Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар гӯши Шуморо ҳам бибуранд..." Вокуниши корбарони рус ба боздошти тоҷикон


Акс аз навори шабакаҳои иҷтимоӣ
Акс аз навори шабакаҳои иҷтимоӣ

Имрӯз дар бораи ҳодисае суҳбат мекунем, ки пиру ҷавон дар Тоҷикистон дар бораи он гап мезананд. Дар бораи нақши эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар марги 144 нафар дар толори консертии "Крокус" дар канори Маскав.

Ин дафъа мебинем, ки шаҳрвандони Русия дар бораи боздошти тоҷиконе, ки ба "амали террористӣ" муттаҳам мешаванд, чӣ мегӯянд. Шарҳҳоро аз сомонаи "Радио Свобода", бахши русии Радиои Озодӣ, гирд овардем.

Аз шарҳи Наталия Серкова шуруъ мекунем, ки бо ишора ба буридани гӯши Саидакрам Раҷабализода, яке аз муттаҳамон ба ҳамла чунин навиштааст: "Агар рӯзе гӯши Шуморо ҳам бибуранд, ба эҳтимоли зиёд фавран эътироф мекунед, ки Усома бин Лодан ҳастед. Мехостем, муфаттишон барои ёфтани далелҳои гунаҳкор будани тоҷикон заҳмат бикашанд, аммо ин корро накарданд. Додгоҳ паси дарҳои баста сурат гирифт, хабарнигоронро берун карданд. Агар ҳақ бар Шумост, пас чаро хабарнигоронро меронед?"

Имрӯз навбати террористон, фардо агентҳои хориҷӣ, пасфардо навбати ҳар касе, ки қиёфааш ба рафиқ майор маъқул нашуд.

Корбари дигаре бо номи Владимир Богоград, дар сомонаи бахши русии Радиои Озодӣ навиштааст, ҳеч бовар надорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон амали террористиро анҷом додаанд. Шарҳи ӯ ҷузъӣ ва дароз аст, вале порчае аз онро ҳамроҳ мехонем:

"Ин тоҷикон ба мисли бибии ман террорист ҳастанд. Ҳамаи инро ФСБ ва бо дастури Путин тартиб дод... Дар "Крокус" шуъбаи пулиси Павшино аст. Дар онҷо аслиҳа нигаҳ медоранд. Аммо ягон маъмури пулис барои наҷоти мардуме нарафт, ки террористон ба онҳо ҳамла карданд. Фақат чаҳор нафар. Пулис гурехтанро авлотар донист. Онҳо ба ҷойи муҳофизати мардум гурехтанд, то худро наҷот диҳанд."

Яке дигар аз корбарон бо номи Олег Дамаскин ҳам шубҳа кардааст, ки чаҳор нафар метавонистанд, чунин ҳамлаи хунине анҷом диҳанд ва бо ишора ба синну сол, вазъи хонаводагии муттаҳамон ба ҳамла дар “Крокус” чунин навиштааст:

"Бо назардошти тасвири муттаҳамон, ки яке 19-сола, дигарӣ соҳиби як села фарзанд, саввумӣ сартарош, метавон гуфт, ки онҳо бандитҳои ботаҷриба нестанд, вале мисли қотилони касбӣ амал карданд. Дар муддати кӯтоҳе зарари азиме расонданду аз ҷойи ҷиноят ғайб заданд. Инҷо чизе дуруст нест."

Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳамла дар воқеъ кори дасти гурӯҳи тундрави ДОИШ аст ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ин созмону ширкати онҳо дар амалҳои террористӣ гапи наве нест. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, бовар доранд, ҷавонони тоҷик дар амали террористии "Крокус" даст доштанд. Шарҳи як корбар, ки худро дар Фейсбуки Радиои Озодӣ "Курбанов Саттор" муаррифӣ кардааст:

"Онҳо хунсардона одамони бегуноҳро куштаанд. Ӯ худаш гуфт, ки барои 500 ҳазор рубл. Ба сабаби ҳамин нокасон мо ба кӯча баромада ва бо мардум суҳбат карда наметавонем. Миллати куҳанбунёд ва сарбаланди моро шармсор карданд. Акнун бо онҳо то охири умр мисли ҳайвон рафтор муносибат мекунанд."

Дар ин байн бисёриҳо рафтори маъмурони амниятии Русияро сахт танқид кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳадде бераҳмона задаанд, ки яке аз онҳо аз роҳ рафтан мондааст. Станислав Дмитриевский гуфтааст, бо назардошти бадрафториву бераҳмии маъмурони амниятии Русия бовар кардан сахт аст, ки афроди боздоштшуда, террорист ҳастанд.

"Дигар ба ҷое расидем, ки шиканҷаро дар Русия қонунӣ карданд. Коре, ки ҳамеша мекарданд ва аз эътирофаш хиҷолат мекашиданд, ҳоло бо ифтихор дар тамоми кишвар нишон медиҳанд. Аз буридану хӯрондани гӯш, то ба барқ мондан. Латукӯб, ки маъмулист. Имрӯз навбати террористон, фардо агентҳои хориҷӣ, пасфардо навбати ҳар касе, ки қиёфааш ба рафиқ майор маъқул нашуд. Зимнан, аз куҷо медонем, ки дастгиршудагон, дар ҳақиқат террорист ҳастанд? Аз ФСБ-и Русия, ки шиканҷа мекунад, гӯш мебурад ва маҷбур мекунад, ки онро бихӯрӣ ва сипас дар Интернет мегузорад?"

Свет Ясний, як корбари дигар, бо танқиди сахти мақомоти Русия барои бадрафторӣ ва шиканҷаи муттаҳамон ба анҷоми амали террористӣ дар толори консертии “Крокус” дар канори Маскав гуфтааст, умед надорад, ки Русия рӯзе кишвари орӣ аз ин навъ беадолатӣ ва зӯроварӣ бошад. Шарҳаш ин аст:

“Куҷоӣ Русияи бузургу нозанин, кишвари осудаву хушбахт, бе ҷаллодону мардумозорон, бе ҷинояткорони ҷангӣ ва бе диктаторҳои ситамгар? Ингуна кишвар ҳеч гоҳ набуд ва намешавад.”

Барномаро дар инҷо бинед:

"Ҳамаи инро ФСБ бо дастури Путин тартиб дод..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Назари Шумо ба ин гуфтаҳо ва ба даст доштани эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” чӣ аст?

XS
SM
MD
LG