Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд "20 табиби халқӣ"-ро ҷарима ва фаъолияташонро манъ карданд


Сарраёсати назорати давлатии тиббӣ имсол 20 сокини маҳаллиро, ки ба унвони "табиби халқӣ" фаъолият мекарданд, барои машғул шудан ба кори ғайриқонунӣ ва дар шароити бади беҳдоштӣ, ҷарима баста, машғул шудани онҳо ба фаъолияти табибиро манъ кардаанд.

Ба гуфтаи масъулони ин хадамот, ин "табибони халқӣ" умдатан аз роҳи гиёҳдармонӣ, масҳ ё массаж ва хунгирии беморон (ҳиҷомат) машғул буданд. Дар Тоҷикистон табибони мардумӣ танҳо бар асоси иҷозатнома ҳаққ доранд кор кунанд ва дигар фаъолиятҳои мисли фолбиниву сеҳру ҷоду комилан манъ ва ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

Фирдавс ҷарима ва дари "дӯконаш" баста шуд

Яке аз онҳое, ки ба ҳайси табиби халқӣ кор мекарду ахиран муҷозот шуд, Фирдавс Раҳматов, сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ба иттилои мақомот, ин шахс дар манзили худ дар як бинои бисёртабақа, беморонро аз роҳи хунгирӣ муолиҷа мекард. Масъулони Хадамоти назорати фаъолияти тибби ӯро бинобар надоштани иҷозанома ва кор дар шароити бади беҳдоштӣ, ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима баста, аз машғул шудан ба фаъолияти хунгирӣ манъ кардаанд.

Сарраёсати назорати давлатии тиббӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон танҳо 6 нафар табиби халқӣ ё ғайрианъанавӣ расман иҷозаи фаъолият доранд.

Вақте ки ба хонаи Фирдавс Раҳматов рафтем, дарро ба рӯямон худи ӯ кушод. Ӯ гуфт, ҳоло дигар бемор қабул намекунад. "То гирифтани сертификат аз ҳиҷомат кардан манъам карданд. Гуфтанд, ки баъди гирифтани иҷозати расмӣ ба корамон монеъ намешаванд. Ҳозир барои гирифтани иҷозат талош дорем. Аммо медонем, ки осон нест",-афзуд вай.

Дар хонае, ки Раҳматов беморонро барои табобат қабул мекунад, ба гуфтаи ӯ, се оила - худаш ҳамроҳи зану се кӯдак ва бародару волидайнаш зиндагӣ мекунанд. Фирдавс Раҳматов хабарнигори Радиои Озодиро барои дидани ҷои кораш (хунгирӣ) ба дохили хона даъват накард ва гуфт, ки дар хона меҳмон доштааст.

Дар ҳоле, ки аз остонаи дар сӯҳбат мекард, Фирдавс Раҳматов аз кори худ ба ҳайси "табиби ҳиҷомат ё хунгир" ҳимоят кард ва гуфт, ки "ин амал ҳеҷ бадие надорад ва баръакс, агар шахс соле як бор ба ин кор равад, боиси беҳбуди саломатиаш мешавад".

Инчунин, ба гуфтаи Раҳматов, чунин навъи табобат мутобиқ ба аркони дини Ислом аст ва дар гузаштаҳо бисёр роиҷ буд. Вале табиботи касбиву таҳсилдида бо чунин изҳори назарҳо розӣ нестанд ва ҳамеша тавсия медиҳанд, ки дар сурати пеш омадани мушкил, инсон бояд ҳатман ба мутахассиси тиб муроҷиат кунад.

Фирдавс мегӯяд, ки ин касб авлодӣ аст

Фирдавс Раҳматов мегӯяд, хунгириро аз падараш, ки табиби собиқадор буд ва дар замони шӯравӣ дар беморхонаҳои давлатӣ аз роҳи сӯзанзаниву часпонидани зулук (кирм ё шуллуке, ки хуни фосидро аз бадани инсон мемакад) хун мегирифт, ёд гирифтааст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "беморони тарбод, дарди сар, фишори хунашон баланд, простатит меоянд. Бемороне, ки таркиби хунашон вайрон шудааст, вақте ҳиҷома мекунем, саломатиашон беҳтар мешавад."

Ӯ мегӯяд, барои як навбати хунгирӣ 30 сомонӣ подош мегирад ва аз табобати сокинон зиндагии худро пеш мебурд. Фирдавс мегӯяд, ба ҷуз ҳиҷомат, касбу кори дигаре надорад ва манъ шудани ин кор боиси аз даст додани даромади молии оилааш мешавад. Фирдавс Раҳматов, ки маълумоти касбии тиббӣ надорад, баъди ҷарима шуданаш талош дорад аз мақомот иҷозаномаи расмӣ гирифта, фаъолияташро идома диҳад.

"Баъд аз хунгирӣ худро сабук ҳис мекунам"

Дар ҳоле, ки мақомот ба хатарнок будани чунин таҷрибаҳои тиббӣ бо бадани инсон ва зери назари шахси бидуни маълумоти касбии тиббӣ таъкид мекунанд, шумори афроде, ки назар ба тибби касбӣ ба табибони мардумӣ эътимод мекунанд, кам нест.

Бархе онҳо мегӯянд, кафолати дарёфти хадамоти касбии тиббӣ дар назди духтурони дипломдор ҳам вуҷуд надорад, дигарҳо мегӯянд, ки муроҷиат ба табиби мардумӣ дар хонаводаи онҳо манъ набуд ва бархе дигар далелҳои мисли таҷрибаву дониши ин қабил афродро далел меоранд. Бо афзоиши таваҷҷӯҳ ба масоили динӣ, бархе афрод эътимод ба табибонро маҳз аз назари мазҳабӣ барои худ раво медонанд.

Абдусабур Носиров, як сокини 47-солаи суғдӣ мегӯяд, ӯ аз фишорбаландӣ азият мекашад ва соле ҳадди ақал ду бор барои хунгирӣ ба табибӣ мардумӣ муроҷиат мекунад. Мегӯяд, "баъди хунгирӣ худамро сабук ҳис мекунам ва дарди сарам рафъ мешавам".

Носиров мегӯяд, ки аз он ки чунин навъи муолиҷа дар шароити хона ва зери назари табиби худхонда метавонад паёмадҳои ногуворе барои саломатии инсон дошта бошад, ҳарос надорад. "Барои ҳиҷомат чизи бисёре ҳам даркор нест. Як дона алмоси оддии ришгирӣ. Мебинам, ки навашро истифода мекунад. Дигар ин, ки он табиб шиноси надикам аст. Медонам, ки баъди ҳар истифода асбоби ҳиҷомакунашро тоза шуста меҷӯшонад".

"Ваҳшатзада шудам"

Моҳира Юнусова, як зани 30-сола, ки бо вазни зиёд мубориза мебарад, баъди истифодаи усулҳои замонавиву маъмулӣ, мисли варзиши бадан ва парҳез, бо машварати дӯстон тасмим гирифт хунгирӣ кунад. Касе ба ӯ гуфтааст, ки ин усул метавонад ӯро аз мушкили фарбеҳӣ озод кунад. Вале як таҷрибаи хунгирӣ дар шароити хона ӯро ваҳшатзада кард.

Моҳира мегӯяд, "вақте ки дар як хонаи нимторик болои курпача хобонида, ба тахтапуштам теғи алмоси ришгириро расонд, ба даҳшат афтодам. Ростӣ, теғзанӣ қариб, ки дарде надошт, вале фикр кардам он чӣ гуна алмосу чӣ гуна дастгоҳи хунгирӣ бошад, шуста ё ношуста, безараркарда ё не. Ин фикру хаёл дар хонаи торику ҳавояш дам ба рӯҳияам тазйиқ овард, ки мабодо хун медиҳам гуфта, бемориеро биқапам. Хестам ва пироҳанамро пӯшида бадар рафтам."

Мақомот:"Табибони халқӣ бояд иҷозатнома дошта бошанд"

Сарраёсати назорати давлатии тиббӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, фаъолияти табибони халқӣ барои фаъолияти ғайриқонунӣ, риоят накардани талаботи беҳдоштӣ ва Кодекси тандурустӣ боздошта шудааст.

Марҳабо Аҳророва, як масъули ин сарраёсат рӯзи 9-уми октябр гуфт, ин 20 табиб ба қабул ва муоинаву табобати беморон дар манзили иқоматии худ машғул буданд. "Масалан, барои ҳиҷомат аз лавозимоти корбурди якдафъаина истифода намекарданд ва ҳолати беҳдошти ҷои корашон ба ягон талабот стандартӣ ҷавоб намедод. Барои ҳамин, алайҳи онҳо парвандаҳои маъмурӣ боз карда, ҷарима баста шуд ва фаъолияташон боздоштем”.

Ба қавли хонум Аҳророва, табибони халқӣ баъд аз таҳсили ним ё яксола дар Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ соҳиби дипломи ихтисосӣ, масалан, ҳиҷомазан ё маҳсгар гардида, он гоҳ иҷозаи расман фаъолият намудан аз рӯи ин ихтисоси баргузидаи худро ба даст оварда метавонанд.

Пешбинии муҷозот барои фолбинӣ ва сеҳру ҷоду

Чун бештари ба ном "табибони халқӣ" дар Тоҷикистон ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду низ машғул буданд, соли 2007 дар кишвар сеҳру ҷоду расман мамнӯъ шуда, дар сурати ошкор шудани ин гуна фаъолият тибқи банди 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 40 то 100 нишондиҳандаи ҳадди ақал ё аз 1 ҳазор 600 то 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

Президенти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 хостори шадид кардани муҷозот ба фолбинҳо ва сеҳру ҷодугарон шуд ва тибқи пешниҳоди ӯ дар Кодекси ҷиноятии кишвар барои сеҳру ҷодугарӣ то ҳафт соли зиндон пешбинӣ шудааст. Аз рӯи ин модда чанд нафар муҷозот шуд ва саҳнаҳои ба истиолоҳ муолиҷаи чанд нафари онҳо, аз ҷумла табибоне, ки бо безурётии занон машғул буданд, ба телевизион роҳ ёфт.

Ду сол пеш дар Суғд дар ин робита ҳудуди 180 нафар ба ном "табибони халқӣ", ки умдатан ба фолбиниву сеҳру ҷоду, эмкунӣ ва бархе ба табобати одамон бидуни иҷозаи расмӣ машғул буданд, номнавис ва дар ихтиёри идораҳои назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва пулис гузошта шуд. Фаъолияти онҳо қатъ шудааст ва дар сурати идомаи фаъолият муҷозот хоҳанд шуд.

Сарраёсати назорати давлатии тиббӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон танҳо 6 нафар табиби халқӣ ё ғайрианъанавӣ расман иҷозаи фаъолият доранд. Дигарон бидуни иҷозат ошкору пинҳон беморонро қабул ва таври худ табобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG