Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 соли зиндон барои нашри 20 видеои таблиғи ДИИШ


Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 26-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (“зархаридӣ”) ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ин мард, ки танҳо ҳарфи аввали номаш – О.К. зикр мешавад, охири соли 2016 боздошт шудааст.

Додгоҳ мегӯяд, гуноҳҳои ин шахс дар мурофиа пурра исботи худро ёфт ва ӯ барои кор ба манфиати гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пушти панҷара рафтааст. Тоҷикистон барои ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги хориҷӣ ва ҳам иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар, муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад.

Додгоҳ мегӯяд, ки ин ҷавон беш аз 20 видеои таблиғи ҷиноятҳои ДИИШ-ро дар саҳифаи худ дар як шабакаи иҷтимоии Интернет ҷой дода, инчунин чанд ҷавони дигарро барои узвият дар "Давлати исломӣ" ҷалб кардааст. Мақомоти додгоҳ ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин ҳукм гуфтанд, ки то қувваи қонунӣ гирифтани он, аз гуфтани ҷузъиёти парванда худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, ин ҷавон беш аз 20 видеои таблиғи ҷиноятҳои ДИИШ-ро дар саҳифаи худ дар як шабакаи иҷтимоии Интернет ҷой додааст.

Ҳамин қадар маълум аст, ки ин ҷавон дар шаҳри Маскав бо аъзои созмони дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯи ДИИШ ҳамдастӣ доштааст ва баъди бозгашташ ба Тоҷикистон боздошт шуд. Вокуниши худи муттаҳам ба ин ҳукм, аз ҷумла эътирофи иттиҳомот аз ҷониби худи маҳкумшуда дар даст нест. Дар бархе ҳолатҳо маҳкумшудаҳо ва ё хешовандонашон ба “бепояву асос” будани иттиҳомашон пофишорӣ ва аз набуди адолати додгоҳӣ шикоят мекунанд.

Мақомот мегӯянд, соли ҷорӣ додгоҳҳои вилояти Хатлон чандин чунин ҳодисаи марбут ба фаъолиятҳои ифротиро муҳокима ва муттаҳамонро пушти панҷараи зиндон андохтаанд. Соли 2016 додгоҳҳои Тоҷикистон беш аз 900 нафарро барои фаъолиятҳои мамнӯи экстремистиашон ба зиндон маҳкум кардаанд. Таҳлилгарон дар Хатлон мегӯяд, ки беш аз 90 дар сад афроде, ки барои пуштибонӣ аз ақидаҳои "Давлати исломӣ" маҳкум шудаанд, ҷавонон будаанд ва на танҳо хонаводаҳои худро ангушнамо, балки шаҳру навоҳии зисташонро ҳам ба рӯйхати "сиёҳ"-и мақомот ҷой додаанд.

Манотиқи "осебпазир" аз ифротгароӣ дар Хатлон

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мақомот номи чанд ноҳияро, ки аз ҳама бештар ҷавонони ифротӣ доштаанд, ба ин рӯйхати ба қавли онҳо манотиқи осебпазир ҷой додаанд. Ин ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус , Қубодиён ва чанд ноҳияи дигар дар минтақаи Кӯлоб будааст. Як ҳайати кории мақомдорони вилоят тасмим гирифтанд махсус дар ҳамин ноҳияҳо корҳое дар амри ҷилавгирӣ аз терроризму экстремизм ба роҳ монанд, ки дар баробари мулоқоти сӯҳбатҳои рӯбарӯ, инчунин барномаҳои консертию фарҳангиро дар бар мегиранд.

Яке аз ин ноҳияҳо – Шаҳритус буда, мақомот дар ин ҷо пайваста барномаҳои мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ баргузор мекунанд. Чанде пеш Абдуалим Исмоилзода, раиси ноҳияи Шаҳритус дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки умедвор аст ин сӯҳбатҳои онҳо натиҷа хоҳад дод ва исми ин ноҳия солҳои баъдӣ аз феҳристи ноҳияҳои осебпазир аз назари шомил шудани ҷавононаш ба гурӯҳҳои ифротӣ соқит мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, шумораи ҷавонони ин ноҳия, ки бо ҷумми ифротгароӣ муттаҳам шудааст, дар соли 2015 - 39 нафар ва дар соли 2016 - 12 нафарро ташкил додааст. Моҳи августи соли 2015 гурӯҳе аз сокинони ҷавони ин ноҳия парчами "сиёҳ"-и ДИИШ-ро дар ҳайкали Исмоили Сомонӣ, дар маркази ноҳияи барафрохта будаанд. Ин ҷавонҳо баъдан боздошт ва зиндонӣ шуданд.

65 нафар аз Қубодиён дар сафҳои ДИИШ

Қубодиёни ҳаммарз бо Шаҳритус аз ноҳияҳои дигари осебпазир гуфта мешавад, ки кирдори ифротгароии сокинони деҳаи Қизилнишон дар ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолият” ин ноҳияро дар сархати хабарҳо қарор додааст. Дар ҳоле, ки мақомот тариқи расонаҳои давлатӣ муборизаро ба ифротгароӣ пурзӯр намудааст, вале масъулин мегӯяд, ки бояд бо забони узбакӣ -- забонии модарии сокинони Қизилнишон сӯҳбату мулоқоҳо баргузор намоянд.

Зафар Файзуллоев, раиси ноҳияи Қубодиён.
Зафар Файзуллоев, раиси ноҳияи Қубодиён.

Зафар Файзуллоев, раиси ноҳияи Қубодиён дар як нишасти хабари гуфта буд: “Талош мекунем, ки аз мардуме, ки хуб узбекиро медонанд, истифода кунему ба мақсад бирасем, чорабиниҳои фарҳангӣ зуд-зуд баргузор мешавад, то тавонем мавзуи ифротгароиро аз миён бубарем". Аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин ноҳия 65 нафар ба сафи "Давлати исломӣ" пайваста, дар миёни онҳо як марди 45 ва як зани 50-сола ҳам ҳастанд, ки пеш аз сафар ба Сурия боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол аз додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, ки моҳи декабри соли гузашта 8 нафар сокини деҳаи Қизилнишон пеш аз сафар ба Сурия боздошт ва аз як нафараш як сол, дигаронаш 5 мутаносибан то 20 соли равонаи зиндон шудаанд.

Коршиносон дар вилояти Хатлон омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизу ҳаракатҳои манӯи терористӣ, шомил шудани онҳоро ба "Давлати исломӣ" дар надоштани шуғли муносиб, ноогоҳии динӣ ва беназоратии волидайнашон мебинад. Тибқи иттилои расмӣ, 210 сокини ҷавони Хатлон, аз ҷумла занону кӯдакон дар қаламравҳои зери назари ДИИШ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG