Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт барои кашфи "фолбинҳо" дар Тоҷикистон


Ин занро чанд сол пеш ба ҷодугарӣ муттаҳам карданд. Вазорати умури дохилӣ навори хонаи ӯро нашр кард.
Ин занро чанд сол пеш ба ҷодугарӣ муттаҳам карданд. Вазорати умури дохилӣ навори хонаи ӯро нашр кард.

Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли гузашта бештар аз 600 нафареро ошкор кардааст, ки зери номи “табиби халқӣ” ба сеҳру ҷоду машғул будаанд.

Давлатмурод Олимов, муовини раиси хадамот, ки тобеи вазорати тандурустӣ аст, охири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ин нафароне, ки ошкор шуданд, аксарашон номи табиби халқиро бад мекарданд. Онҳо худро табиби халқӣ ном карда, лекин ба амалҳое машғул буданд, ки аз нигоҳи илмӣ ба табобат наздикӣ надошт. Инҳо ошкор шуданд ва ҳушдор гирифтанд, ки дигар фаъолият накунанд. “

Онҳо худро табиби халқӣ ном карда, лекин ба амалҳое машғул буданд, ки аз нигоҳи илмӣ ба табобат наздикӣ надошт.

Ба гуфтаи намояндаи хадамот, ҳамаи ин “табибони халқӣ” бе иҷозаи махсуси вазорати тандурустӣ кор мекарданд ва бисёрашон ба “дуохонӣ ва сеҳру ҷоду” машғул будаанд. Табобат бо дуо ва рафтан назди фолбинҳо то чанд соли пеш маъмул буд, вале ҳоло бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, дуохониву фолбиниву сеҳру ҷоду мамнӯъ аст ва ҷиноят ҳисоб мешавад. Бар асоси Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои сеҳру ҷоду ё фолбинӣ мумкин аст, фарди муттаҳамро то 7 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Мулло Амонулло, як сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷумлаи афродест, ки барои машғул шудан ба дуохонӣ 3,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ танҳо беморонро фақат бо дуоҳо аз Қуръон муолиҷа мекард ва ҳеҷ гоҳ сеҳру ҷоду анҷом надодааст.

“Сеҳру ҷоду дар ислом ҳаром аст. Кори хуб карданд, ки пеши роҳи соҳиронро гирифтанд, вале табобат бо ояҳои Қуръон як кори дуруст аст. Мо аз ин ҳеҷ фоида намегирем ва инро ба хотири пул ҳам анҷом намедодем. Аз барои Худо фақат беморонро дуо мехондем. Ҳоло бисёр муроҷиат мекунанд, вале мо гуфтем, ки қонун манъ кардааст, дигар наоед” -мегӯяд ӯ.

Фолбинӣ ва сеҳру ҷоду бар асоси Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят аст ва нафароне, ки бо он машғул мешаванд, бо иттиҳоми қаллобӣ ҷазо мегиранд. Ҷомеашиносон мегӯянд, ҳарчанд, қонун сеҳру ҷодуро манъ кардааст, аммо табибони ба истилоҳ мардум ва фолбинҳо муштарӣ доранд ва бозорашон гарм аст.

Муроҷиат ба фолбину соҳир бештар аз навмедӣ ҳаст. Як нафаре, ки дар беморхона табобат наёфтааст ва ноумед шудааст, ба фолбин ва ё онҳое рӯ меорад, ки бо дигар усул табобат мекунанд.

Анвар Шарифов, ҷомеашинос ва устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, рӯ овардани сокинон ба фолбину соҳирон, аз он дарак медиҳад, ки мардум роҳе дармони бемориҳои равониро намеёбанд ва рӯ ба онҳое меоранд, ки бар асоси қонун “қаллоб” ба ҳисоб мераванд.

“Вақте як нафар мушкил дорад ва он бо дигар роҳҳо ҳал пайдо намекунад, ӯ ба фолбин рӯ меорад, чун фикр мекунад, ягона роҳи осон ҳамин аст. Муроҷиат ба фолбину соҳир бештар аз навмедӣ ҳаст. Бубинед, як нафаре, ки дар беморхона табобат наёфтааст ва ноумед шудааст, ӯ ба фолбин ва ё онҳое рӯ меорад, ки бо дигар усул табобат мекунанд. Дар мо як гап мӯд шудааст, ки духтурӣ кардӣ нашуд, пеши муллову фолбин рав.”

Ба гуфтаи ӯ, муроҷиат ба фолбину соҳирону дуохонҳо нишондиҳандаи сатҳи ноумедӣ дар миёни мардум буда метавонад. Шикоят аз кори табибон дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд аст, ки дуруст муолиҷа намекунанд ва мардум ҳам фикр мекунанд, шояд муолиҷаи қадимии “табиби мардумӣ” натиҷа бидиҳад.

Гармиву хунукӣ бахши коре аз фолбину ҷодугарон дониста мешавад.
Гармиву хунукӣ бахши коре аз фолбину ҷодугарон дониста мешавад.

Ҳоло хидмати фолбинҳову табибони ба истилоҳ халқӣ аз ҷумла фолкушоӣ аз 20 сомонӣ сар мешавад ва “бахткушоӣ” - ву гармкунӣ ва дигар хидматҳо қиматтар ва аз 100 сомонӣ бештар арзиш доранд.

Дар Тоҷикистон ба табибони халқӣ иҷозаи фаъолият дода шудааст, вале онҳо ҳақ доранд, бо се усул гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ ва масҳ табобат кунанд. Тибқи муқаррарот, иҷозаномаи ҳаққи табобати сӯзандармониро танҳо табибони дорои ин гуна ихтисос ва маълумоти олӣ ба даст оварда метавонанд.

Вале табибони халқии гиёҳшинос бо маълумоти миёна низ дар сурати соҳиби иҷозаномаи вазорати тандрустиро соҳиб шудан расман фаъолият мекунанд. Дар кишвар Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ таъсис дода шудааст ва дар ин марказ ба гуфтаи мақомот садҳо нафар аз табибони мардумӣ давраҳои бозомӯзиро анҷом дода ва ҳаққи пеш бурдани фаъолияти табиби мардумиро ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи Давлатмурод Олимов, муовини раиси Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ, танҳо онҳое ҳамчун табиби халқӣ кор карда метавонад, ки дар марказ давраи омӯзишӣ яксоларо сипарӣ кунанд ва аз вазорати тандурустӣ иҷозаномаи махсус бигиранд.

XS
SM
MD
LG