Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афсари" ДИИШ аз Душанбе ба Маскав истирдод шуд


Тоҷикистон Денис Хисамов, корманди собиқи Вазорати дифои Русияро, ки ба гумони тафтишот бо шиносномаи сохтаи як шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафта буд, ба Русия истирдод кард.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси созишномаҳое, ки миёни ду кишвар амал мекунанд, Денис Хисамов ҳафтаи гузашта ба

Ин афсар масъули назорат аз иттило ва мухобироти махфӣ будааст. Муддате дар ситоди кулл ҳам аз рӯи ҳамин ихтисос кор кардааст. Соли 2009 дар пажӯҳишгоҳи ҳифзи иттилооти Кубан кор кардааст.

Русия истирдод шуд. Таърихи дақиқи истирдоди ӯ ошкор намешавад, вале истирдоди ӯ ба Русия як моҳ баъди ба Тоҷикистон оварда шуданаш сурат мегирад.

Денис Хисамов дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳини баргашт аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Туркия боздошт шуда, бинобар доштани шиносномаи Тоҷикистон, ба мақомоти тоҷик таслим шуд. Рӯзи 23-уми октябр Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки «капитан Денис Хисамов соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи Тоҷикистонро омода карда, тариқи он ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст".

Хисамов қарздор буд

Тибқи иттилои расмӣ, Денис Хисамови 34-сола мехостааст барои анҷоми ҷиноят ба Русия баргардад. Нашрияи русии “Коммерсант” рӯзи 24 октябр навишт, ки маълум кардааст, Хисамов дар Русия омӯзишгоҳи олии низомии Краснодар ба номи Штеменкоро бо баҳои аъло хатм карда дар арсаи илмӣ ҳам корҳое анҷом додааст.

Аз ҷумла, дар бахши “ҳимоят аз маълумоти хусусӣ ва технологияҳои информатсионӣ дар системаи телекоммуниктсонии соҳаи мулкиву низомӣ” корҳои таҳқиқотии илмӣ анҷом додааст. Баъди пешрафт дар карерааш ин афсари ҷавон хадамоти ҳимояи сирри давлатиро дар Маркази илмиву техникии мушкилоти ҳифзи биологии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии микробиологияи Вазорати дифоъ дар Маскав раҳбарӣ кардааст.

Ин афсар масъули назорат аз иттило ва мухобироти махфӣ будааст. Муддате дар ситоди кулл ҳам аз рӯи ҳамин ихтисос кор кардааст. Соли 2009 дар пажӯҳишгоҳи ҳифзи иттилооти Кубан кор кардааст. Зимнан ин пажӯҳишгоҳро падари ӯ – низомии донишманд Франгиз Хисамов таъсис додааст. Дар паи се кори кори мулкӣ ӯ дубора ба Маскав бо ҳадафи кор бар рисолаи докторӣ баргаштааст ва хешовандони ӯ мегӯянд, ки ин шахси “дур аз ақидаҳои ифротӣ” бо пайвастанаш ба ДИИШ “ҳамаро шок кард”.

Яке аз наздикони афсар ба нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, ки маҳз дар Маскав ӯ метавонист ба дин ва ақидаҳои ифротӣ дода шавад. Аммо зоҳиран тасмими сафараш ба Сурия баъди он гирифта шуд, ки соли 2014 аз як бонки Маскав барои харидани мошини навъи BMW Х5 дар ҳаҷми 1,3 миллион рубл қарз гирифту натавонист қарзи бонкро баргардонад. Фишору таъқибҳои бонк ва истифода аз нозирони бонк ӯро дилмонда кардааст, гуфтаанд наздикон.

Муайян шудааст, ки баъди ҳамон соли 2014 фурӯхтани мошин ӯ як шиносномаи қалбакии тоҷикӣ хариду ба Истамбул парвоз кард. Падараш Франгиз Хисамов ба нашрия гуфт, «бо вуҷуди карераи муваффақаш дар солҳои ҷавонӣ, ӯ натавонист бо фишори шадиди равонии нозирони бонк муқобила кунад”. Аризаи нозирон ба додгоҳ аз болои ин қарздиҳанда дар соли 2016 бо он анҷомид, ки мошини BMW Х5 ба шахси дигар фурӯхташуда аз харидори наваш мусодира шудааст.

Ҳоло парвандаи Хисамовро додгоҳи ҳарбии Русия баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG