Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарде, ки даҳҳо санги мазорро шикаст, бемори равонӣ будааст. ВИДЕО


Намунаи як санги харобшудаи боло қабр.
Намунаи як санги харобшудаи боло қабр.

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Бохтар мегӯянд, фарде, ки даст ба тахриби 28 санги мазор дар оромгоҳи деҳаи Хурсандӣ задааст, як ҷавони 22-сола ва мубтало ба бемории равонӣ мебошад. Аз ҳукумати ноҳияи Бохтар рӯзи 1 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Давлатбекови 22-сола дар ин мавзеъ алафдаравӣ намуда ва даст ба чунин амал задааст. Ба гуфтаи Раҷабалӣ Ҳурматов, раиси ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, тибқи хулосаи тафтишот ин ҷавон дар рӯзи аввал як санг ва фардои он, сангҳои болои 27 қабрро тахриб кардааст.

Яке аз фарзияҳое, ки мақомот онро таҳқиқ карданд, ангезаҳои динӣ доштан ва эҳтимоли зери таъсири ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ ва ё ифротӣ анҷом шудани ин амал мебошад

Ҳодиса баъди он маълум шуд, ки сокинони деҳа рӯзи 21 апрел ба мақомот дар бораи шикаставу хароб шудани сангҳои мазори қабристон хабар доданд. ​Ба дунбол, полиси ноҳияи Бохтар ва ҳам мақомоти дигари маҳаллӣ ба таҳқиқи ҳодисаи тахриб шудани санги мазорҳо оғоз карданд ва даҳҳо нафар, хусусан ҷавононро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Ин ҳодиса, ки аз назари мақомоти маҳаллӣ камсобиқа ​барои ҷануби Тоҷикистон будааст, суолҳоеро дар заминаи ангезаҳои ин ҳодиса, аз ҷумла, эҳтимоли даст доштари афроди ҷиноятпеша ва ё гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ин амалро ба бор овард. Яке аз фарзияҳое, ки мақомот онро таҳқиқ карданд, ангезаҳои динӣ доштани ин амал ва эҳтимоли зери таъсири ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ ва ё ифротӣ анҷом шудани ин амал буд. Тахриби мазор ва сангҳои рӯи қабрҳоро дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз рӯи моддаи “таҳқири ҷасади фавтидагон ва гўри онҳо” муҳокима мекунанд, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар шарҳи қазияи тахриби сангҳои мазори қабристони мусалмонии деҳаи Хурсандӣ-2 сокинони маҳаллӣ ва ҳам мақомот гуфтанд, дар маҷмӯъ сухан аз кандан ва ё шикастани 28 санги болои қабрҳо меравад. Рӯзи 27 апрел дар ҳукумати ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дафъатан баъди огаҳ шудан аз ин ҳодиса полис машғули ҷустуҷӯи гумонбари эҳтимолӣ шуд.

Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини раиси ноҳияи Бохтар он замон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ягон фарзияе дар робита ба қазияи деҳаи Хурсандӣ-2 дар даст надоранд: "Ҳоло чизе намедонем, ҳайронем, ки чӣ шудааст, лек агар чизе аниқ шавад, хабар медиҳем".

Дар Бохтар сангҳои болои қабрро шикастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Сокинони маҳаллӣ он замон гуфтанд, ки мақомот дар амри тафтиши ҳодиса намунаҳои сангҳои порашударо барои ташхис бо худ бурдаанд ва беш аз 30 нафар ҷавонони деҳаро низ мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Дар миёни онҳое, ки барои сӯҳбату бозпурсӣ даъват шуданд, инчунин ҷавонҳое ҳам буданд, ки таҷрибаи муҳоҷирату кор дар Русияро доштаанд.

Дар деҳаи Хурсандӣ-2, ки дар канори шоҳроҳи марказии ноҳияҳои Бохтару Вахш ва шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорад, асосан тоҷикону ӯзбактаборҳо зиндагӣ мекунанд.

Саидаҳмад Ҳайдаров, раиси маҳаллаи Хурсандӣ-2, ки як шабро дар бозпурсии мақомот сипарӣ кардааст, гуфт, онҳо миёни мардум роҷеъ ба шикаста шудани санги қабрҳо сӯҳбатҳо анҷом доданд.

Зимнан, ҳодисаи шикаста шудани санги болои қабрҳо дар вилояти Хатлон камсобиқа мебошад. Дар як ҳодисаи ноябри соли 2015 дар як қабристони ноҳияи Фархор ҷамъияти кӯчаки русҳо дар Фархор, ҷануби Тоҷикистон аз тахриби сангу салибҳои беш аз 3 ҳазор гӯри наздиконашон дар ин ноҳия хабар доданд. Он замон гуфта шуд, ки ба эҳтимоли ғолиб табаҳкорон ба хотири истифодаи маҳсулоти фулӯзӣ, симу арматура ва ҳам сангу хишти қабрҳо дар сохтмони манзилу ҳавлиҳои худ ба ин кор даст мезананд.

Дар як ҳодисаи моҳи маи соли 2015 полис аз рӯи ҳодисаи шикастани 30 сангу катибаҳои болои мазоре дар рустои Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кард. Шаби 18 ба 19 май афроди ношинос санги қариб 30 қабрро шикастаанд. Полис он замон гуфт, ки афроди ношинос шаби 18 ба 19 май санги болои тақрибан 30 қабрро, ки навиштаҷоте бо ҳарфҳои кириллӣ доштаанд, пора-пора кардаанд.

Тахрибу таҳқири оромгоҳи гузаштагонро як амали манфур ва ғайри қобили қабул аз назари маданӣ ва динӣ арзёбӣ мекунанд. Соли 2015 рӯҳонии маъруф эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа беэҳтиромӣ нисбат ба санги мазорҳоро «аз нигоҳи шаръӣ ва аз қонунҳои дунявии кишвар амали разилона» хонд. Вай гуфт, ки "Мардум ба хотири эҳтиром ба гузаштагонашон пул сарф карда дар сари қабр як санги нишона мегузоранд. Ҳеч кас ҳақ надорад, санги мазори падари касеро вайрон кунад».

XS
SM
MD
LG