Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинбаророн, ҷонбаророн ё пулбаророн?


Даҳсолаҳо саркӯби мазҳабӣ дар аҳди Шӯравии собиқ ва талошҳои охири давлати Тоҷикистон барои маҳдуд кардани ҷинбарорӣ натавонистааст, онро решакан кунад
Даҳсолаҳо саркӯби мазҳабӣ дар аҳди Шӯравии собиқ ва талошҳои охири давлати Тоҷикистон барои маҳдуд кардани ҷинбарорӣ натавонистааст, онро решакан кунад

“Ҷинбарорӣ” кору манбаи асосии даромади Сабоҳиддин Шодиев (номи мустаор), рӯҳонии машҳур, дар як маҳаллаи наздик ба шаҳри Душанбе аст. Мегӯяд, ҳар ҳафта тақрибан 15 нафар аз ӯ мехоҳанд, ки “рӯҳи нопок” ё ҷинро аз баданашон берун кунад ва ё аз “чашми бад” халос гардонад.

Ин рӯҳонии 53-сола, ки ҷинбарориро аз падараш омӯхтааст, беш аз бист сол боз ба дуохонӣ ва табобати, ба гуфтааш, “шахсони ҷинзада” машғул аст. Аксар муштариёнаш аз Душанбе ва ноҳияҳои наздик ба пойтахт ҳастанд, аммо бархе ҳам аз минтақаҳои дур меоянд.

Шодиев мегӯяд, барои хидматаш дастмузди муайян надорад ва ҳаққи кори ӯ ба ҳиммати наздикони бемор вобаста аст. “Ҳар кас чӣ қадаре бипардозад,” – гуфт ӯ.

Се рӯҳонии тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, муроҷиатҳо барои ҷинбарорӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар мавриди он ки чанд нафар дар Тоҷикистон ба ҷинбарорӣ машғуланд, омори дақиқ нест. Даҳсолаҳо саркӯби мазҳабӣ дар аҳди Шӯравии собиқ ва талошҳои охири давлати Тоҷикистон барои маҳдуд кардани ҷинбарорӣ натавонистааст, онро решакан кунад.

Қонунҳои Тоҷикистон ин корро мамнуъ намедонанд. Дар солҳои охир чандин нафаре, ки ба ҷинхонӣ машғул буданд, ба иттиҳоми қаллобӣ, озори ҷинсӣ ва сеҳру ҷоду дастгиру зиндонӣ шуданд.

Баъзе аз шаҳрвандон инро идомаи кӯшишҳои давлати дунвявии Тоҷикистон барои назорати “ҳама умури мазҳабии мардум” донистанд. Онҳо манъи ҳиҷоби исломиро дар мактабу идораҳои давлатӣ ва мушкили доштани риши баландро барои ҷавонон ба унвони бахше аз ин корзор мисол оварданд.

Баъзе аз рӯҳониён ва намояндагони давлат аз афзоиши табибон ва муллоҳои худхондаи ҷинбарор хабар медиҳанд
Баъзе аз рӯҳониён ва намояндагони давлат аз афзоиши табибон ва муллоҳои худхондаи ҷинбарор хабар медиҳанд

Ҷинбарорӣ дар миёни пайравони ислому масеҳият ва баъзе аз динҳои дигар ҳаст. Мусулмонон ба ин боваранд, ки “рӯҳи шайтонӣ” ё ҷин метавонад ба шахс “ёр” шавад ва онро ба воситаи хондани сураҳои Қуръон дафъ кардан мумкин аст.

Чанд рӯҳонии тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бисёре аз муллоҳо аз ҷинхонӣ парҳез мекунанд, чун ин кор ба омӯзиши хос ниёз дорад. Дар ҳамин ҳол, талаботи зиёд барои ҷинбарорӣ, ба гуфтаи мақомот, ба афзоиши теъдоди муллоҳои худхондаи ҷинбарор сабаб шудааст. Бархе онро ба унсурҳои сеҳру ҷоду, ки дар Тоҷикистон мамнуъ ва дар дини ислом ҳаром аст, омехта мекунанд.

Кумитаи дини Тоҷикистон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё ҷинхонӣ дар кишвар иҷозат ҳаст ё не, чунин посух дод: “Қонунгузорӣ вобаста ба баъзе аз амалу ҳолатҳое, ки марбут ба бовару эътиқоди мардум аст, муқаррароти муайян надорад. Ба бовари мусулмонон Қуръон хусусияти шифодиҳӣ дорад. Бинобар ин, баъзе аз одамон барои раҳоӣ аз мушкилоти равонии худ дуохонӣ мекунанд. Барои ин кор мардум асосан ба назди афроде мераванд, ки худ салоҳ медонанд. Мутаассифона, ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки аз ҳамин бовару эътиқоди мардум афроди алоҳида суистифода мекунанд ва ҳатто ба сеҳру ҷоду машғул мешаванд. Дар ин ҳолат нисбат ба чунин афрод чораҳои қонунӣ андешида мешавад.”

Гиёҳ, шохаҳои хушкида ва васвасаи шайтон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар солҳои охир наворҳои, ба гуфтаашон, ҷинбарорҳо ва табибони худхондаро нашр ва онҳоро ба дастдарозӣ ба баъзе аз муштариёни зан муттаҳам карданд. Ба назар мерасад, ин видеоҳо ба воситаи дурбинҳои махфӣ сабт шудааст.

Маъмурони милисаи вилояти Суғд дар соли 2021 навореро нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад, шахсе ба номи “Алиҷон Ғаниеви 50-сола” як муштарии занро ба таври ғайримаъмулӣ муолиҷа карда, дар охир бо ӯ иртиботи ҷинсӣ намуд. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Ғаниев аз муштарии 21-солаи худ барои се даври муолиҷа 14 доллар гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистонро солҳои охир барои маҳдудиятҳои динӣ танқид мекунанд
Мақомоти Тоҷикистонро солҳои охир барои маҳдудиятҳои динӣ танқид мекунанд

Телевизиони давлатӣ ончиро, ки “дастгоҳ”-ҳои ҷинбарории Ғаниев медонад, ба мисли корду қарта, гиёҳҳои гуногун ва бастае аз шохаҳои хушкидаи дарахтро ба намоиш гузошт. Ӯ пас аз боздошт дар навори телевизиони давлатӣ гуфт, “аз кардааш пушаймон аст”, чун “зери васвасаи шайтон аз контрол хориҷ шуд”. Мушаххас нест, оё эътирофи ӯ ихтиёрӣ буда, ё зери фишор сурат гирифтааст.

Дар қазияи ба ин монанд, Додгоҳе дар шаҳри Ҳисор соли 2020 Ҷӯрабой Сочаев, муллои ҷинбарорро, ки ба озори ҷинсии як муштарии зан ҳангоми дуохонӣ муттаҳам буд, ба зиндон маҳкум кард. Додситонӣ гуфт, Сочаев барои ҳар даври муолиҷа аз муштариён то 270 доллар мегирифт.

Дар шаҳри Хуҷанд таҳқиқ нисбат ба табиби худхонда Абдувалӣ Набиеви 68-сола, ки моҳи октябри соли 2023 бо иттиҳоми озори ҷинсӣ боздошт шуд, идома дорад. Пулис ва додситонӣ гуфтаанд, ҳеч яке аз ин афрод таҳсили динӣ ё омӯзиши пизишкӣ надоштанд, аммо иддао кардаанд, ки қобилиятҳои вижае барои дафъи ҷинҳо ва шифои беморон доранд.

Марги як зан ҳангоми “ҷинхонӣ”

Чанде пеш як зан ба сабаби зарбу лат ҳангоми ҷинбарорӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон, ҷон бохт ва ин суннат бори дигар дар Осиёи Миёна хабарсоз шуд.

Бар асосии ҳуҷҷатҳои додгоҳ, ду мард дар ин маросим аз путк, занҷир ва чӯб истифода карда, чанд қабурғаи занро шикастанд ва сабаби хунравии дохилӣ шуданд. Онҳоро ба муддати дуним ва се сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Сабоҳиддин Шодиев, рӯҳонии тоҷик, мегӯяд, ӯ ҳаргиз маросими ҷинбарориро надидааст, ки сабаби осеби ҷисмӣ шуда бошад. Вай гуфт, “як таҷриба ҳаст, ки дар вақти хондан бо пушти корд ё чӯби хурд оҳиста-оҳиста ба бадани бемор мезанед ва, албатта, ӯ дод мезанад. Аммо ин задан боис ба марг намешавад. Ҳолате мешавад, ки ҷин роҳи нафаси шахсро мегирад ва ӯро мекушад.”

“Метавонанд бо баҳонаи сеҳргарӣ ба ҷавобгарӣ кашанд”

Шодиев ва рӯҳониёни дигар дар Тоҷикистон ба таври ошкоро ҷинбарорӣ намекунанд, зеро аз эҳтимоли боздошту муҳокима метарсанд.

Тақрибан панҷ-ҳафт сол пеш беморон барои ин маросим ба хонаи Шодиев меомаданд, вале ҳоло ӯ шабона ба хонаи онҳо меравад. “Мақомот метавонанд бо баҳонаи сеҳргарӣ ба ҷавобгарӣ кашанд,” – мегӯяд ӯ. Барои ҳамин, ба гуфтааш, кӯшиш мекунанд, ки пинҳонӣ ба манзили беморон рафта, онҳоро дуо хонанд.

Бо вуҷуди расвоиҳои охир, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба мисли Акмал Ҳалимов, сокини 34-солаи шаҳри Ваҳдат, ба ҷинбарорӣ имон доранд. Ҳалимов мегӯяд, чордаҳ сол пеш, дар айёми донишҷӯӣ дар шаҳр Душанбе “рӯҳи нопоке" ба ӯ “ёр” шуд ва танҳо бо дуохонӣ берун омад.

“Ин махлуқ мӯйи сари аз меъёр дароз дошт. Мехост, маро афтонда, гулӯямро хафа кунад. Хешу табор ба назди як домулло бурданд, даҳ рӯз пайиҳам дуо хонд. Ҳис кардам, ки чизе аз дохилам берун шуд,” -- нақл кард ин сокини шаҳри Ваҳдат.

Ба фарқ аз Акмал Ҳалимов шахсоне ҳастанд, ки бо вуҷуди солҳо ба назди рӯҳониён рафтану дуо хондан, аҳволашон беҳтар нашудааст.

Зӯҳро Мухторова, сокини 32-солаи ноҳияи Мастчоҳ, 22 сол дошт, ки овозаш тақрибан гум шуд ва бо мушкилӣ гап мезад. Табобат дар назди духтурон натиҷа надод.

Наздиконаш бовар доштанд, “ба баданаш ҷин даромадааст” ва ӯро барои дуохонӣ ба назди чанд рӯҳонӣ бурданд. Аммо он ҳам фоида накард. Ӯ то ҳол бо азоб гап мезанад ва дигар дар фикри ҷинхонҳову ҷинбаророн нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG