Хабарҳои зиёди гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурияву Ироқ таваҷҷуҳи Исматулло Раҳимовро ба рафтор ва гуфтори фарзандаш бештар кард. Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, писараш тӯли се сол дар Русия буд ва ҳамеша бо онҳо тамоси телефонӣ дошт. Аммо як соли пеш муносибати фарзандаш бо ӯ ва дигар аъзои хонавода дигар шудааст. Вай рӯзи 12 май гуфт, “вақти сӯҳбат таъкид мекард, ки тарзи зиндагии мо дуруст нест. Мо мусалмони комил нестем ва бояд дар ҷиҳод ширкат кунем.”
Ӯ кӯшиш мекунад, ки дар оила қоидаҳои навро ҷорӣ намояд, каммеҳр мешавад, доштани рӯсариро барои модару хоҳар ҳатмӣ мегӯяд, доим аз ҳадис мисол мерад. Нафареро, ки ақидаҳояшро намепазирад, ҳамчун душман қабул мекунадФаридун Ҳодизода
“Баъзеҳоро мушрик мегӯяд... салом намедиҳад”
Ҳамин ҳарфҳо боис шуд, ки Исматулло Раҳимов ҷиддан дар фикри хулқу хӯ ва табиати писараш шавад. Нахуст ӯ бо ҳамутоқони писараш дар шаҳри Маскав телефонӣ тамос гирифт. “Онҳо ба ман гуфтанд, ки тарзи намоз хондани писарам дигар шудааст, бо ришу мӯи сари баланд мегардад, бо афроди шубҳанок дар “Одноклассники” мукотиба мекунад ва ҳатто баъзеҳоро “мушрик” ном бурда, салом намедиҳад.”
Исматулло Раҳимов мегӯяд, аз ҳамаи ин ҳарфу аломатҳо хеле нороҳат ва нигарон шуда, роҳи Маскавро пеш гирифт. Ҳарчанд бозгардондани писараш аз Русия ба Тоҷикистон кори осон набуд, вале мегӯяд, каме дер мекард, писарро аз даст медод. Ҳоло ин падар, ба гуфтаи худаш, “ба табобати” афкори ҷигарбандаш машғул аст. Тахминан ним сол лозим шудааст, то рӯҳияву рафтори писар маъмулӣ шавад ва ҳоло хонаводаи онҳо барои оиладор кардани ӯ омодагӣ мебинанд.
Нишонаҳои як фарзанди ифротӣ кадом аст?
Исматулло Раҳимов, як рӯшанфикр аст ва мегӯяд, ки тавонист аз нишонаҳои аввал ифротӣ шудани фарзандашро дарк кунад. Вале дар бисёр ҳолатҳои дигар, волидон танҳо баъди боздошту зиндонӣ шудани фарзанд эътироф мекунанд, ки дар рафтору ақида ва тарзи муомила бо наздикон дар бораи ба самти таассуб тағйир ёфтани зеҳни кӯдак, огаҳ шудаанд. Ҳолатҳое ҳам кам нест, ки волидон то охир аз дунёи дигаршудаи фарзанд бехабар мемонанд ва намефаҳмманд, ки дигар ӯро аз даст додаанд.
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, дар асл шинохти ин мушкил чандон душвор нест ва танҳо таваҷҷӯҳу самимияти бештари волидонро ба фарзандон тақозо мекунад. Волидону наздикон бояд пайваста бо фарзандони хона дар тамосу аҳволпурсӣ бошанд ва бидонанд, ки фарзандашон бо киҳо рафтуомад мекунаду мавзӯи сӯҳбаташон чист, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо чӣ афроде дар тамос аст ва то куҷо рафтораш бо наздикон ҳам дигар шудааст.
“180 дараҷа”
Таҳлилгари масоили динӣ Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ҷавоне, ки таҳти таъсири ақидаҳои ифротӣ мемонад, ба қавле “180 дараҷа” тағйир мекунад. “Ӯ кӯшиш мекунад, ки дар оила қоидаҳои навро ҷорӣ намояд, каммеҳр мешавад, доштани рӯсариро барои модару хоҳар ҳатмӣ мегӯяд, доим аз ҳадис мисол меорад. Нафареро, ки ақидаҳояшро намепазирад, ҳамчун душман қабул мекунад”, - гуфт ӯ.
Ин донишманди тоҷик ба ҳарфи волидоне, ки мегӯянд, гӯё тағйиротро дар рафтору зоҳири фарзандашон эҳсос накарданд, чандон бовар намекунад. Вай мегӯяд, волидон аз муҳаббати зиёд ба фарзанди худ ингуна мушкилотро дар назди ҷомеа ошкор намекунанд: “Мардуми тоҷик аз лиҳози равонӣ чунин хусусият доранд, ки то ҳадди имкон талош мекунанд, хатокор будани фарзандро эътироф насозанд ва то ба охир ба гунаҳкор набудани онҳо пойфишорӣ мекунанд.”
То имрӯз додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо ҷавонро бо иттиҳоми ифротгароиву пайвастан ба созмонҳои тундрави мазҳабӣ ба зиндон андохтааст. Маҳз дар додгоҳ бисёре аз онҳо эътироф мекунанд, ки аз ноогоҳӣ ба ин ақидаҳо бовар кардаанд.
Суҳбати як ба як
Як духтаре, ки бо Радиои Озодӣ дар бораи вазъи хонаводаашон сӯҳбат мекард, гуфт, падараш аз рафтори бародари 18-солаи ӯ, ки рӯзе бо модару хоҳар барои напӯшидани рӯсарӣ ва ё рӯймол “ҷанҷол” кард, сахт оташин шуд. Ин духтар, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, падар дари хонаро пӯшиду бародарашро ба сӯҳбати як ба як бурд. Вай гуфт, “намедонам, падарам чӣ гуфтанд, вале вақте акаам аз хона баромад, сараш хам буду шарм медошт. Баъд аз ин, падарам дигар ба сӯи ӯ садо баланд накард, аммо медидам, ки аз дарсу вақтгузарониҳояш назар ба гузаштаҳо зиёд мепурсад, бародарам ҳам самимона бо ӯ сӯҳбат мекунад”.
“Масъала бо ин ҳал нашуд”
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, авҷи гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав дар соли 2000-ум баъди шурӯи таҳсили фаъоли ҷавонон дар мактабҳои динии хориҷӣ шурӯъ шуд. Мақомот бо эҳсоси хатар аз ифротишавии ҷавонҳо дар 7 соли охир се ҳазор ҷавони тоҷикро ба Тоҷикистон баргардониданд.
Вале масъала бо ин ҳал нашуд. Мақомот мегӯянд, баъд аз шурӯи даъватҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия пайвастанд. Шумори зиёди онҳо дар хоки бегона кушта шуданд. Аксари онҳоро таблиғгарони интеренетиву телефонии ДИИШ ба фоҷеа бурданд.