Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – шикасти гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Раққаи Сурияро пешрафти муҳим дар корзори байналмилалӣ алайҳи ин гуруҳ хонд. Нирӯҳои демократии Сурия, ки аз тарафи Амрико ҳимоят мешаванд, рӯзи 21-уми октябр аз пирӯзии комил ба ҷангҷӯёни ДИИШ дар Раққа хабар доданд.
- Онҳо гуфтанд, ки дигар дар ин шаҳр ҳеҷ узви гуруҳҳои ифротӣ ҳузур надорад. Гуруҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 шаҳри Раққаро ишғол ва онро пойтахти худ эълон карда буд.
На танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки теъдоди зиёде аз қирғизҳову узбакҳо ва қазоқҳо низ ба Ироқу Сурия рафтаанд. Бо шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳадафҳояшон барбод рафт ва табиист, ки онҳо кӯшиш мекунанд ба ҳар роҳе ба ватанашон баргарданд.
Бино ба хабари “Ройтерс”, Доналд Трамп дар баёнияе гуфтааст, ки “нирӯҳои мо тавонистанд ин шаҳрро ба таври комил аз тасарруфи ДИИШ берун кунанд.” Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, “шикасти ДИИШ дар Раққа ба маънои пешрафте муҳим дар мубориза алайҳи ин гуруҳ ва, ҳамчунин, идеологияи бадкории ин гуруҳ аст. Бо озодии пойтахти гуруҳи “Давлати исломӣ” поёни “хилофати” ин гурӯҳ наздик аст.”
Оқои Трамп, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки мубориза алайҳи гуруҳи “Давлати исломӣ” ба зудӣ вориди марҳилаи тозаи худ хоҳад шуд ва дар ин марҳила Амрико аз нирӯҳои амниятӣии маҳаллӣ, коҳиши хушунат дар кулли Сурия ва беҳбуди шароит барои сулҳи пойдор ҳимоят хоҳад кард.
Оё маҳви ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Раққа маънии аз байн рафтани ин созмонро дорад? Дар ин бора бо Cергей Данилочкин, шореҳи умури Ховари Миёна дар Радиои Озодӣ суҳбате доштем ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Раққа то чӣ ҳад зарбаи сахте ба ин созмон аст?
Cергей Данилочкин: “Агар аз назари низомӣ бигирем, бешак, ин як зарбаи сахти стратегӣ ва низомӣ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст. Албатта, зарбаи сиёсӣ низ ҳаст, чун баъд аз суқути шаҳри Мавсили Ироқ, раҳбарони гурӯҳ аз Мавсил ба Раққа рафтанд. Ҳоло ҷангҷӯён ба гурӯҳбандӣ ва тағйири макон шурӯъ мекунанд. Мо медонем, ки ин созмон муқовимат мекунад ва усулҳои ҷангу стратегияашро бо назардошти шароит иваз мекунад. Барои ҳамин, бояд интизори инро дошт, ки ин созмон ба гурӯҳбандии ҷангҷӯён ва тағйири макон оғоз мекунад.”
Навори видео дар инҷост:
Радиои Озодӣ: Метавон гуфт, ки бо ҳамин гурӯҳи “Давлати исломӣ” пароканда мешавад ва аз байн меравад?
Cергей Данилочкин: “Хатари ин созмони террористӣ аз байн намеравад. Баръакс, хатари гурӯҳи “Давлати исломӣ” зиёду зиёдтар мешавад. Афроде, ки аз тарафи ин созмон меҷангиданд, ба ҷанги пинҳонӣ мегузаранд ва ба минтақаҳои дигар мераванд. Манбаъҳои нави хатар месозанд. Бо назардошти ҳаракату тағйири макон кардани аъзои ин гурӯҳ метавон хулоса кард, ки хатари “Давлати исломӣ” аз байн намеравад. Гузоришҳое буд, ки гурӯҳҳое аз онҳо ба шарқ ба самти Афғонистон ҳаракат кардаанд, вале тавре ҳамкорони мо аз бахши афғонӣ мегӯянд, дар он кишвар гурӯҳи “Давлати исломӣ” тарафдор надорад. Дигар минтақаҳои даргирӣ дар наздикӣ Яман ва Либия аст, ки метавонанд, ба онҷо бираванд.”
Радиои Озодӣ: Аз Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ садҳо нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ин нигаронӣ ҳаст, ки мумкин аст, ҷангҷӯёни гурӯҳ ба зодгоҳҳояшон баргарданду ноамнӣ эҷод кунанд. Оё ин тахминҳо воқеият доранд?
Cергей Данилочкин: “На танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки теъдоди зиёде аз қирғизҳову узбакҳо ва қазоқҳо низ ба Ироқу Сурия рафтаанд. Онҳо бо ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла кумак барои таъсиси “хилофати исломӣ” рафтанд. Вале бо шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ҳадафҳояшон барбод рафт ва табиист, ки онҳо кӯшиш мекунанд ба ҳар роҳе ба ватанашон баргарданд. Инҷо ду масъала аст. Аввал инки оё онҳо барои атрофиён хатар эҷод мекунанд ва бо онҳо чӣ гуна бояд муносибат кард. Албатта, мақомот аз баргашти онҳо нигарон ҳастанд, чун маълум нест, ки оё ин афрод аз ақидаҳояшон даст кашидаанд ва мехоҳанд, ба зиндагии осоишта баргарданд ё не. Нафрати баъзеҳо аз байн нарафтааст ва, албатта, саъй мекунанд, дар ҷойҳои нав амалҳои террористӣ анҷом бидиҳанд. Шояд баъзеи дигар аз ончӣ ки дар Ховари Миёна дидаанд, пушаймон шудаанд ва мехоҳанд, ба зиндагии осоишта баргарданд. Муҳим он аст, ки ҷомеа бо онҳо чӣ гуна муносибат мекунад. Албатта, бояд бо онҳо эҳтиёт кард, то фиреб нахӯрду аз дасти онҳо осеб надид. Аз тарафи дигар, ҷомеа ва атрофиён бояд ба онҳое, ки пушаймон шудаанду нияти самимии бозгашт ба зиндагии осоиштаро доранд, кумак кунанд. Мушкилӣ дар ҳамин ҷост, вале бешак ҷангҷӯён ба зодгоҳҳояшон бармегарданд.”