Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо аз Сурия наомадем". Боздошти 10 тоҷик дар Туркия


Чаҳор марди боздоштшудаи тоҷик, ки ба гумони полиси Туркия аз ҷангҳои Сурия баргаштаанд, дар зиндони Измир нигаҳдорӣ мешаванд
Чаҳор марди боздоштшудаи тоҷик, ки ба гумони полиси Туркия аз ҷангҳои Сурия баргаштаанд, дар зиндони Измир нигаҳдорӣ мешаванд

Даҳ шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули як зан ва панҷ кӯдак, бо гумони бозгашт аз майдонҳои ҷанги Сурия дар Туркия боздошт шудаанд.

Мақомоти Туркия алайҳи чаҳор марди тоҷик, ки ҳоло дар зиндони шаҳри Измир нигаҳдорӣ мешаванд, бо иттиҳоми терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Зан бо панҷ фарзандаш, ки ҳамсари яке аз ин боздоштшудаҳост, дар шаҳри Истанбул дар як паноҳгоҳ қарор дорад.

Инҷо кори муваққатӣ доштам ва ҳуҷҷат ҳам намедоданд. Гуфтам, ки ҳамкоронамро нишон медиҳам, онҳо шоҳидӣ медиҳанд, лекин инро ба назар намегиранд.

Туркия ин афродро дар ҳоле боздошт кард, ки гурӯҳи даҳшатфакани “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ қаламравҳояшро тақрибан аз даст дод ва тибқи баъзе маълумот, пас аз суқути Дайр-аз-Зур, аъзои он дар даштҳо пароканда шудаанд. Ба гуфтаи коршиносони умури экстремизм, эҳтимол онҳо талош мекунанд, ки худро ба Туркия расонанд.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки иштироки боздоштшудаҳо дар ҷангҳои Сурия таҳқиқ мешавад ва дар сурати исбот, онҳо ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд шуд. Зиёвуддин Алиоғлу, вакили дифои боздоштшудаҳо, рӯзи 7-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояҳояш дар терроризм муттаҳам мешаванд.

Ӯ гуфт, ҳамроҳ бо тоҷикон шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам дар боздоштгоҳи Измир нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо дар гӯшаҳои гуногуни Туркия боздошт шудаанд ва мақомоти турк бар ин гумонанд, ки бештари онҳо аз Сурия баргаштаанд. Аммо ба гуфтаи Зиёвуддин Алиоғлу, парвандаи боздоштшудаҳо ҳанӯз таҳқиқ мешавад ва то ба ҳол ба поён нарасидааст.

“Бигузор санҷанд. Мо дар даст силоҳ нагирифтем”

Исми боздоштшудаҳо то анҷоми таҳқиқи парванда ва хулосаи ниҳоии тафтишот ошкор намешавад. Вале яке аз боздоштшудаҳо, ки ному насабаш ба Радиои Озодӣ маълум аст, рӯзи 7-уми декабр дар сӯҳбати телефонӣ аз боздоштгоҳи Измир гуфт, 5-уми ноябр ӯро бо ҳамсару фарзандонаш аз манзили иҷораашон дар Истанбул боздошт карданд.

Шаби боздошт, ба нақли ӯ, мақомот дар дохили манзил силоҳ ҷустанд ва аз онҳо талаб кардаанд, ки дар бораи иштирокашон дар ҷангҳои Сурия маълумот диҳанд ва қоил шаванд, ки силоҳҳои худро дар куҷо пинҳон кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, бо ДИИШ ҳеҷ иртибот надошт ва ба Сурия низ сафар накардааст. Вай гуфт, ки дар Истамбул кор мекард, вале ҳоло бо гумони ширкат дар ҷангҳо боздошт шудааст.

Аксари онҳое, ки бо иттиҳоми терроризм дар Туркия боздошт мешаванд, худро бегуноҳ медонанд, вале мақомот мегӯянд, ки барои боздошти онҳо далел доранд.

“Мегӯянд, гуё мо ба Сурия рафта бошем. Одаме, ки дар ҷанг иштирок кардааст, аз дастонаш шинохтан мумкин аст. Бигузор санҷанд, ки мо дар дастамон силоҳ гирифтаем ё не. Дастони мо монанд ба дасти ҷангиҳо нест”, - гуфт ӯ.

Аъзои ДИИШ дар Ироқ боздошт шуданд. Соли 2015
Аъзои ДИИШ дар Ироқ боздошт шуданд. Соли 2015

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта мехостанд ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунанд, вале бо талоши вакили дифояш истирдод нашуд. Ҳамсару панҷ фарзанди ӯ дар Истанбул нигаҳдорӣ мешаванд. Давоми як моҳ ду бор барояш иҷоза додаанд, то панҷдақиқаӣ бо телефон бо ҳамсараш сӯҳбат кунад. Ӯ иддао мекунад, ки як сол боз дар Туркия корҳои муваққатӣ мекард, вале санади кор ва будубошаш дар Туркияро пешниҳод карда натавонист.


Ӯ гуфт: “Инҷо кори муваққатӣ доштам ва ҳуҷҷат ҳам намедоданд. Гуфтам, ки ҳамкоронамро нишон медиҳам, онҳо шоҳидӣ медиҳанд, лекин инро ба назар намегиранд.”

Мақомот: “Медонем, ки боздошт шудаанд...”

Мақомоти наздик ба парвандаҳои тероризм дар Тоҷикистон мегӯянд, аз боздошти беш аз даҳ шаҳрванди ин кишвар дар хоки Туркия маълумот дарёфт кардаанд.Ба гуфтаи мақомот, онҳо нафароне ҳастанд, ки исмашон ба рӯйхати беш аз ду ҳазор гумонбари иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия шомил шудааст. Ин рӯйхатро аввали соли равон Тоҷикистон ба Туркия супурд, ба манзуре, ки агар ин нафарон агар дар Туркия боздошт шаванд, Анкара онҳоро ба Душанбе истирдод кунад.

Боздоштшудаи дигар, ки нахост номаш гуфта шавад, рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте боздошт карданд, гуфтанд, то гуноҳатон исбот нашавад, ба Тоҷикистон хабар намедиҳем. Аммо аллакай мақомот рафта, хонаводаҳои моро гуфтанд, ки пайвандонатон боздошт шудаанд. Ба забони худашон ҳар чӣ мегӯянд ва гаштаю баргашта “Даиш” мегӯянд. Яъне, ишора бо он мекунанд, ки гӯё мо "доишӣ" ҳастем”, - гуфт ӯ.

Ба суолҳои мо, ки дар Туркия мушаххасан чӣ кор мекардед, боздоштшудаҳо ҷавоби дақиқ надоданд. Танҳо аз шиканҷа шуданашон дар зиндони Измир шикоят карданд ва гуфтанд, талош хоҳанд кард, ки онҳоро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Ӯ мегӯяд, ки вакилро худаш киро кард ва барои ин маблағе ҳам дошт.

Омонқул ва Ориф чӣ тавр аз Сурия баргаштанд?

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ парвандаи беш аз 10 нафарро баррасӣ карданд, ки пас аз шикасти ДИИШ аз Сурия баргаштаанд. Баъзеи онҳо тавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд. Нафароне низ ҳастанд, ки имкон пайдо кардаанд, то Тоҷикистон бирасанд.

Моҳи сентябр додгоҳи вилояти Хатлон Омонқул Эрназаров, сокини 25-солаи ноҳияи Ёвонро ба муҳлати 15 сол зиндонӣ кард. Дар ҳукми додгоҳ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ӯ моҳи апрел тасодуфан дар Тоҷикистон боздошт шуд, вале мақомот баъдан маълум карданд,ки Элназаров аз Сурия баргаштааст.

Додгоҳи се сокини Норак, ки дар барафроштани парчами ДИИШ муттаҳам шуданд
Додгоҳи се сокини Норак, ки дар барафроштани парчами ДИИШ муттаҳам шуданд

Дар парвандааш гуфта мешавад, ки Омонқул Элназаров дар Ҳалаб дар ҳайати ҷамоати “Ал-бухорӣ”, як шохаи созмони тундрави “Ҷабҳат-ан-нусра” аз охири соли 2015 то охири соли 2016 меҷангид. Ӯ гуфтааст, пас аз суқути Ҳалаб ба марди арабе пул дод ва худро гунг вонамуд карда, ҳамроҳ бо паноҳандагон то Туркия расид. Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми боздошт Омонқул иштироакаш дар ҷангҳои Сурияро рад мекард, вале баъдан иқрор шуд ва бо умеди афв бо тафтишот ҳамкорӣ кард. Азизмурод Саидов, вакили дифои ӯ низ гуфт, ҷои шубҳа намонда буд, ки ӯ аз Сурия баргаштааст, вале додгоҳ пушаймонии ӯро ба эътибор нагирифт.

Ориф Абдуллоев, сокини 25-солаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро мақомоти турк боздошт ва ба Тоҷикистон фиристоданд. Додгоҳ моҳи гузашта ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар парвандааш навишта шудааст, ки Ориф Абдуллоев 21-уми сентябри соли 2016 аз Санкт-Петребург тариқи Молдова ба Истанбул парвоз карда, аз он ҷо то марзи Сурия рафтааст. Ӯ иддао мекунад, ки бинобар танг шудани мавқеи ДИИШ натавонист бо ин гурӯҳи тундрав ҳамроҳ шавад ва ба Туркия рафт. Мақомоти Туркия Абдуллоевро дар шаҳри Қилиси Туркия боздошт карданд. Пас аз омӯзиши чандмоҳаи парвандааш Туркия ӯро ба Тоҷикистон истирдод кард.

Абдуллоев иттиҳоми сафар ба Сурия ва ҷангидан дар тарафи ДИИШ-ро ба дӯш нагрифт. Вале тасдиқ кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ифротгарҳо пуштибонӣ мекард.

Чаро Туркия?

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳоло бо суқути гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ, ҷангиёнаш, бо шумули шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, талош мекунанд, ки худро ба Туркия расонанд. Бахши умдаи ҷангиёни пешини ДИИШ умедворанд, ки Туркия онҳоро ба Тоҷикистон таслим намекунад ва дар ниҳояти амр бо чанд соли зиндон дар ин кишвар зинда мемонанд.

Дар Ироқу Сурия, агар ҷурми узвияташон дар гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” собит шавад, онҳоро ҳукми қатл қатл интизор аст. Ин аст, ки онҳо Туркияро ягона гузинаи зинда мондан арзёбӣ мекунанд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, масири Туркия барои онҳо ошност, чун аксаран аз ҳамин ин роҳ ба Ироқу Сурия рафта буданд. Ҳодизода мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд нафароне, ки ҳоло дар Туркия боздошт мешаванд, шояд моҳҳо пеш аз Сурия баргашта бошанд, чун ҳоло ДИИШ аз марзҳои ин кишвар садҳо километр дуртар рафтааст. Аъзоёни зиндамондаи онҳо низ шонси каме барои бозгашт тариқи Туркияро доранд.

Коршинос мегӯяд, ки пас аз чанд ҳамлаи терористӣ дар Туркия ин кишвар сиёсаташро тағйир дод ва ҳоло талош дорад, ки ҳар чӣ бештар аъзои ДИИШ-ро ошкор кунад. “Зоҳиран, он вақт Туркия мехост, ҳарчӣ зудтар Башор Асад шикаст хӯрад ва манфиатдор буд, ки ҷангиён ба Сурия бираванд. Ҳоло бозгашти онҳо на танҳо ҳеҷ фоидае ба Туркия надорад, балки метавонад барояш хатар эҷод кунад”.

Ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз соли 2014 ошкор шуд ва авҷи он ба соли 2015 рост омад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар барои ширкат дар ҷангҳо ё ба истилоҳ “ҷиҳод” ба ин ду кишвар сафар карданд. Сафари беш аз 90 дар сади онҳо аз қаламрави Туркия сурат гирифта буд. Сарнавишти аксари онҳое, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, рӯшан нест. Мақомот мегӯянд, дар тули се сол наздики 70 нафар бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргашт.

Пайвандони онҳо дар Тоҷикистон интизор доштанд, ки шикасти ДИИШ эҳтимоли бозгашти ин нафаронро ба ватан воқеӣ мекунад. Вале фарзандони онҳо аз замони тағйири авзо дар майдони ҷанги алайҳи ДИИШ рӯ ба суқут овардани ин гурӯҳ дигар бо бо хонаводаҳои худ робита надоштанд. Танҳо моҳи август Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон хабар дод, ки дар миёни 1400 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки пас аз озод шудани Мосул дар паноҳгоҳе нигаҳдорӣ мешаванд, 31 хонавода аз Тоҷикистон низ ҳаст. Бо гузашти чор моҳ дигар аз онҳо ҳеҷ хабаре нарасид.

XS
SM
MD
LG