Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дарси” зидди Салафия дар зиндон. ВИДЕО


Мақомоти Қазоқистон барои ҷилавгирӣ аз ҷалби зиндониён ба сафи гурӯҳҳои ифроте чун Салафия баҳси уламои ин кишвар бо маҳбусонро ташкил карданд. Онҳо мегӯянд, солҳои охир зиндонҳо ба маҳалли "омода кардани" пайравони гурӯҳҳои ифротӣ табдил шудаанд ва набояд ин раванд густариш ёбад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дарси зидди ифротгароӣ дар зиндон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Аввалин нафарони муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ дар зиндонҳои Қазоқистон дар ибтидои соли 2000-ум пайдо шуданд. Азбаски онҳо "донандаҳои" дин ба шумор мерафтанд, зиндониён маҳз ба онҳо пайравӣ менамуданд.

Ҳоло мақомоти Қазоқистон ҳама гуна фаъолияту таблиғи мазҳабро дар маҳбасҳо манъ карда, муфтиёти ин кишвар барои кор бо зиндониҳо шӯъбаи махсусро таъсис додааст. Онҳо дар зиндон баҳсҳои диниро ташкил карда, иалош мекунанд, омилҳои пайравӣ ба равияҳои тундгароро муайян кунанд.

Онҳо дар хонаводаҳои камбизоат ба воя расида, танҳо маълумоти миёна доранд. Ҳатто ҷойи кор надоштанд.
Давлат Абраев

Коршинос Марлен Муслимов гуфт, "сабаби аслие, ки афроди ноогоҳро тӯъмаи созмонҳои ифротӣ мекунад, надоштани дониши динист. Ҳангоми сӯҳбатҳо маълум мешавад, ки онҳо ҳатто ба дарки мафҳуми Салафия намераванд. Яъне, онҳо ашхосе ҳастанд, ки дар ҷомеаи дунявӣ ба камол расидаанд ва ақидаҳои динии мушаххас надоранд. Маҳз онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи ифротгароҳо қарор мегиранд."

Яке аз дигар сабабҳои зиёд шудани тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ дар мушкилоти иҷтимоии ҷавонон унвон мешавад. Ба қавли коршиносон, ҷавонони рустоӣ ва каммаълумоту бекорро хеле зуд мешавад бо идеяҳои дурӯғини бунёди ба ном ҷомеаи адолатпарвар ба доми худ андохт.

Давлат Абраев, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон мегӯяд, аксари тӯбаи гуруҳҳои тфрогтаро низ ҷавонони асосан деҳотии аз 25 то 35-сола ҳастанд. "Онҳо дар хонаводаҳои камбизоат ба воя расидаанд ва маълумоти миёна доранд. То ба зиндон афтодан ҳатто ҷойи кори доимӣ надоштаанд. Аҳли оилаашон низ ба гурӯҳи осебпазири ҷомеа дохил мешаванд. Ҳамсарон ҷое кор намекунанд ва ба тарбияи фарзандон машғуланд. Метавон гуфт, ки маҳз осебпазирии иҷтимоӣ решаи аслиест, ки ифротгароӣ аз он об мехӯрад."

Дар муфтиёти Қазоқистон мегӯянд, бояд террористон дар зиндонҳои алоҳида нигаҳдорӣ шаванд, то ки ақидаҳои ифротии онҳо ба маҳбусони дигар «сироят» накунад. Ержан Малгажаули, муфтии Қазоқистон, мегӯяд, «чунки ин идеология аст. Агар дар хотир дошта бошед, дар замони Шӯравӣ маҳбусони сиёсиро дар зиндони алоҳидаи Ленинград нигоҳ медоштанд.»

Дар Қазоқистон аз байни ҳаракатҳои мамнӯи динӣ ҷараёни тозапайдои Салафия тарафдорони бештар дорад. Мақомот мегӯянд, ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Оқтеппа аз тарафи пайравони ҳамин равия сурат гирифтааст, аммо равияи Салафия ҳанӯз дар ин кишвар расман мамнӯъ нашудааст. Қаблан ҳам дар Тоҷикистон ин пешниҳод садо дода буд, ки афроди муттаҳам ба ифротгароӣ дар утоқҳои ҷудогона нигоҳдорӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG