Ҷефф Райденаур – масъули бахши иттилооти сафорати Амрико дар Душанбе – чанд моҳ боз ба таҳияи наворҳои таблиғотӣ дар бораи фарҳанги Тоҷикистон машғул аст. Ин дипломати амрикоӣ мегӯяд, он қадар шефтаи фарҳангу суннати тоҷикон шуд, ки ҳатто дар хонааш дастурхони тоҷикӣ густурда, дар рӯйи фарш кӯрпачаву болишт гузоштааст. Сӯҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Ҷефф Райденаур низ дар манзилаш дар атрофи дастархони тоҷикӣ сурат гирифт.
Ҳамзамон сафарҳое ба Рашт, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа доштам ва саргузаштҳои ҷолибе аз он ҷоҳо овардам.
Ҷефф Райденаур: “Хеле хуш омадед ва бояд бигӯям, ки оростани дастархон бо риояи суннати тоҷикона танҳо ба хотири Шумо нест. Мо ҳар рӯз ҳамроҳи хонавода, яъне ҳамсару фарзандонам дар гирди дастархони тоҷикона менишинем. Онҳо ин фарҳангро дӯст медоранд ва каму беш одат карданд.”
Cӯҳбати видеоӣ инҷост:
Радиои Озодӣ: Аммо ин одатро баъди онки ба Тоҷикистон омадед, пазируфтед ё қаблан низ чунин будааст?
Ҷефф Райденаур: “Панҷ моҳ боз дар Тоҷикистон ҳастам. Рости гап, кӯрпачаро намедонистам, ки чист. Вале баъди ба Душанбе омаданам ба бозори “Корвон” рафтам ва дар онҷо кӯрпачаву болиштҳоро дидам. Зиёд бароям мақбул шуд ва, албатта, харидаму дар манзилам муҳити тоҷиконаро сохтам. Фарзандон ва ҳамсарам инро хеле хуб пазируфтанд ва аз он истиқбол мекунанд.”
Радиои Озодӣ: Нахустин боре, ки дастархону кӯрпачаи тоҷикӣ, суннати дар замин оростани суфраи тоҷикиро дар куҷо дидед? Дар ёд доред?
Ҷефф Райденаур: “Мегӯянд, расми хуби тоҷиконро гум макун. Ман, хушбахтона, борҳо дар хонаи тоҷикон меҳмон шудам ва меҳмоннавозии тоҷиконро дидаму таҷриба кардам. Ин фарҳангро аз онҳо омӯхтам. Дар гузашта чор сол дар Ҳинд будам ва дар онҷо низ одамон дар хонаашон дар болои фарш дастархон меороянд, вале кӯрпача намегузоранд. Аммо дар Тоҷикистон фарҳангу суннат боз дигар ва хеле шинам, яъне бар иловаи оростани дастархон болои фарш боз атрофи он кӯрпачаву болишт низ мегузоранд, ки хеле ҷолиб аст.”
Радиои Озодӣ: Ҳамсару фарзандон то куҷо тавонистанд, ки ба ин фарҳанги тоҷикона одат кунанд?
Ҷефф Райденаур: “Тарки одат амри маҳол аст, албатта. Дуруст аст, ки ҳамсару фарзандонам дорои фарҳанги амрикоиянд ва одатан на дар замин, балки болои курсӣ ва дар атрофи миз мешинанд. Вале онҳо тавонистанд зуд ба фарҳанги тоҷикӣ одат кунанд. Хушбахтона, то кунун шикояте накардаанд, балки аз ин хеле хушашон меояд. Мо дар бисёр кишварҳои гуногун зиндагӣ кардем ва эътироф мекунем, инсон дар ҳар кишвари дигаре, ки зиндагӣ мекунад, бояд аз фарҳангу суннати он ҷо лаззат барад. Мо ҳам кӯшиш мекунем, ки ба таври амиқ ин фарҳангро омӯзем.”
Радиои Озодӣ: Аммо амрикоиҳо, яъне ҳамкорони Шумо дар сафорат ва ҳамин тавр меҳмонҳоятон оё ин фарҳангу суннати тоҷиконаро чӣ гуна қабул мекунанд?
Ҷефф Райденаур: “Хуб, ҳамон гуна, ки мебинед, дар хона ҳам дастархони тоҷикӣ ва ҳам мизу курсии амрикоӣ фароҳам кардаем. Меҳмоне, ки ба хонаи мо меояд, метавонад, аз ин ҳар ду якеро интихоб кунад. Кадоме барояшон муносиб бошад, ҳамонро метавонанд қабул кунанд. Ду ҳафта пеш дар хона маъракае доштам ва кормандони сафорат, ҳам амрикоиҳо ва ҳам тоҷикон ташриф оварданд. Ман дидам, ки амрикоиҳо нишастан бар кӯрпачаҳоро дар атрофи дастархони тоҷикӣ бартарӣ медиҳанд. Аммо дирӯз як меҳмони амрикоӣ ба хонаам омад ва ӯ мизу курсиро авлотар донист. Чун ҳоло бо фарҳанги тоҷикона ошно нест.”
Радиои Озодӣ: Ҷефф дар бораи иқдоми Шумо дар мавриди таҳияи наворҳои таблиғотӣ дар бораи Тоҷикистон, ки чанд вақти ахир рӯи даст гирифтаед, сӯҳбат кунем. Чӣ хел шуд, ки идея ё фикри роҳандозии роликҳо аз вижагиҳои фарҳангии Тоҷикистон ба сари Шумо омад?
Ҷефф Райденаур: “Барои посух ба ин суол як қиссаро нақл мекунам. Ҳангоме ки ба Тоҷикистон омадам, дар ошхонаи сафорати Амрико дар Душанбе ҳамроҳи ҳамкорам оши палав мехӯрдем ва сӯҳбат низ дар бораи ғизоҳои тоҷикӣ буд. Бахусус дар бораи қурутоб бароям гуфтанд, ки аз ғизоҳои хушмаззаи тоҷикӣ аст. Ман низ идеяи таҳияи наворҳои таблиғотӣ дар робита ба фарҳанги тоҷикиро хуш пазируфтам. Ҳангоми таҳияи ролик аз пирамарде дар бораи қурутоб пурсидам ва ҳатто ба чанд қурутобхона низ сар задам. Ҳамин тавр, ин ролик ё навори видеоӣ таҳия шуд ва умед дорам барои тамошобинон низ мақбул афтода бошад.”
Радиои Озодӣ: Пас, интихоби мавзӯъ дар сӯҳбатҳо пайдо мешавад ва худатон ҳамчун як амрикоӣ ин мавзӯъро ҷолиб мепиндоред ё ҳамватанон аз Шумо дархост мекунанд, ки дар ин ё он бора рӯшанӣ андозед?
Ҷефф Райденаур: “Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ҳамеша ба мо мегӯяд, ки робитаи Тоҷикистон ва Амрико аз фарҳанги кишварҳо маншаъ мегирад ва ман ҳам мехоҳам нишон диҳам, ки фарҳанги тоҷикӣ, қурутоби тоҷикӣ, табиати Тоҷикистон барои ман хеле ҷолиб аст ва ман, воқеан, дӯст медорам. Мехоҳам, ки ҳар чӣ бештар дар бораи фарҳангу суннати тоҷикӣ омӯзам ва роликҳои таблиғотӣ таҳия кунам, то амрикоиҳо низ бештар аз ин тариқ ба фарҳанги Тоҷикистон ошно шаванд ва бидонанд. Албатта, ин иқдом барои наздик шудани фарҳанги Тоҷикистон ва Амрико кумак хоҳад кард. Барои ҳамин таҳияи наворҳои таблиғотӣ идеяи худам аст ва умед дорам дар оянда ин гуна наворҳоро бештар таҳия ва манзури тамошобинон кунам.”
Радиои Озодӣ: Аммо бардошти тамошобини амрикоӣ ва дигар хориҷиҳо аз ин барномаҳои Шумо чӣ гуна аст?
Ҷефф Райденаур: “Вокунишҳо буданд ва нисбат ба қурутоб бештар вокуниш шуд. Пас аз ин навор дӯстонеро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пайдо кардам. Бештари дӯстонам тоҷик ҳастанд. Чун ин наоврҳо ба забони тоҷикианд. Ҳатто модарам вақте тамошо кард, тариқи телефон аз ман пурсид, ки ин навор дар бораи чӣ аст. Чун нафаҳмид. Аммо муҳим он аст, ки мардуми тоҷик бифаҳманд, дипломатҳои амрикоӣ дар бораи фарҳангашон таваҷҷӯҳ доранд. Гузашта аз ин, мехоҳам, ки дипломатҳои амрикоӣ ва мардуми Амрико бо фарҳанги мардуми тоҷик бештар наздик шаванд ва пайвандӣ миёни ҳар ду мардум ҳар чӣ бештар гардад.”
Радиои Озодӣ: Ҳангоми сабти наворҳо лаҳзаҳое буданд, ки ғайриинтизор рух доданд, ё аз кадом тафовутҳои ҷиддии фарҳангӣ дарак доданд. Ё кадом нафаре аз роҳгузарҳо вокуниши номуносиб кард ва ин чиз дар хотири Шумо монд?
Ҷефф Райденаур: “Албатта, чизи ғайриинтизоре набуд ва мардум низ ҳангоми сабт маро хуб фаҳмиданд ва ҳатто ҳамкорӣ карданд. Ин таҷрибаи нотакрор аст. Мардуми тоҷик, ки меҳмоннавозанд, барои таҳияи ин гуна навор кумак мекунанд.
Радиои Озодӣ: Дар рӯзҳои Соли нави милодӣ сафир Элизабет Миллард шахсан аз бозори “Корвон”-и Душанбе дидан кард ва ролики таблиғотии онро Шумо дар саҳифаи фейсбукии сафорат гузоштед. Воқеан, ҳам як кори бесобиқа буд. Худи сафир аз ин таҷриба чӣ бардоште дорад?
Ҷефф Райденаур: “Нахуст, сафир Миллард аз тамошои бозори “Корвон” хеле ҳаловат бурд. Баъдан иқдоми сафир хеле муҳим буд, чун ӯ ҳам мехоҳад, то фарҳанги тоҷиконро донад ва аз он баҳра бардорад. Махсусан мехост, то бо мардуми оддӣ бештар иртибот дошта бошад ва идея низ аз худи вай буд. Моҳи феврали имсол 25-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Амрикоро таҷлил мекунем. Мо дар бойгонии сафорат сӯҳбатҳои сафирони қаблиро дорем, ки мехоҳем як барномаи диданӣ ва ҷолибе ба ин муносибат таҳия кунем. Ҳамзамон сафарҳое ба Рашт, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа доштам ва саргузаштҳои ҷолибе аз он ҷоҳо овардам. Дар Рашт як хола ба ман тарзи омода кардани қурутобро ёд дод. Дар Хуҷанд ба бозори “Панҷшанбе” рафтам ва қуруту самбӯсаи болаззате харидам. Дар Қӯрғонтеппа ба осорхона рафтам, ки наворҳои диданӣ дар дастам ҳаст. Умед дорам, дар оянда ин наворҳо таҳия шаванд ва тамошобинони шабакаҳои иҷтимоӣ битавонанд аз дидани ин наворҳо ҳаловат баранд. Зимнан аз тамошобинони Радиои Озодӣ низ даъват мекунам, саҳифаи сафорати Амрико дар Тоҷикистонро дар шабакаи Фейсбуук пайгирӣ кунанд. Мо хостори дӯстии мардуми Амрико ва Тоҷикистон ва наздик шудани фарҳанги ду кишвар ҳастем.”