Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро тоҷикон ба фолбинҳо бовар доранд?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хичакбанд, курхат, қайтарма...Ин номгӯи кӯтоҳи хадамоти фолкушоёну сеҳргарон дар Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди расман мамнӯъ будани фолу сеҳргарӣ, фолшкушоён дар Тоҷикистон ба ҳар мушкили муштариёнашон хизматрасонии хосе доранд.

Аз "даму дуо"-и фолбин ё аз кӯмаки табиб?

Сокинон ҳам бо пеш омадани мушкиле дар аксар маврид дари фолкушоёнро тақ-тақ мекунанд. Ҳамида - сокини 26-солаи шаҳри Душанбе яке аз онҳост. Аз санаи ба шавҳар баромадани ӯ се сол мегузашт, аммо натавонист фарзандор шавад. Ҳоло яке аз муштариёни доимии чанде аз фолкушоён аст, ки ҳар яке ба шеваи худ ба ӯ ваъдаи ҳалли мушкилашро медиҳанд.

Шумори фолбинҳо ва ҳамин тавр ба пиҳонкорӣ гузаштани онҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки ду соли қабл аз як сӯ мақомот бо нашри чанд навори бадномкунанда дар телевизион қаллобӣ ва фаҳшкории табибону сеҳргаронро ба намоиш гузоштанд.

"Назди яктоаш рафтем, фол диду гуфт, ки касе пеши роҳамро бастааст ва барои ҳамин кӯдакдор шуда наметавонам. Ҳафтаи дигар боз наздаш хонду гуфт, касе аз аъзои оилаи шавҳарат аст. Гоҳ аз хоҳари шавҳараму гоҳ аз авсунам гумони бад мебурдам",- иброз дошт ӯ.

Ҳамида, дар баробари фолкушоён дар назди табибон ҳам бо ҳамсараш табобат мегирифт ва баъд аз ним сол ҳомиладор шуд. Ҳарчанд дақиқ намедонад, мояи хушбахтии ӯву ҳамсараш духтурон ҳастанд ва ё, фолкушоён, аммо то ба ҳол ба фолбинҳо бовар дорад.

Мансабдорон ҳам ба пеши фолбинҳо мераванд

Ин ҳамсӯҳбати мо бо мушкили худ ва муроҷиат ба фолбинон, танҳо нест. Корафтодагон ба даҳҳо мушкили дигар ба фолбинҳо муроҷиат мекунанд. Шурӯъ аз ҳодисаи дуздида шудани гов, то бад кардани муносибати як кас ба каси дигар, дур кардани чашми бад ва кушоиши кор.

Дар сӯҳбатҳои худмонӣ бархе аз фолкушоён эътироф мекунанд, ки бархе аз мансабдорони баландпоя низ аз муштариёни онҳо ҳастанд. Дур кардани чашми бад аз утоқи корӣ, кушоиши кор ва амсоли ин аз хостаҳои мансабдорон аз фолкушоёну сеҳргарон аст.

Бо ин вуҷуд, фолкушоён дар Тоҷикистон айни ҳол пинҳонӣ амал мекунанд, чунки сеҳру ҷоду дар кишвар расман мамнӯъ элон шуда, ҷиноят шинохта мешавад. Барои фолкушоӣ мақомот метавонанд тибқи банди қаллобии Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз карда, сеҳргаронро ҷазо диҳанд. Аммо мамнӯъ эълон шудани сеҳру ҷоду ва таъйини ҷазо барои ин кирдор, ҷодугариву фолкушоиро аз байн набурдааст.

Чӣ тоҷиконро ба назди фолбинҳо мебарад?

Султон Маҳмадов, як ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ки ду омил дар ҷомеаи Тоҷикистон боварии мардум ба фолу фолкушоиро боло нигоҳ медорад. Аз як сӯ, мақомот дар ҳалли бисёре аз мушкилоти мардум сари вақт расидагӣ намекунанд ва мардум ночор ба фолбинҳо рӯ меоранд. Маҳмадов барои мисол гуфт, одамон бо муроҷиат ба духтур кӯмаки босифати тиббӣ гирифта наметавонанд ва бо маризии худ ба фолбину мулло муроҷиат мекунанд.

“Силоҳи дигар фолбинон ин хурофот аст. Ҳарчанд сатҳи хурофот баланду ҷаҳонбинии илмӣ кам бошад, бозори онҳо гарм аст. Мутаассифона мо бояд эътироф кунем, ки дар мо сатҳи хурофот баланду ҷаҳонбинии аксар маҳдуд боқӣ мемонад”, иброз дошт ӯ.

Талабот ба китобҳои сеҳру ҷоду зиёд шудааст

Дар ҳоле, ки сеҳру ҷоду дар ҷомаеи Тоҷикистон як падидаи роиҷ боқӣ мемонад, талабот ба адабиёт ва китобҳои марбут ба ҷодугарӣ низ зиёд аст. Дар соли гузашта маъмурони Хадамоти гумрук 816 адад китобҳоеро, ки воридоташон ба Тоҷикистон мамнӯъ буд, аз бағоҷи мусофирон мусодира кардаанд. Бештари адабиёти муосдирашуда китобҳое ба мисли “Куллиёти Канзул- ул-Ҳусайн”, “Тим- Тим”, “Таъбири хоб”, Ҷавоҳири таъвизот”, “Хазинаи таъвизот” ва “Нақши Сулаймон” будааст, ки таълимоти сеҳру ҷодуро дар худ доранд.

Хадамоти гумрук аз бархе аз афроде, ки китобҳои сеҳргариро ба Тоҷикистон ворид мекунанд, ном мебарад. Аз ҷумла моҳи декабри соли гузашта кормандони гумрук Ҳаким Абдуллоев, сокини ҷамоати Тахти Сангини ноҳияи Шаҳритусро боздошт кардаанд, ки дар бағоҷаш чанд китоби мамнӯъ, аз ҷумла Канз-ул-Ҳусайн доштааст. Барои талоши кочоқи ин китоб Абдуллоев бо ҳукми додгоҳ 750 сомонӣ ҷарима шуд.

Китобҳое ба мисли Канз-ул-Ҳусайн, “Тим-тим” ва амсоли он ба гуфтаи фолкушоён як навъ роҳнамои онҳо буда таълимоти сеҳру ҷодуро дар бар мегирад.

Шумори фолбинҳо ва ҳамин тавр ба пиҳонкорӣ гузаштани онҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки ду соли қабл аз як сӯ мақомот бо нашри чанд навори бадномкунанда дар телевизион қаллобӣ ва фаҳшкории табибону сеҳргаронро ба намоиш гузоштанд.

Пирмуҳаммадзода: "Ҷодугари амали норавост"

Исмоил Пирмуҳаммадзода.
Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Аз сӯи дигар рӯҳониёни суннатӣ низ ба шиддат сеҳргаронро танқид карда, амали онҳоро “нораво” медонанд.Исмоил Пирмуҳаммадзода, имомхатиби масҷиди ҷомеаи шаҳри Ҳисор ва аз рӯҳониёни пурнуфуз дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷодугарӣ ва ҳар гуна пайравӣ ва ҳатто бовари кардан ба онҳо барои пайравони дини Ислом мамнӯъ аст.

Ӯ гуфт: “Ҷодугарӣ, сеҳр, фолкушоӣ ҳамагӣ ҳаром аст. Мазмуни ҳадиси пайгғомбар аст, ки агар касе қаламро ба нияти ҷоду ва сеҳр болои коғаз мегузарад, Худованд номи ӯро аз мусулмонӣ пок мекунад. Илми ғайбро ба ҷуз Парвардигор касе намедонад”.

Пирмуҳаммадзода гуфт, дар ҳоле, ки тиҷорат дар Ислом як амали равост аммо тиҷорати молу маҳсулоти ҳаром аз ҷумла адабиёти серҳгарӣ гуноҳи азим шуморида мешавад. Тоҷироне ки бо ин роҳ пайсае даромад гирифтанӣ мешаванд бояд бидонанд, ки ин кори онҳо боиси вайронии садҳо оила ва зинда ятим мондани даҳҳо нафар мешавад.

XS
SM
MD
LG