Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирӣ таҷаммӯи 10 000 ҷангҷӯи ДИИШ-ро дар Афғонистон рад кард


Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон
Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон изҳороти Замир Кобулов – мақоми баландпояи Вазорати умури хориҷии Русия – дар бораи ҳузури 10 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ин кишварро рад кард.

Ҷангҷӯёни ДИИШ аксаран дар шимоли Афғонистон – наздикии марз бо Туркманистон ва Тоҷикистон – ҷамъ меоянд. Нигаронии мо бештар аз Ҷузҷон ва Сари Пул аст, ки ахиран дар онҷо миёни ҷангҷӯён шаҳрвандони Алҷазоир ва Фаронса мушоҳида шуданд

Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 24-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Русия инро медонанад, ки ДИИШ дар Афғонистон саркӯб шуда, дар ҳоли ҳозир, шумори ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба садҳо тан коҳиш ёфтааст”.

Вай гуфт, “шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ҳазорон не, балки садҳо тан мебошад. Агар мо фаъолияти гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро аз аввал дар назар бигирем, мумкин аст, шуморашон аз шаш то ҳафт ҳазор тан буд. Аз ин миён ҳазорон тани онҳо кушта шуданд. Теъдоди дигар захмӣ шуда, баъзеашон боздошт гардиданд. Ончиро ки Замир Кобулов гуфтааст, изҳороти худаш аст.”

Замир Кобулов, раҳбари департаменти Осиёи Вазорати умури хориҷии Русия, рӯзи 23-юми декабр дар як баёнияи матбуотӣ гуфт, дар оғоз нирӯҳои пайрави ДИИШ дар Афғонистон хеле маҳдуд буд, аммо вақтҳои ахир сафи онҳо афзудааст.

Замир Кобулов
Замир Кобулов

“Ба иттилои мо, шумори ҷангҷӯён аз ҳисоби онҳое, ки дар Иқроқу Сурия таҷриба гирифтаанд, бештар мешавад. Ҷангҷӯёни ДИИШ аксаран дар шимоли Афғонистон – наздикии марз бо Туркманистон ва Тоҷикистон – ҷамъ меоянд. Нигаронии мо бештар аз Ҷузҷон ва Сари Пул аст, ки ахиран дар онҷо миёни ҷангҷӯён шаҳрвандони Алҷазоир ва Фаронса мушоҳида шуданд”, - гуфтааст Кобулов.

Ба қавли ӯ, дар ҳарими ҳавоии Афғонистон чархболҳои бидуни рақам ва нишона низ мушоҳида шудаанд, ки ба кашондани ҷангҷӯён ва силоҳу муҳимот машғуланд.

Аммо Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, ин суҳбатро ғайри қобили қабул дониста гуфт, “заминаи фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон ба монанди Ироқу Сурия мусоид нест.”

Бинои Вазорати дифои Афғонистон
Бинои Вазорати дифои Афғонистон

Аз тарафи дигар шуморе аз аъзои комиссияи амнияти дохилии Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон гуфтанд, Русия ба унвони як кишвари мустақил ин ҳақро дорад, то дар бораи амнияти худ ибрози нигаронӣ кунад. Як узви ин комиссия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ду кишвар бояд барои аз баён бурдани ДИИШ ҳамкории ҳамаҷониба кунанд.

Замир Кобулов, мақомдори баландпояи Вазорати умури хориҷии Русия, дар гузашта низ дар мавриди таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон изҳорот дода буд. Он замон мақомоти амниятии Тоҷикистон низ иддаои ӯро тасдиқ накарда, гуфта буданд, ки Кобулов дар зикри шумори ҷанҷгӯён “муболиға кардааст”.

Ин дафъа маълум нест, рақами дуруст аз забони Кобулов берун омада, ё аз Душанбеву Кобул.

XS
SM
MD
LG