Муҳиб Қурбон, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, хомӯшие, ки ҳоло ҳизбҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони дигарандеш дар Тоҷикистон пеш гирифтаанд, барои ҷомеа хатарнок аст ва набояд чунин фазое дар кишвар ҳукмрон бошад. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, беэътиноии аҳзоб ба мушкилоту камбудии ҷомеа, бар зиёни ояндаи Тоҷикистон аст.
"Қудрат дар дасти гурӯҳи кӯчак мутамаркиз шудааст. Ҳизбҳои мухолиф фаъолият надоранд, то аз камбудию нуқсонҳои ҳукумат ошкоро суҳбат кунанд. Мардум ба сиёсат бетавофут шудааст. Барои мардум фарқе надорад, ки оқибати ин сиёсат чӣ хоҳад шуд, ҳам барои иқтисод ва барои зиндагии онҳо. Вазъи фазои сиёсии ҳозираи Тоҷикистон ба деге монанд аст, ки сараш баста ва аз зер оташ дорад. Ин дег дер ё зуд инфиҷор хоҳад шуд". –мегӯяд, Муҳибуллои Қурбон.
Баъди интихоботи порлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон ва аз курсиҳояшон маҳрум шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист ва дар пайи он мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизби наҳзат фазои сиёсии Тоҷикистонро “оромии мутлақ” фарор гирифтааст.
Аҳзоби сиёсӣ ба ғайр аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз интишори баёния ва ё ибрози назар дар бораи таҳаввулоти дохилӣ ва хориҷӣ худдорӣ мекунанд. Ҳизби коммунист, бо вуҷуди ҳамақида будан ҳам ҳеҷ дар бораи сиёсатҳои дохилӣ ва ё хориҷии кишвар изҳори назар намекунад. Ба истиснои як баёнияи ҳизб дар бораи маҳкум кардани қатли муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳи Хованское, то кунун матбуот ё хабарнигорон дигар аз Ҳизби коммунист чизи ҷиддие нагирифтаанд.
Бо назардошти ҳамаи ба эътиқоди Муҳиб Қурбон, метавон гуфт, ки фазои сиёсии феълии Тоҷикистон ҳоло шабеҳи фазои сиёсии Туркманистон шудааст, ки яке аз кишварҳои пӯшидаи ҷаҳон ба шумор меравад ва ҳизбҳои сиёсии мухолифу матбуоти мустақил надорад.
Ба гуфтаи Муҳибуллои Қурбон, маълум нест, ин вазъ то кай идома мекунад ва ба сиёсатҳои Русия ҳам вобаста аст, ки аз кадом роҳ пеш меравад? Пеш гирифтани роҳи ҷомеаи бозтар ва ё ба қавле “демократияи идорашаванда” ва ё сиёсати саркӯбгарона нисбат ба ҷомеаи маданӣ, аҳзоби мухолиф ва ё матбуоти мустақил.
Маҳз роҳи дуввум, ки Русия солҳои ахир пеш гирифт ва ба қавли коршиносони тоҷик, ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба он пайравӣ кард, сабаб шуд, Ҳизби наҳзати исломӣ аз саҳнаи сиёсӣ комилан барканор карда шавад. Ҳизби сотсиал-демократ ва коммунист ҳам баъди ин хомуш шуданд ва аз саҳнаи сиёсӣ худро канор кашиданд.
Ҳарчанд ба қавли намояндагони ин аҳзоб онҳо худашон фаъолияташонро “бознигарӣ” карданд. Аз ҷумла Ҳизби сотсиал демократ, ки дар гузашта ошкоро аз камбудиҳои ҳукумат мегуфт. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 20 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ комилан канор нарафта, танҳо бо дарназардошти шароити феълӣ дар фаъолияташ бознигарӣ кардааст. Масалан, ба гуфтаи ӯ, Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизб ба далели набудани шароити фаъолияти касби вакили мудофеъ дар Тоҷикистон ахиран дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.
"Дар шароити ҳозира мансубият ба Ҳизби сотсиал-демократ барои дарёфти кор монеъ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, бештари аъзои ин ҳизб бекор буда ва барои дарёфти кор ба кишварҳои дигар мераванд. Вале ин маънии аз сафҳои ҳизб гурӯҳ-гурӯҳ хориҷ шудани аъзоро надорад. Ҳоло ҳизби мо 12 ҳазор узв ва 4 ҳазор тарафдор дорад. Вале ба хотири ворид нашудани фишор дар бораи аъзои ҳизб маълумот намедиҳем. Мо аз таҷрибаи талхи Ҳизби наҳзати исломӣ сабақ гирифтем".- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Раҳматилло Зойиров, ки аз мунтақидони ҳукумат буд фақат чанде пеш бо нашри баёнияе аз тариқи Фейсбук чанде пеш гуфт, ки сиёсате, ки ҳукумат пеш гирифтааст, нодуруст аст ва метавонад, боиси тафриқаи ҷиддӣ дар байни миллат шавад.
Ба гуфтаи оқои Зойиров, вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва идеологии Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дорад ва вазъи сиёсати геополотикӣ ва дохилии кишварро тира карда ва ҳатто хатти сиёсати берунаи кишварро то андозе аз масираш хориҷ карда ва ҷомеаи Тоҷикистонро ба ду лагер ҷудо кардааст.
Раҳматилло Зойиров пешниҳод кардааст, ки маҳкумшудҳое чун Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва фаъолони Ҳизби наҳзат, ки ба гуфтаи ӯ, шахсан ба ҷиноят даст назадаанд, ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар, афв шаванд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки бештари сокинони кишвар ба шабакаҳои иҷтимоии Интернет дастрасӣ надоранд, аз эҳтимол дур аст, ки ин муроҷиати раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дастраси умум шавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ ҳам борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, бо баҳонаи мубориза бо терроризм, дигарандешону аҳзоби мухолифро саркӯб накунад.
Таърихи пайдоиши бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон расман ба солҳои навадуми қарни гузашта, баъд аз бекор намудани банди шашуми Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравии собиқ мутобиқат дорад. Худи ҳамон сол дар баробари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ду ҳизби дигар, яке Ҳизби демократии Тоҷикистон, дигаре ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дар аввал ҳамчун шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравии собиқ (октябри 1990) ва аз октябри соли 1991 ҳамчун Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон арзи вуҷуд карданд.
Аммо ба эътиқоди Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, имрӯз низоми бисёрҳизбӣ зери хатар рафта ва ба фазои сиёсӣ "хомӯшии тӯлонӣ" таҳдид мекунад. Айни замон дар Тоҷикистон Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалист, Ҳизби сотсиал-демократ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби аграрӣ фаъолият мекунанд, ки аксарияташон барномаҳои сиёсие доранд, ки аз барномаи ҳизби ҳокими халқии демократӣ сарчашма гирифтаанд.