Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия – синоними Сурия? Чаро тоҷикони Истанбул таҳти шубҳa афтоданд?


Аксар муҳоҷирони кории тоҷик дар Туркия аз бозгашти озодона ба Тоҷикистон ҳарос доранд. Мақомоти Тоҷикистон ба ҷавононе, ки аз Туркия бармегарданд, бо шубҳа менигаранд.

Бибинед, ки ин ҷавонон аз Сурия баргашта, танҳо дар Украина ва дигар кишварҳо боздошт шудаанд. Яъне озод аз тариқи Туркия убур кардаанд. Барои ҳамин шубҳа ҳаст.

“Мо садқаи хоки ватанем”

Сайфиддин Эмомов, ки ҳамроҳ бо бародару ҳамсараш дар Туркия қарор дорад, рӯзи 9 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо чунин нигаронӣ ду сол боз наметавонад, ба ватан баргардад. Мақомоти маҳаллӣ борҳо наздикони онҳоро дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон даъват карда, дар бораашон маълумот гирифтаанд. Сайфиддин мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ пас аз он наздикони онҳоро пурсуҷӯ карданд, ки дар бораашон овозаҳо пайдо шуд ва бар асоси ин овозаҳо гӯё онҳо узви ҳаркатҳои ифротӣ ҳастанд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳарчанд, бо тамоми далел бегуноҳии худро дар сӯҳбатҳо бо мақомот исбот карда бошанд ҳам, аммо ҳанӯз ҳам аз бозгашт ба ватан нигаронӣ доранд.

Сайфиддин Эмомов
Сайфиддин Эмомов

"Аввал мақомоти ҳамсари маро нагузоштанд, ки назди ман биояд. Баъдан иҷозат доданд, ки ман хеле миннатдорам. Ҳоло ҳамсари бародарамро иҷозат намедиҳанд, ки аз Тоҷикистон ба наздаш биояд. Мо ба ягон ҳизбу ҳаракат аъзо нестем ва қонунӣ дар Туркия кор мекунем. Хоҳиши мо ҳамин аст, ки ба мо кор надошта бошанд ва озодона ба ватан рафта омада тавонем. Мо садқаи хоки ватанем ва ҳеҷ бадхоҳие нисбати кишвари азизамон надорем", - гуфт ӯ.

Ин ду бародар дар нонвойхона кор мекунанд ва ҳудуди 600 доллари амрикоӣ моҳона дарёфт мекунанд.

Шаҳбоз Раҳимов, сокини 26-солаи вилояти Хатлон пас аз ихроҷаш дар якуним соли пеш аз Русия барои кор ба Туркия рафт ва дар онҷо дар сохтмонҳои гуногун кор мекунад. Шаҳбоз рӯзи 9 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замони набуданаш борҳо мақомоти маҳаллӣ аз хонавода дар бораи дар куҷо будани ӯ суроғ гирифтаанд. Дар бораи ҳузураш дар Туркия мақомот бо шубҳа бо наздиконаш сӯҳбат кардаанд.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Туркия, ки аксаран таҷрибаи кор дар Русияро низ доранд, мегӯянд, вазъ дар ин кишвар ба куллӣ фарқ дорад.

Аз ин рӯ, Шаҳбоз мегӯяд, тасмим дорад, то моҳи май барои издивоҷ ба ватан биравад, аммо аз пурсишҳои мақомот як зарра нигарон аст

“Ҳуҷҷат бошад, касе кор надорад”

Тоҷикон дар Туркия аксаран дар сохтмон ва фурӯшгоҳҳо кор мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо чунин нигаронӣ доранд. Алиҷон Раҳимов, муҳоҷири дигари тоҷик мегӯяд, се сол боз дар Туркия муҳоҷир аст ва як бор ба ватан ба дидорбинии наздиконаш рафтааст, вале касе ба ӯ коре надоштааст. Ӯ гуфт, вақте ӯро пурсиданд ва ҳуҷҷатҳои кор дар Туркияро дар фурудгоҳ нишон дод, дигар касе ба ӯ шубҳа накард.

Ӯ гуфт, “ман ҳуҷҷат дорам, ки дар инҷо кор мекунам. Лекин бисёриҳо бе ҳуҷҷат кор мекунанд ва дар Тоҷикистон далел нишон дода наметавонанд, ки дар Туркия чӣ кор мекарданд. Пас аз ҳамон таркишҳо вазъи мо ин ҷо ҳам хеле бад шуд. Кофтукоб зиёд шуд. Ҳоло дар ин ҷо ҳам тоҷикон рӯз надоранд. Дар Яванчӣ Шӯъба кадом вақте равӣ, тоҷиконро пурсиш доранд”.

Алиҷон мегӯяд, моҳе нест, ки шоҳиди ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Туркия нашавад. “Чанд рӯз пеш як тоҷикро аз Гурҷистон ба Туркия пас гардонданд. Мо назди пулис рафтем, гуфтанд, ки ӯ кадом ҷинояте содир кардааст ва бояд ба Тоҷикистон рафта ҷавоб диҳад.”

Туркия муродифи Сурия?

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Туркия, ки аксаран таҷрибаи кор дар Русияро низ доранд, мегӯянд, вазъ дар ин кишвар ба куллӣ фарқ дорад. Муҳоҷирон дар Туркия ба фарқ аз Русия мушкили бештари забонӣ доранд ва ҳангоми бозгашт низ мавриди шубҳа қарор мегиранд.

Фахриддин Тоҳиров, як ҷавони фаъоли тоҷик дар сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан нигаронии муҳоҷирони тоҷик дар Туркияро эҳсос мекунад. Ӯ гуфт, “дар асл, ҳозир барои бисёриҳо Туркия синоними Сурия шудааст. Бо ҳамватанон сӯҳбат мекунем, нафароне, ки дар Туркия ҳастанд, воқеан пеш аз ба Тоҷикистон сафар кардан ҳатто ягон хешу табор ва ё шиноси калидӣ мекобанд, то дар фурудгоҳ бе фишор, ва ё саволҳои зиёдатӣ гузаранд”.

98 дар сади ҷавонони тоҷик аз Туркия ба Сурия рафтаанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

​Шубҳа ба муҳоҷирони тоҷик дар Туркия дар ҳолест, ки ин кишвар дар чанд соли ахир макони мухолифони тоҷик ва роҳе барои пайвастани тоҷикон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ дониста мешавад.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 8 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ касро дар Тоҷикистон бидуни содир кардани ҷиноят боздошт намекунанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, 98 дарсади ҷавонони тоҷик бар асоси таҳқиқ тариқи Туркия ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, давоми якуним соли ахир 8 ҳолати бозгашти ҷавонон аз Сурия тариқи Туркия сабт шудааст, ки онҳо пинҳонӣ мехостанд, вориди кишварҳои дигар шаванд.

"Бибинед, ки ин ҷавонон аз Сурия баргашта, танҳо дар Украина ва дигар кишварҳо боздошт шудаанд. Яъне, озод аз тариқи Туркия убур кардаанд. Барои ҳамин шубҳа ҳаст. Тафтишу пурсиш барои амнияти шаҳрвандон мешавад, вале касеро бе далел ҳабс намекунанд. Ҳар касе гуноҳ надорад, бе тарс бояд ба ватан биояд ва онҳое ҳам, ки ҷиняот доранд, омада иқрор шаванд, қонунгузорӣ дар аксар ҳолат онҳоро аз ҷавобгарӣ озод мекунад", - гуфт, ин мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Шаҳрвандони Тоҷикистон замоне барои муҳоҷират ба Туркия рафтанд, ки маҳдудият ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия афзоиш ёфт. Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Туркияро аз 2 то 5 ҳазор нафар медонад. Аммо шубҳа кардани мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Туркия ҳангоми бозгашт дар ҳолест, ки пас аз баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бештари аъзояш ба ин кишвар рафтанд.

XS
SM
MD
LG