Як "раҳбари ДИИШ" дар Тоҷикистон 20 сол зиндонӣ шуд

Умар Мирзоев, аз тарафи рост нафари дуюм бо либоси сиёҳ, ки чеҳраашро пинҳон кардааст

Додгоҳи вилояти Хатлон Умар Мирзоев, сокини 26-солаи шаҳри Душанберо, ки аз ӯ ҳамчун таъсисдиҳандаи як шохаи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи 1-уми декабр содир шуд ва матни ҳалномаи он рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ дастрас шуд. Ин ҳукм аллакай қонунӣ шудааст.

Панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ

Додгоҳи Хатлон Умар Мирзоевро дар таъсиси шохаи ДИИШ дар Тоҷикистон ва тарҳрезии чанд амалиёти террористӣ муттаҳам мекунад. Парвандаи ӯ бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “ташкили фаъолияти ташкилоти экстермистӣ”, “зархаридӣ”, “терроризм”, “ҷалб кардани дигарон ба ҷиноятҳои террористӣ” ва “Даъвати оммавӣ барои сарнагунии сохти конститутсионии Тоҷикистон” баррасӣ шудааст.

Умар Мирзоев дар мурофиаи додгоҳӣ ташвиқи шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротиро эътироф карда, аммо тарҳрезӣ ва супориши ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистонро рад кардааст.

Як манбаъ аз додгоҳи Хатлон рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Умар Мирзоев соли 2014 дар шаҳри Толяттии вилояти Самараи Русия тариқи интернет ба гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” пайваст ва соли 2015 корро дар самти таъсиси шохаи ин гурӯҳи тундрав дар Тоҷикистон оғоз кард.

Аз ҷумла, соли 2015 ӯ чор тан аз муҳоҷирони меҳнатиро шомили гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” карда, онҳоро барои анҷоми чанд амалиёти террористӣ ба Тоҷикистон сафарбар кард. Ба як нафаре, ки бояд худро назди бинои шӯъбаи КДАМ дар Хуросон метарконд, 60 ҳазор рубли русӣ дода, ба ӯ ваъда дод, ки дар сурати анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ, ба хонаводааш 200 ҳазор рубл пардохт мекунад.

Қабл аз анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ, Мирзоев ба аъзои ин гурӯҳ гуфтааст, ки “бо баҳонаи маълумоти фаврӣ додан, ба бинои КДАМ дар Хуросон ворид шуда, он ҷоро тарконад”. Аммо ҳангоми тайёрӣ ва қабл аз анҷоми ҳамла ин гурӯҳи чорнафара боздошт шуд. Як сол пеш, моҳи ноябри соли 2016 додгоҳ чор тан аз аъзоёни гурӯҳи таъсисдодаи ӯро аз 12 то 15 соли зиндонӣ кард.

Таблиғи ДИИШ дар "Зелло"

Умар Мирзоев, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва канали радиоии “Зелло” бо номҳои гуногун саҳифа боз карда, ақидаҳои ин гурӯҳи тундравро таблиғ мекард, бо боздошти ин чор нафар шиносоӣ шудааст. Ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Толятии Русия боздошт шуда, аввали соли 2017 ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Умар Мирзоев бо ҳамроҳонаш дар мурофиаи додгоҳӣ

​Як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар сохторҳои қудратӣ рӯзи 25-уми декабр гуфт, ки ҳоло шахсияти аъзои дигари гурӯҳи таъсисдодаи Умар Мирзоев таҳқиқ мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар гурӯҳҳои махсус, афроди зиёдеро бо номҳои мустаор шомили гурӯҳи ДИИШ кардааст.

То аввали соли 2016 ӯ шаҳрвандонро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ташвиқ мекард, вале пас аз шикасти ин гурӯҳ ӯ барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон даъват анҷом медодааст. Умар Мирзоев дар мурофиаи додгоҳӣ ташвиқи шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротиро эътироф карда, аммо тарҳрезӣ ва супориши ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистонро рад кардааст.

Нақшаҳои хокхӯрдаи ДИИШ

Дар як соли ахир додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо парвандаи пайравони созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ карда, аъзоёни ин гурӯҳро ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон карданд.

Мақомот низ мегӯянд, талошҳои аъзоёни ин созмони тундрав барои ба ҳам задани вазъ дар Тоҷикистон хок хӯрд. Чун ба гуфтаи мақомот, дар се соли ахир, борҳо ин гурӯҳи тундрав талош кард, ки дар Тоҷикистон ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом бидиҳад, аммо дар аксар маврид қабл аз иҷрои амалашон боздошт шуданд. Шабакаҳои телевизиони давлатӣ боздошти афродеро низ намоиш доданд, ки бо ҷамъоварии зарфҳои гази моеъ дар пайи таҳияи маводҳои тарканда буданд.

Аз чунин як маводи тарканда моҳи апрели соли равон Ҳасанбой Раҳмонови 67 сола, посбони як мактаб дар Қурғонетппа, кушта шуд. Моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон кард, ки маводи таркандаро Шарифҷони Зокир, узви созмони мамнӯи ДИИШ сохта будааст.

Додгоҳи олӣ ӯро барои қатли як ҳамҷинсгаро, таъсиси созмони террористӣ ва сохтани маводи мунфаҷира, ки дар пайи инфиҷори он як нафар кушта шуд, ба ҳукми абад маҳкум кард.

Хуршед Насриддинов, як омӯзгори тоҷик, ки ин ҳодисаҳоро аз матбуот пайгирӣ мекунад, рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран талошҳои мақомоти тоҷик барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ дар соли гузашта чашмрас буд.

Ӯ гуфт: “Агар ба гузоришҳои нашршуда бовар кунем, кори мақомот барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ хуб буд. Дар кишварҳои пешрафтаи дунё террористон даст ба ҳамлаҳо заданд ва нафарони зиёдеро қурбон карданд, аммо мо дидем, ки чандин нафар дар кишвари мо қабл аз содир кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд. ”

“Вилояти Хуросон” ба марзи Тоҷикистон наздик мешавад

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ДИИШ пойгоҳҳои аслиашро дар Сурия ва Ироқ аз даст дод, аз ин рӯ, эҳтимол дар соли оянда пайвастани аъзоёни нав ба сафи ин гурӯҳ ба маротиб коҳиш ёбад.

Аммо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, баръакс, ҳоло ин гурӯҳи тундрав талош дорад, бо исми дигаре дар Афғонистон фаъолияти тундгароёна роҳандозӣ кунад.

Ӯ гуфт: “Чуноне “Ал-Қоида” заъиф шуд ва ҷояшро созмоне бо номи ДИИШ гирифт. Ҳоло ҷойи ДИИШ-ро дигар гурӯҳи тундрав мегирад. Онҳо фақат бо ном фарқ мекунанд. Дар Афғонистон ин гурӯҳ аллакай бо номи “вилояти Хуросон” зуҳур кардааст, ки ҳамон афкори ДИИШ аст. Ин созмон ба марзҳои Тоҷикистон наздик мешавад. Ҳарчанд, ҳоло ин гурӯҳ дар Афғонистон банди даргириҳост, аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки онҳо ба кишвари мо ҳамла намекунанд?”

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки дар ҳудуди Сурия ва Ироқ қаламравҳоеро таҳти назорат дошт, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ унвон шуд. Тибқи иттилои расмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои пайвастан ба сафи ин гурӯҳ ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд. Даҳҳо тани дигар барои узвият дар ин гурӯҳ дар Русия ва Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд.