Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ховари Миёна: номуайяниҳо баъди суқути ДИИШ дар Раққа


Минтақаи Ховари Миёна дар мубориза бо гурӯҳи мамнӯи “Давлати Исломӣ” дар пойтахти худхондаи Раққа ба пирӯзӣ даст ёфт, вале баробар бо ин ба як марҳилаи номуайяниҳои наве ворид шуд, ки эҳтимолан мизони хушунатҳоро коҳиш нахоҳад дод.

Суқути душмани умумӣ мубориза бо муттафиқони муваққатиро дар пай дорад, ки он ҳам ба мубориза бо тундгароӣ бадал мешавад.

Артиши Сурия ва муттафиқони он

Ба даст овардани шарқи Ҳалаб дар охири соли 2016 барои ҳукумати президент Башор Асад дар амри хунсо кардани мухолифони мусаллаҳаш муваффақиятомез буд, чун баъди ин нирӯҳои ҳукуматӣ тавонистанд пурра болои гурӯҳи “Давлати исломӣ” тамаркуз кунанд. Дар чашми ин гурӯҳи ифротӣ Сурияи ғанӣ аз нафт, ки дар марз бо Ироқ қарор дорад, авлавият дошт ва Димишқ бо пуштибонии Русия ва ҷангиёни шиамазҳаби Эрон тавонистанд қаламравҳои зиёдро дубора таҳти контроли худ дароварад.

Теҳрон мехоҳад роҳҳои заминии тамос бо Ироқу Сурияро барқарор кунад, ки дар ниҳоят то марзҳои Исроил мебарад. Вашингтону Исроил аз ин ҳама тавсеаҳо ҳарос доранд ва Исроил аллакай ҳушдор додааст, ки ҳузури идомаёбандаи низомиёни эрониро дар Сурия таҳаммул намекунад.​

Вазъ дар ин қаламрав торафт печидатар мешавад.

Баъди суқути Раққа, ҷангиёни курд, ки аз ИМА пуштибонӣ мебинанд ва бо исми Нирӯҳои демократии Сурия маъруфанд, таваҷҷӯҳи худро ба минтақаи Дайр-аз-Зур равона кардаанд, ки дар марз бо Ироқ ҷойгир буда як манбаи муҳими нафтӣ ба шумор меравад. Ҷангиёни Ироқ дар шимолушарқи ин вилоят бо “Давлати исломӣ” ҷангидаанд, то ки назоратро бар майдонҳои нафтӣ ва як манбаи гази табиӣ дубора ба даст оваранд.

Нирӯҳои рақиб ҳоло ҳам дар ин манотиқ сангар гирифтаанд ва майдони калонтарини нафт – Ал-Умар ҳамоно зери назари ДИИШ аст. Башор Асад ваъда додааст, ки назорат бар тамоми Раққаро барқарор мекунад. Шаҳр феълан аз ҷониби як шӯрои маҳаллӣ назорат мешавад, ки амнияташро Нирӯҳои демократии Сурия бо пуштибонии ИМА таъмин мекунанд.

Нирӯҳои курдӣ ва кӯмаки ИМА

Воҳиди хурди низомии худдифо дар шимоли Сурия дар фурсати кӯтоҳ ба як шарики калидии Вашингтон дар Сурия табдил шуд. Ҳоло ин нирӯҳо ҳазорҳо нафар буда аз намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла курдҳову арабҳову ошуриҳо иборатанд. Ин нирӯ бар асоси ҳадафи муштараки мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бунёд шудааст ва феълан дар қаламравҳои аксар курднишин қарор дорад.

Ҳузури афзояндаи ИМА дар минтақа ҷангиёни курдро бо пӯшиши байналмилалӣ таъмин кард ва ин чиз онҳоро дар пешбурди тарҳи истиқлолият такон дод. ​

ИМА, ки дар шимоли Сурия пойгоҳ сохтааст, гуфт, ки дигар барои дарозмуддат наметавонад дар ин қаламрав бимонад, вале мақомоти курд пофишорӣ доранд, ки амрикоиҳо бояд то замони пирӯзии комил бар “Давлати исломӣ” дар ин ҷо бимонанд.

Бо ин ки ҷанг алайҳи ДИИШ дар ҳоли хотимаёбӣ аст, ба эҳтимоли ғолиб ваҳдати арабҳову курдҳо таҳти хатар аст. Курдҳои Сурия ба кӯмаки Вашингтон ба курдҳои ироқӣ бо асабоният нигоҳ ва таҳаввулоти баъди эълони истиқлолияти Курдистонро ҳам пайгирӣ мекунанд.

Туркия

Замоне, ки Туркия вориди Сурия шуд ва гуфт, ки ба шӯришиён дар суқут додани режими Асад мусоидат мекунад, ҳоло бештар дар фикри саркӯби нақшаҳои тавсеаи курдҳо ва таъмини амнияти марзҳояш мебошад. Соли гузашта туркҳо як бахши қобили мулоҳидаи қарамрави дохили Сурияро ба хотири ҷилавгирӣ аз пешрафти курдҳо ба даст оварданд ва дар оғози моҳи октябр нирӯҳоро ба шимолу ғарби Сурия – вилояти Идлиб сафарбар карданд, то ки дар он ҷо низ нагузоранд курдҳо тавсеа ёбанд.

Эрдуғон мухолифи шадиди нирӯҳои курд мебошад
Эрдуғон мухолифи шадиди нирӯҳои курд мебошад

Туркҳо нирӯҳои курдро як созмони террористӣ арзёбӣ мекунанд ва онҳоро бо шӯришиёни курде пайванд медиҳад, ки дар дохили худи Туркия ҳукумати расмиро ба чолиш мекашанд.

Анкара ҳамеша аз кӯмаки ИМА ба ҷангиёни курд дар муборизааш бо ДИИШ интиқод карда гуфтааст, ки дар асл нирӯҳое, ки аз ҷониби туркҳо пуштибонӣ дидаанд, Раққаро озод кардаанд. Туркия инчунин шадидан мухолифи таъсиси маъмурияти курдтабор дар Раққа мебошад.

Эътилофҳои печидаи Ироқ

Дар Ироқ нирӯҳои курдиву шиаён дар манотиқи ҷангӣ зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд.

Курдҳо талош доранд вилояти Курдистонро аз Ироқ ҷудо карда давлати мустақили худро дар ин қаламрав таъсис диҳанд. Вале Бағдод дар паи амалиёти низомӣ ва бо кӯмаки ҷангиёни шиамазҳаб тавонист назорат бар ин минтақаро ба даст оварад.

Ҳайдар Ал-Ибодӣ ва Нурӣ Ал-Моликӣ
Ҳайдар Ал-Ибодӣ ва Нурӣ Ал-Моликӣ

Ҳоло дар Бағдод ҷонибҳои мухталиф талош доранд раҳбарӣ бар Ироқи баъди ДИИШро ба даст бигиранд. Нахуствазир Ҳайдар Ал-Ибодӣ таъсиси як давлати федеролиро пешниҳод кардааст, ки зери парчами Ироқи воҳид вуҷуд дошта бошад. Ӯ ҳоло бояд ба ҳама гуна фишорҳо аз ҷониби нахуствазири пешин Нурӣ ал-Моликӣ истодагарӣ кунад, ки ҳамоно дар ин кишвар маъруфият дорад ва аз ҷониби ҷангиёни шиамазҳаб пуштибонӣ мешавад. Аксари онҳо тарафдори робитаҳои наздик бо Эрон ҳастанд.

Дар ҳоле, ки аз назари умури байналмилалӣ Эрон дар сиёсати Ироқ нуфузи зиёд дорад, дар бахши иқтисод Ироқ маҷбур хоҳад шуд, ки бештар таҳти таъсири Эрон қарор гирад. Бахусус ин таъсир баъди суқути комили ДИИШ аланӣ хоҳад шуд.

Гурӯҳи “Давлати Исломӣ”

Феълан ҳузури марказиву стратегии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Дайр-Аз-Зур ва дар марз бо шаҳраки Абу-Камол ба назар мерасад. Ҳанӯз бархе маконеро дар вилояти марказии Ҳумси Сурия ҳам назорат мекунанд, ки дар наздикии Димишқ ҷойгир аст.

Ин гурӯҳ дигар мисли гузашта имкону тавони анҷоми ҳамлаву ошӯбҳоро надорад, вале то ҳанӯз аз назари ташкили даргириҳои хурди ошӯбгарона мавриди нигаронӣ мебошад. Ҳамоно дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва шумори сарбозонаш, ки дар шарқи Сурияву ғарби Ироқ ҳастанд, тахминан 6500 нафарро ташкил медиҳанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG