Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҷодугаронро ҷазои сахттар медиҳанд


Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ҷазо барои касоне, ки ба сеҳру ҷодугарӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул мешаванд дар кишвар сахттар карда мешавад.

Ин ниҳод 17-уми апрел дар хабарномаи расмӣ навишт, феҳрист ё рӯйхати шахсонеро тартиб дода мешавад, ки ба сеҳру ҷоду, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва додани тумору таштоб машғуланд.

Бар асоси хабари Вазорати корҳои дохилӣ, ҷазо барои ин гуна шахсон пурзӯр карда мешавад. Мақомот гуфтанд, бар асоси тағйироти нав ба қонун, ба шахсоне, ки ба гуфтаи вазорат ба мардумфиребӣ машғуланд, то 6 моҳ меҳнати маҷбурӣ таин карда мешавад. То ин вақт чунин шахсон асосан ҷарима мешуданд.

Дар рӯзҳои ахир раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошти афроди муттаҳам ба сеҳру ҷодугарӣ хабар дод. Назари шахсони боздоштшуда маълум нест.

XS
SM
MD
LG