Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Хатлон: "Таҳсили ғайриқонунӣ дар хориҷ хатарзо аст"


Мақомот дар Хатлон аз таҳсили ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ"-и 130 ҷавони вилоят дар мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки онҳо метавонанд барои суботи кишвар хатар эҷод кунанд.

Генерал Искандар Солеҳзода, муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ ва ҳоло сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар мулоқотҳояш бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят аз таҳсили ғайриқонунии ҷавонони вилоят дар хориҷи Тоҷикистон интиқод карда ва аз волидайни онҳо хостааст, то ҷиҳати баргардонидани фарзандонашон бетараф набошанд.

Генерал Солеҳзода чанде пеш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамоише доир ба мавзӯи ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ гуфт, нахустин афроди гаравида ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ аз миёни он ҷавононе буд, ки дар мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ ба таври ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд.

Искандар Солеҳзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон.
Искандар Солеҳзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон.

"Набояд фаромӯш кард, ки оғози шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Сурия ва Ироқ аз миёни ҳамин ҷавонон буданд, ки дар хориҷ таҳсили ғайриқонунӣ кардаанд. Маълум аст, ки ин ҷавононе, ки дар хориҷ таҳсил мекунад, аз ҷониби гурӯҳ ва давлатҳои алоҳида дастгирӣ меёбанд. Ягон нафар бемақсад ба онҳо кӯмак намекунад. Ҳадаф, шомил кардани ин гуна ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ аст”,-гуфт ин генерали тоҷик.

Бозгардонидани ҷавонони тоҷик аз мадориси исломӣ тақрибан 7 сол пеш шурӯъ шуд. Дар соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон амр дод, он ҷавононеро, ки худашон барои таҳсил ба мадрасаҳои исломӣ ба Арабистони Саудӣ, Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои арабӣ рафтааанд, ба кишвар баргардонанд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, аз 1500 ҳазор сокини вилоят, ки дар мадориси исломӣ ғайриқонунӣ таҳсил доштанд, 1334 нафарро баргардониданд ва ҳудуди 130 нафари дигар ҳамчунон дар хориҷанд. Шаш ҷавон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будаанд, ки мақомот волидайни онҳоро зуд-зуд барои бозпурсӣ даъват мекунанд.

Зарифамоҳ Фақирова, модари 64-солаи Қурбоналӣ Фақирови 30-сола барои таҳсили писараш дар Қоҳираи Миср ба мақомот маълумот медиҳад, вале бо гузашти солҳо наметавонад, писарашро ба ватан баргардонад. Ҳамзамон Зарифамоҳ Фақирова мегӯяд, ки фарзандаш ҳоло барои бозгашт омода нест, чун таҳсили ӯ барои касе мушкил намесозад: "Мақсади дигаре надорад, фарзанди ман, мехоҳад, ки дониш гирад, баъдан баргардад. Ман мегӯям, ки баргард, вале ӯ мехоҳад, баъди хатми донишгоҳ баргардад, Мехоҳам, ки баргардад, вале бо дили худаш кор мекунад."

Ба гуфтаи Зарифамоҳ Фақирова, ҳарчанд мақомот таҳсили писарашро ғайрирасмӣ медонанд, аммо Қурбоналӣ мегӯяд, таҳсилаш тибқи қонун аст. Зарифамоҳ Фақирова соли 2012 барои баргардонидани писараш ба Қоҳира сафар кардааст ва мегӯяд, шароити таҳсилу зиндагиаш хуб мебошад.

Бештари ҷавононе, ки аз вилояти Хатлон дар таҳсили ғайрирасмӣ ҳастанд, асосан сокинони навоҳии Бохтар, Ҷалолиддин Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлобанд. Замоне, ки ҳукумат, аксарияти ҷавононро ба ватан баргардонид, тасмим ин буд, ки онҳо таҳсилро дар дохил идома диҳанд. Қисме аз онҳо ба донишкадаву донишгоҳҳо шомил шуданду таҳсилро идома доданд, аммо бақия маҷбур шуданд ё ба муҳоҷират раванд ё боз ба ҷои пешинаашон дар кишварҳои исломӣ.

XS
SM
MD
LG