Ба назар мерасад пайомадҳои ҳамлаи террористӣ дар Русия ва муттаҳам кардани шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ на танҳо ба вазъияти муҳоҷирони тоҷик таъсир гузошт, балки тасвири Тоҷикистонро ҳамчун давлат хадшадор кард. Чаҳор тоҷикистонӣ, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ омилони асосии ҳамла ҳастанд, мавриди шиканҷа қарор гирифтанд.
Ҳар рӯз дар мавриди табъиз ва бегонаҳаросии ошкор алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа дар расонаҳо гузориш чоп мешавад. Ҳатто афроде, ки ба таври қонунӣ дар хоки Русия ҳузур доранд ва дар доираи қонунҳои ин кишвар кор мекунанд, мавриди рафтори золимона қарор мегиранд. Мақомот дар Душанбе сукут ихтиёр кардаанд ва ин суолҳоро дар мавриди тавоноии давлат барои муҳофизат аз шаҳрвандони худ эҷод мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сукути ҳукумат дар баробари гӯши бурида ва шиканҷаи тоҷикон дар Русия чӣ маъно дорад?“Агар чунин мешуд…”
Бахтиёр Сафаров, мудири ширкати “Central Asia Consulting” дар Вашингтон, мегӯяд, Тоҷикистон дар даврони истиқлол натавонист ба таври зарурӣ манфиати шаҳрвандони худро, ки Маскав ҳар амалеро дар баробари онҳо раво мебинад, дифоъ кунад.
“Ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Русия дар муддати кӯтоҳтаре метавонистанд посухи муассир диҳанд. Онҳо метавонистанд дар 24 соат иқдомоти бештаре рӯи даст бигиранд ва ба ҷойи нашри як баёния мавқеи худро муайян кунанд. Тоҷикистон бояд барои бадрафторӣ бо шаҳрвандони худ ба сафири Русия номаи эътирозӣ медод ва хоҳони иқдомоти фаврӣ мешуд,” -- мегӯяд Сафаров.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми март дар баёнияе гузоришҳои аввалияи расонаҳои Русияро дар мавриди боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон нодуруст номид, зеро замони рух додани ҳамлаи террористӣ ду нафари онҳо дар Тоҷикистон ва яке дар шаҳри Самараи Русия қарор доштанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи аввалинаш аз расонаҳо дархост кард, ки ҳангоми бозтоби воқеа ба гузориши ниҳодҳои Русия такя кунанд, зеро “нашри иттилооти таъйидношуда метавонад ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир дар хориҷ аз кишваранд, осеб расонад.”
Як шӯрои вобаста ба сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми март бо нашри эъломияе аз муҳоҷирон хост, аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ варзанд.
Ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар робита бо асли бегуноҳӣ ва шиканҷаи шаҳрвандони худ сукут ихтиёр кардаанд. Умед Бобозода, омбудсмени дар Тоҷикистон, дар посух ба пурсиши “Азия-Плюс” гуфтааст, дар ҳоли ҳозир аз ҳар гуна баёния ва муроҷиат ба Кумитаи тафтишотии Русия худдорӣ мекунанд.
Муҳоҷирати мушкилзо
Коршиносони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ таъкид мекунанд, ки мавқеъгириҳои сусти Душанбе дар солҳои дароз ба далели омилҳои сиёсии дохилӣ ва қувват гирифтани вобастагии иқтисодӣ аз бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла бозори кори Русия шакл гирифтааст.
“Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи заифи худро дар масъалаи муҳоҷирони корӣ медонад. Солҳои охир бо ҳадафи коҳиши вобастагӣ аз бозори кори Русия ва пайдо кардани роҳҳои дигари муҳоҷират иқдом ва барномаҳо роҳандозӣ шуданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи қобили таваҷҷуҳе ба даст наомадааст,” -- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ аз Душанбе.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фақр, беадолатӣ, мағзшӯӣ... Чаро тоҷикон абзори дасти ДОИШ мешаванд?Ба гуфтаи ӯ, сабаби ин амр моил набудани мақомот ба эътирофи саҳми муҳоҷирон ва нишон додани бефарқӣ ба ин қишре аз шаҳрвандон ва ҳамчунон набудани барнома барои омода кардани нерӯи кории босифат барои кишварҳои дигар аст.
“Масъала ин аст, ки бештари муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар бозори кор аз мақоми поинтарин бархӯрдоранд ва маҳоратҳои баланд надоранд. Аз ин рӯ, наметавон онҳоро барои кор ба Иттиҳоди Аврупо, Корея ё Ҷопон фиристод. Мақомот барои тағйири вазъ ҳеч кор намекунанд. Дар кишвар амалан низоми омода кардани мутахассисони фаннӣ фалаҷ гардидааст. 75-80 дарсади муҳоҷирони тоҷик ихтисоси дақиқ надоранд ва барои ин дар сохтмонҳо, бозорҳо, ронандаи такси ва ғайра кор мекунанд”, -- мегӯяд як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои гуногун талош карданд ба кишварҳои Халиҷи Форс, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Бритониё ва ғайра нерӯи кор фиристанд, аммо Русия масири асосӣ монд.
Пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия то 40 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои мақомоти Русия, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба 2 миллион нафар мерасад. Ҷониби Тоҷикистон ин рақамро камтар мешуморад.
Ширин Амонзода, вазири пешини кору муҳоҷирати Тоҷикистон, барои ёфтани масирҳои ҷойгузин барои муҳоҷирати тоҷик фаъолтар буд, аммо баъдан бо як амри раиси ҷумҳур аз вазифааш ронда шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Набуди ислоҳот ва озодӣ
Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд муҳимтарин чизе, ки мақомоти кишвар бояд аз ҳамла ба толори "Крокус Сити" биомӯзанд, дарки ниёз ба ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.
“Беш аз 30 сол боз Тоҷикисон таҳти як низоми истибдодӣ бидуни тағйир зиндагӣ мекунад, ки бар асоси хешовандсолорӣ (непотизм) бунёд шудааст. Ҳеч расонаи мустақил дар кишвар вуҷуд надорад, ҳуқуқи асосии мардум, аз ҷумла афроди эътиқодманд пайваста нақз мешавад ва фасоди молӣ дар низоми додгоҳӣ ва иҷроия решадор шудааст. Дигарандешон ва ҷонибдорони озодии баён таҳти пайгард қарор мегиранд. Миллионҳо нафар кишварро тарк карданд ва барои пайдо кардани воситаҳои зиндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия кор мекунанд. Аммо, онҷо низ бо нақзи ҳуқуқи ошкори инсон рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳато доштани шиносномаи Русия онҳоро аз ҳисси “инсони наъи дувум” наҷот намедиҳад,” -- таъкид кард корманди пешини вазорат. Ба гуфтаи вай, мақомотро лозим аст ба ислоҳоти решаӣ даст зананд.
“Дар ғайри сурат, мақомоти Тоҷикистон бо равишҳо ва мамнӯиятҳои худ кишварро ба лонаи терроризм... ва ҳар гуна таъхир вазъи сиёсӣ-иҷтимоиро бадтар мекунад ва боиси бештар шудани фаъолиятҳои террористӣ дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон хоҳад шуд. Ин амр замоне рух медиҳад, ки нақзи ҳуқуқи башар, фақр, беадолатӣ, сатҳи пасти таҳсил ва вокуниши андешаҳои ифротии динӣ дар канори ҳам қарор мегиранд. Ҷилави чунин равандро дигар наметавон бо мамнӯиятҳо, эълон кардани феҳристи террористӣ, маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандон ва расонаҳо гирифт,” -- мегӯяд Каримҷон Аҳмадов.
Назорати дин
Дар даҳ соли гузашта дин дар Тоҷикистон дар зери назорати шадиди мақомот қарор дорад. Мамнӯияти рафтани ноболиғон ва занон ба масҷид ва мамнӯияти ғайрирасмии ҳиҷоби занон ва риши мардон вуҷуд дорад, ки боис ба танқиди мақомот мегардад.
Кумисюни озодии мазҳабии байнулмилалии Амрико моҳи майи соли 2023 Тоҷикистонро дар қатори 17 кишваре қарор дод, ки дар заминаи озодии динӣ боиси нигаронии хосанд. Дар миёни тавсияҳои дигар ба ҳукумати Амрико пешниҳод кардааст, ки мақомоти ин кишвар бояд мавриди таҳримҳои ҳадафманд қарор гиранд. Ин санад замоне нашр шуд, ки Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ дар мавриди озодии мазҳабӣ аз Тоҷикистон боздид кард.
“Назорати таҳсилоти динӣ ва канор задани шахсони соҳибнуфузи динӣ аз саҳна барои мақомот ҳамчун ғалаба бар ифротият буд, аммо амалан натиҷаи баръакс хоҳад дод. Ҷавонон, ки дар дохили кишвар таҳсилоти динии лозимӣ намегиранд, дар муҳоҷират туъмаи гуруҳҳои ифротӣ мешаванд. Бо таваҷҷуҳ ба ин раванд, мақомот бояд муносибати худро ба дин бознигарӣ кунанд,” -- таъкид кард як шореҳи сиёсӣ аз Душанбе бе зикри номаш.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, вуҷуди фазои солими корӣ дар Тоҷикистон ба коҳиши фавҷи муҳоҷират мусоидат мекард ва ислоҳоти сиёсӣ ба вазъи иҷтимоии кишвар асари мусбат медошт. Аммо, ин равандҳо ба фурсати зиёд ва иродаи сиёсии роҳбарияти давлат ниёз дорад.
Суол инҷост, ки оё ҳамла ба "Крокус" мақомдорони радаи аввали Тоҷикистонро ба фикр кардан водор мекунад?