Аз 144 000 сомонӣ ҷарима то 2 сол зиндон барои “сеҳру ҷоду” дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздоштҳои намоишкоронаи фолбинҳову муллоҳо хилофи қонун будааст

Чанд моҳи ахир дар телевизионҳои давлатӣ мақомоти тоҷик аз боздошти “муллоҳои қаллоб” хабар медиҳанд, ки ба иддаои онҳо, ба “сеҳру ҷодугарӣ” машғуланд.

Дар ин наворҳо, ки маълум нест таҳти чӣ шароите сабт шудаанд, занону мардони миёнсол дар назди дурбини наворбардорӣ гӯиё иқрор мешаванд, ки бар ивази маблағ соҳирӣ мекунанд ва бархе аз мардон мегӯянд, ба бадани занони корафтода даст расондаанд.

Ҷазо сахттар шуд

Зоҳиран мақомоти тоҷик мубориза бо афродеро, ки ба дуохонӣ ва ба иддаои онҳо, ба сеҳру ҷоду мағуланд, ҷиддитар гирифтаанд.

Агар то ин вақт барои ин корҳо, гунаҳкорро аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ ҷарима мекарданд, ҳоло бар асоси тағйироти нав ба Кодекси ҷиноӣ, ки ба иҷро даромад, соҳирон ва фолбинон минбаъд то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду сол зиндонӣ мешаванд.

Аммо пайвандони баъзе аз ин боздоштшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, на ҳамаи онҳое ки аз сӯи мақомот ҳамчун соҳир намоиш дода шуданд, ба ин кор машғул буданд. Пайвандони яке аз ин боздоштшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ба мисли гузаштагонаш дуоҳои динӣ мехонад, ки амалаш ба ҷодугарӣ рабте надорад.

Бархе ҳуқуқдонҳо боздошту намоиши чеҳраҳои чунин афродро хилофи қонун медонанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, намоиши чеҳраҳои ин афрод, ки ҳанӯз дар нисбат ба онҳо ҳукми суд содир нашудааст, хилофи қонун аст. Намоиши чеҳраҳои онҳо дар тамоми кишвар, ба гуфтаи ӯ, “паст задани шаъну шараф” аст.

“Аз ин хотир, шояд аз бесалоҳиятӣ ё аз камтар будани сатҳи дониш ё дигар сабабҳо баъзеҳо бо истифода аз усули як бому ду ҳаво ба ҳамин гуна ғалату хатоиҳо роҳ медиҳанд, ки хуб нест,”—гуфт Ҳакимов.

ВКД ҳадафро "ислоҳи вазъ" медонад

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки таҳиягарони чунин намоишанд, онро дуруст хонданд. Ба гуфтаи масъулони ВКД, нишон додани ин боздоштҳо қонунӣ буда, ҳуқуқи ҳеҷ нафаре поймол нашудааст.

Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз намоиш додани рафтори чунин шахсон “ислоҳи вазъ дар ҷомеа ҳаст. ”

“Дар қонунгузорӣ ҳам манъ нашудааст. Дар ҳолате, ки агар ноболиғ бошад, барои минбаъд худбаҳодиҳиву ноумедӣ аз зиндагӣ барои бехатарии кӯдак мешавад чеҳраи ӯро намоиш надод. Ин ягон паст задани шаъну эътибори касе нест. Пешгирӣ аст, мояи ибрат мешавад, ки дигарон ба ин кор машғул нашаванд,”—гуфт масъули ВКД.

Дар баъзе аз ин намоишҳо бозпурсӣ, ному насаб ва суроғаи боздоштшудаҳо оварда шудааст. Маълум нест дар чӣ шароит гумонбарон сабт ва аз амали худ иқрору пушаймон шудаанд.

Қонун чӣ мегӯяд?

Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшинос мегӯяд, қонун ба хотири ислоҳ ва пешгирӣ аз ҷиноят ба корҳои таблиғотӣ иҷозат медиҳад. “Ҳамаи инро ҳамон мақомоте, ки сару кор доранд, манфиати ҷомеаро ба назар мегиранд. Дар ин ҳолатҳо аз онҳо акс мегиранд. Аксари муллоҳо бо гумони қаллобӣ боздошт мешаванд. Шояд барои пешгирӣ ва огоҳ кардани ҷомеа нишон медиҳанд ва аксу навор мегиранд. Аммо чораҳои бахшиш пурсидан, яъне назди камера ва ҷомеа қонунгузорӣ чунин ҷазоро пешбинӣ накардааст ва ҳамаи ҳамин ҷазоҳо ғайр аз ҷазоҳои маъмурӣ тариқи суд пешбинӣ шудааст,”—гуфт ҳуқуқшинос.

Ташкили чунин боздоштҳо дар ҳолест, ки аксари боздоштҳову мурофиаҳои муҳиму пурсару садо дар Тоҷикистон пушти дарҳои баста мегузарад.

Дар Тоҷикистон ташкили мурофиаҳои шаффоф, роҳ ёфтани фаъолону наздикони гумонбарон ба мурофиаҳо аз мушкилиҳост, ки дар гузашта борҳо нигарониҳоро ба миён гузошта буд.