз ҳам аксаран дар Тоҷикистон “моҳичаҳо” боздошт мешаванд ва танҳо дар чанд маврид “наҳангҳое” боздошт шуда буданд, ки “хати сурх”-ро убур кардаанд. "Туйчӣ Саидзода, судяи ноҳияи Рӯдакӣ ба он хотир боздошт шуда буд, ки ӯ парвандаҳои Оҷонси коррупсияро, ки зери назари Рустами Эмомалӣ ҳастанд, бекор карда буд. Яъне, агар мансабдори баландпояе боздошт шудааст, фикр мекунам, дар рафтор ба доираҳои болоӣ иштибоҳе кардааст. Агар ба ҳама қонун як бошад, он гаҳ ин зуҳурот аз байн меравад. Ҳатто байни ҷомеа чунин ҳарфе низ вуҷуд дорад, ки аз қавли мансабдорон мегӯянд, ки 1 миллион медуздад ва 300 ҳазорашро дода, аз ҷавобгарӣ халос мешавад. Дурӯғ дар мо зиёд шудааст. Дурӯғ худаш фасод мезояд".

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик.
Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик.

Дар сӯҳбати рӯзи 10-уми январ, Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ ҷое ишора ба хешу таборбозӣ дар ниҳодҳои давлатӣ накард. Аммо гуфт, ин Оҷонсӣ ҷиноятҳои зиёди иқтисодиро низ ошкор карда, ба буҷаи давлат фоида овардааст. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, дар 10 сол ин Оҷонсӣ 12 ҳазор тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 2 миллиард сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, аҳамияти Оҷонсии зидии фасод низ дар он аст, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон бояд фасодро коҳиш бидиҳад.

Ӯ гуфт: “Мубориза бо фасод нақши аввалиндараҷа барои рушди иқтисодиёт дорад. Бар асоси таҳлилҳо, сокинон барои зудтар ҳал кардани корашон ришва медиҳанд ва қисме - бинобар ноогоҳӣ аз қонун. Барои мубориза бо фасод бояд хизматрасониҳои электрониро дуруст кард, яъне робитаи мақомотро бо сокинон тариқи электронӣ ба роҳ монд. Дар ин сурат, фикр мекунам, ки омилҳои коррупсионӣ ба маротиб коҳиш меёбад.”

Се раҳбар - се самти кор

Абдулфаттоҳи Ғоиб
Абдулфаттоҳи Ғоиб

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, камтар аз ду соли охир баъди Абдулфаттоҳи Ғоиб дар мақоми раиси оҷонсии зидди фасод кор кард. Абдулфаттоҳи Ғоиб ба ҷои ӯ сардори Хадамоти гумрук таъин шуд. Нахустин раҳбари ин оҷонсӣ Шерхон Салимзода буд. Фаъолияти ӯ дар ин Оҷонсӣ ба ошкор кардани парвандаҳои иқтисодӣ ва боздошти мансабдорони сатҳи поин маҳдуд шуда буд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, замони раҳбарии Фаттоҳ Саидов ин Оҷонсӣ бештар ба парвандаҳое сару кор гирифт, ки то андозае ангезаҳои сиёсӣ доштанд. Парвандаи Зайд Саидов ва Низомхон Ҷӯраев аз ҷумлаи парвандаҳое дониста мешаванд, ки замони раҳбарии Фаттоҳ Саидов ин Оҷонсӣ тафтиш мекард.

XS
SM
MD
LG