Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

332 парванда дар Хатлон барои терроризм. Кам аст ё зиёд?


Дар як соли гузашта алайҳи афроди муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ дар вилояти Хатлон 332 парванда боз шудааст. Дар ҳоле ки коршиносон ин рақамро зиёд медонанд, вале дар мақомоти додситонӣ нагуфтанд, ки омор дар муқоиса ба соли 2015 бештар аст, ё камтар.

Темур Бойзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 12 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин теъдод беш аз сад парванда баррасӣ ва омилонаш ба муддатҳои гуногун ба зиндон фиристода шуданд. Вай афзуд, аксари ин парвандаҳо ба иштироки сокинони Тоҷикистон дар

Бархе коршиносон мегӯянд, аз моддаҳои марбут ба ифротгароӣ дар парвандаҳои сиёсӣ сӯистифода шудааст.

ҷангҳои бегона, пайравӣ аз гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ”, ҷараёни мамнӯи “Салафия” ва созмони “Гурӯҳи 24” марбутанд. Соли гузашта танҳо аз як рустои ноҳияи Қубодиён то 30 нафар бо ҷурми ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд, ки 11 тани онҳо хешутаборанд.

Темур Бойзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, бо шурӯи соли нав муҳокимаи парвандаи афроди муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ ҳам оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ахиран Саид Зиёев, сокини 28-солаи деҳаи Камароби ҷамоати Утақар Назарови ноҳияи Қубодиён бо иттиҳоми “фаъолият дар созмони эктремистӣ” ва “қасди барҳам задани сохти конститутсионӣ”, барои 7 сол равонаи зиндон шудааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон.
Додгоҳи вилояти Хатлон.

Бойзода гуфт, Саид Зиёев чанд моҳ пеш аз Русия ба Тоҷикистон баргашта буд ва бар асоси наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар мулоқоти гурӯҳӣ алайҳи ҳукумати кишвар сӯҳбат мекард, аз тарафи мақомоти интизомӣ боздошт гардид. Ба гуфтаи мақомот, дар ин навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст ва дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамчун далели шайъӣ намоиш дода шуд, Саид Зиёев рӯзи 29 сентябри соли 2014 дар издиҳоми ҷавонони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар чанд дақиқаи аввал шиори "Истеъфо" сар додааст.

Аммо Назир Зиёев, падари Саид Зиёв дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзанди ӯ гуноҳ надорад ва аз ноогоҳӣ дар ин ҳамоиш ширкат кардааст. “Ҳеҷ гуноҳе надорад, фақат дар як маҷлис ширкат кардааст. Ҳамон дискҳоро ба мо намоиш додаанд, ки онҷо иштирок кардааст. Чанд бор бозпурсӣ шуд, чанд муддат дар хона буд. Бозпурсӣ карда озодаш мекарданд, вале баъд бо ду модда алайҳи ӯ парванда боз намуданд”, - афзуд ӯ.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳукмҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамагуна ифротгароӣ ва талоши барҳам задани низом дар кишвар содир шудааст, бархе коршиносон мегӯянд, аз моддаҳои марбут ба ифротгароӣ дар парвандаҳои сиёсӣ сӯистифода шудааст. Дар гузашта созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон низ аз мақомоти тоҷик хоста буданд, ки мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро ҳамчун баҳонаи саркӯби мухолифони сиёсиаш истифода накунад. Соли гузашта даҳҳо тан аз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ва гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд.

Тоҷикистон дар соли 2016 “Стратегияи мубориза бо тероризм ва экстермизм”-ро барои панҷ соли оянда қабул кард. Бар асоси ин дурнамо, ки аз ҷониби Додситонии кулл ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон таҳия шудааст, дар ин кишвар бояд Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм, таъсис ёбад. Ҳамзамон дар тамоми Тоҷикистон аз барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯи даст гирифта хоҳад шуд.

Бино ба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шуда ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии пайвастани шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи тундравро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин шаҳрвандон мавриди мағзшӯии таблиғгарони “Давлати исломӣ” қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, беш аз 200 сокини вилояти Хатлон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста ва хабари марги дастикам 20 нафари онҳо ба наздиконашон расидааст. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон соли гузашта гуфта буданд, ки миёни зодагони ин вилоят дар майдонҳои ҷанги Сурия занону тақрибан 20 кӯдаки ноболиғ низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG