Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На дар ҷустуҷӯ ва на зери шубҳа. 15 сол зиндони сокини Ёвон


Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Ёвонро, ки исмаш на дар руйхати афроди шубҳанок ва на дар руйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ буд, барои ширкат дар ҷангҳои Сурия 15 сол зиндон кард. Пас аз ду моҳи бозгашт аз Сурия, 17-уми апрели соли 2017 кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии Вахш тасодуфан ӯро боздошт карданд.

Узвият дар шохаи "Ал-Бухорӣ"-и ДИИШ

Дар ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон, ки таҳти раисии додрас Фахриддин Додоматзода содир шудааст, гуфта мешавад, Омонқул Эрназаров, сокини 25-солаи ноҳияи Ёвон охири моҳи феврали соли 2017 аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ соли 2015 барои кор ба Русия рафт ва аввали соли 2016 ба пайвандонаш гуфт, ки барои кор ба Туркия меравад. Пайвандонаш мегӯянд, ба ширкати Омонқул дар ҷангҳои Сурия бовар надоранд, вале мақомот мегӯяд, узвияти ӯ дар гурӯҳи “Ал-Бухорӣ” ва ширкат дар ҷанг алайҳи ҳукумати Сурия “сад дар сад” тасдиқ шудааст.

Мақомот мегӯянд, ба ҷуз шаҳодати маҳкумшуда, зангҳо телефонӣ ва аксҳое, ки аз ӯ дастрас кардаанд, нишон медиҳад, ки ӯ дар Сурия қарор дошт ва ҳатто борҳо ҳамсарашро ташвиқ кардааст, ки ба Туркия биояд.

Омонқул дар додгоҳ гуфтааст, ки бо ташвиқи бародараш Фазлиддин, ки ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад, ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафт. Дар Сурия ӯ узви гурӯҳи “Ал-Бухорӣ” буд, ки аксаран узбактаборони Ҷабҳат-ан-нусра"-ро муттаҳид мекард ва ба шаҳодати Омонқул 350 узв доштааст. Ҳарчанд, дар ҳукми додгоҳ "Ал-Бухорӣ", як шохаи ДИИШ гуфта шудааст, вале бар асоси иттилои расмӣ, ин ҷамоа шомили "Ҷабҳат-ан-нусра" аст, ки бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мухолифат дорад. Омонқул дар додгоҳ гуфтааст, дар ин гурӯҳ шаш тан аз узбактаборони Тоҷикистон шомил буда, боқӣ ҳама шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Бар пояи шаҳодат дар додгоҳ, Омонқул ҳашт моҳ аз сӯи ДИИШ муқобили нерӯҳои ҳукумати Сурия дар Ҳалаб ҷангидааст. Тавони молии ДИИШ аллакай нокофӣ буд. Аз ин рӯ,Омонқул гуфтааст, ба ӯ ва ҳамроҳонаш ҳудуди 30 доллар моҳона пардохт мекарданд.

Омонқул чӣ гуна аз Сурия баргашт?

Моҳи январ дар як ҷанг дар канори Ҳалаб гурӯҳи “Ал-Бухорӣ” шикаст мехӯрад ва се ҳамроҳи Омонқул кушта ва шаш тан захмӣ мешавад. Салоҳиддин, раҳбари гурӯҳ, ки ба гуфтаи Омонқул, шаҳрванди Узбакистон буд, ба онҳо фармони ақибнишиниро медиҳад. Ин шикастро Омонқул далели пушаймонӣ ва фирораш аз Сурия унвон кардааст. Силоҳи тамғаи “Калашников-59”-ро ҳаво медиҳад ва бо тарошидани риш ва гунг вонамуд кардани худ бо фирориёни Сурия ҳамроҳ шуда, то Туркия мерасад.

Азизмурод Саидов, вакили дифои Омонқул рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояааш гуноҳ дорад, вале пушаймонии ӯро бояд додгоҳ ба назар мегирифт. Ӯ гуфт, Омонқул ҳамчун нафари пушаймоншуда ба ватан баргаштааст, аз ин рӯ, бар асоси эзоҳи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, “зархаридӣ”, ки афроди пушаймоншударо афв мекунад, бояд ӯ озод ва ё ҳади ақал ҷазояш камтар мешуд.

Аммо додраси парванда гуфтааст, ин гуна афрод дар ҳоле мавриди афв қарор мегиранд, ки худро ба мақомот таслим кунанд.

Наздиконаш: "Бегуноҳ аст"

Ирода Холмуродова, ҳамсари Омонқул, ки аз ӯ ду кӯдак дорад, мегӯяд, ҳарчанд, додгоҳ шавҳарашро гунаҳкор донист, вале то ҳанӯз ӯ ба ин бовар надорад. Ӯ гуфт, ҳарчанд, шавҳараш давоми як сол ба онҳо ҳеҷ пуле нафиристодааст, аммо дар ду ё се моҳ як бор тамос мегирифт.

Ӯ гуфт: “Мегуфт, ки дар Туркия ҳастам ва кор мекунам. Фақат мегуфт, ки кораш барор нагирифтааст ва наметавонад пул фиристад. Ҳеҷ вақт ба ман нагуфта буд, ки дар Сурия ҳастам. Пас аз омадан низ намегуфт, ки ӯ дар Сурия будааст.”

Ҳайит Эрназаров, падари Омонқул рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш аз Туркия тамос мегирифт ва мегуфт, дар коргоҳи нонпазӣ кор мекунад.

Мақомот: "Далел дорем, ӯ дар Сурия буд"

Аммо мақомот мегӯянд, ба ҷуз шаҳодати маҳкумшуда, зангҳо телефонӣ ва аксҳое, ки аз ӯ дастрас кардаанд, нишон медиҳад, ки ӯ дар Сурия қарор дошт ва ҳатто борҳо ҳамсарашро ташвиқ кардааст, ки ба Туркия биояд. Ба гуфтаи мақомот, исми Омонқул Эрназаров дар руйхатҳои афроди шубҳанок ва рӯйхати ҷавонони шомили гурӯҳи ДИИШ набуд.

Бозгашти ин ҷавон аз сафи ДИИШ дар ҳолест, ки ин созмони тундрав дар Сурия ва Ироқ аксари ҳудуди таҳти назораташро аз даст додааст. Қаблан, мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки бештар аз 1300 нафар шаҳрвандони кишварро рӯйхат кардаанд, ки дар сафи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Коршинос:"Эҳтимолан афроди зиёде ошкор нашудаанд"

Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, бозгашт ва боздошти ин ҷавон нишон медиҳад, ки эҳтимолан афроди зиёде ҳанӯз ҳузурашон дар ин созмони тундрав ошкор нашудааст.

“Хатари бозгашти чунин нафарон ҳоло бештар мешавад. Ин гурӯҳи тундрав ҳам зоҳиран стратегияаашро дигар мекунад ва ҷангиёнашро ба дигар ҷо мефиристад. Аммо ё бо супориши ин созмон ва ё бо эҳсоси пушаймонӣ ҳатман ҷангиёни ин созмон талош мекунанд, ба кишвари худ ё кишварҳои дигар бираванд. Ин мисол нишон дод, ки на ҳамаи ҷангиёни ДИИШ ошкор шудаанд.”

700 тоҷик дар Ховари Миёна

Зимнан, муассиси таҳқиқи масоили амниятӣ дар Амрико мегӯяд, аз миёни 1300 ҷангҷӯи тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд, 700 нафарашон ҳанӯз ҳам дар Ховари Миёна мемонанд, ҳарчанд сарнавишти бисёре аз онҳо маълум нест. Дар гузориши Soufan Group, ки рӯзи 24-уми октябр нашр шуд, омадааст, то моҳи июли соли 2016 ҳузури 1600 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурияву Ироқ сабт шудааст ва аз инмиён 147 нафар ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ба навиштаи гурӯҳи Soufan Group, аксарияти ҷангҷӯёни хориҷие, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз Русиява кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, аззамони эълони ба истилоҳ Хилофат аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дарсоли 2014, бештар аз 40 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ ба минтақа рафта ва ба сафи ингурӯҳ пайвастаанд.

Ду соли пеш ба гуфтаи Soufan Group, Тунис ва Арабистони Саудӣ “содиркунандагони” асосии ҷангҷӯён ба Ироқу Сурия будаанд. Русия баъди онҳо меомад. Ба навиштаи гурӯҳи таҳқиқотӣ, бештар аз 8700 нафар аз кишварҳои шӯравии собиқ ва 3147 нафари онҳо аз минтақаи Қафқози Русия ба минтақаи Ховари Миёна рафтаанд.

XS
SM
MD
LG