Мақомоти Русия ҳамлаи маргборро ба толори консертӣ кори дасти шаҳрвандони Тоҷикистон медонанд. То кунун нуҳ зодаи кишвар бо ҳамин иттиҳом дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд. Бубинем, ки мардум дар Фейсбуку Инстаграму ҷойҳои дигар дар ин бора чӣ мегӯянд.
Аз шарҳи Зебо Наимова оғоз мекунем, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузошта ва аз афзоиши ифротгароӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Шарҳаш чунин аст:
"Чанде пеш гуфта будам, ки Тоҷикистони мо монанди Афғонистон шуда истодааст. Масҷиди бисёр, муллоҳои бесавод фанатизмро то ба ин дараҷа оварда расонд. Ана, акнун оқибаташро дида истодаед. Дар ҳар масҷид рӯҳонии босавод шуданаш лозим."
Шарҳу навиштаҳое ба мисли ин дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбуку Инстаграм зиёд аст ва корбари дигар бо номи Бақозода Абдураҳмони Раҳим дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст, агар ҷавонони тоҷик ингуна корҳоро такрор кунанд, "батадриҷ аз тоҷики худамон безор мешавем ва ин яқин аст."
Монанд ба ин шарҳи дигареро ҳамроҳ мехонем, ки корбаре бо номи Лоиқ Миров дар саҳифаи мо дар Фейсбук гузоштааст: “Солҳои пеш чӣ воқеаи баде мешуд, метарсидем, ки номи мусулмонро нагиранд. Имрӯз метарсем, ки номи тоҷикро нагиранд. Бисёр бад аст ин. Чаро тоҷик?”
Навиштаҳо дар бораи он ҳам зиёд аст, ки худи тоҷикон баҳонаву сабаб пеш меоранд, ки онҳоро ба ифротгароӣ муттаҳам кунанд. Ба қавли гуруҳе аз корбарон, шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо дар Русия, мизбони аслии муҳоҷирони тоҷик, балки кишварҳои дигари ҷаҳон мухолиф ба фарҳангу меъёри он ҷойҳо рафтор мекунанд.
Шарҳеро бо ин мазмун корбаре бо номи “Рушди Ватан” дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузоштааст: “Тоҷикбачаҳои бесавод ва бемаданияти шаҳрвандӣ дар Туркия ҳам миллатро шарманда кардаанд. Илтимос, тавре рафтор кунед, ки дигарон аз пушти Шумо беобрӯ нашаванд. Мо миллати таърихӣ ва аберагони ҳазрати Ҷалолиддини Балхӣ ҳастем. Хаста шудем, аз пуштибонии Шумо.”
Корбарони зиёде дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук шарҳҳои мухтасаре гузоштаанд, ба мисли Сӯҳроб Муъминов, ки гуфтааст, “ин миллати моро чӣ шуда бошад?” Корбаре бо номи “Силий” навиштааст, “дигар сар бардошта наметавонем”. Мубориз Ҳодибоев гуфтааст, ки “Номи тоҷик дар бало монд.” Ба ақидаи Муҳаббат Аюбова, акнун тоҷикон дар ҳама ҷой бадном шуданд.
Шарҳи зиёде ҳам гирифтем, ки нишон медиҳанд, мардум ҳанӯз бовар надоранд, ки муттаҳамон ба қатли бештар аз 140 нафар дар рӯзи 22-юми март тоҷиканд. Шарҳашон ҳам ин аст, ки мардумро дар толор дигарон тирборон карданду ба гардани тоҷиконе задаанд, ки сахт латукӯбу шиканҷа шудаанд.
Шарҳи корбари дигаре бо номи мустаори “Лас Вегас” чунин аст: “Номи тоҷикро паст карданд. Акнун агар дар сайёраи Миррих ягон нооромӣ шавад, ба сари тоҷик мезананд. Афсӯс.”
Дар ин байн, корбароне ҳастанд, ки роҳҳои решакан кардани ифротгароӣ ва пешгирӣ аз даст задани ҷавонони тоҷикро ба терроризм пешниҳод кардаанд. Шарҳеро аз саҳифаи Радиои Озодӣ аз Инстаграм гирифтем ва он ҳам аз корбаре бо номи мустаори “Шукран” аст. Тавсияаш ҳам ин аст:
“Заводу фабрикаҳоро зиёд кунед, корхонаҳоро ба кор андозед, маошро хубтар кунед, вазифаро нафурӯшед, хидмати ҳарбиро як сол кунеду сарбозонро гуруснаву ташна намонед. Ана, баъд террорист кам мешавад. Ин чӣ бало омад ба сари тоҷики мо. Миллати мо таърихи бой дорад. Аз пушти бесаводиву бетарбиягӣ ва бекорхӯҷагии баъзе аз ҷавонон номи ҳама тоҷик паст.”
Барномаро дар инҷо бинед:
Воқеан номи тоҷику тоҷикон паст шуд? Шумо чӣ мегӯед?