Ба гуфтаи мақомот, Зоя Қосимова, сокини шаҳри Бохтар, ба сокинон ваъда медодааст, ки онҳоро бо “шамъу ришта ва калиду қуфл” табобат мекунад.
Назари зан ба иттиҳоми мақомот дастрас нест.
Пулиси Хатлон рӯзи 27-уми феврал хабар дод, ки ин зан “мардумро фиреб дода, даромади молӣ мегирифт”.
Дар як моҳи охир Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки наздик ба даҳ танро дар шаҳри Исфараю Кӯлобу Хуҷанд ва минтақаҳои дигари кишвар бо гумони машғул шудан ба сеҳру ҷоду боздошт кардаанд.
Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду дар Тоҷикистон аз чор то 6,5 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Бо вуҷуди манъ будани фолбинӣ ва сеҳру ҷоду расонаҳо аз муроҷиати мансабдорони давлатӣ ва наздикони онҳо ба чунин афрод низ менависанд.
Гуфта мешавад, онҳо аз чунин хадамоти мамнуъ барои ҳалли мушкилоти хонаводагӣ, давомдорӣ ва комёбӣ дар зинаҳои ҳокимият истифода мекунанд.