Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақр, беадолатӣ, мағзшӯӣ... Чаро тоҷикон абзори дасти ДОИШ мешаванд?


Маскав, 25-уми марти 2024
Маскав, 25-уми марти 2024

Рӯйхати тоҷикистониёни муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаҳои террористии ДОИШ дар ҳоли афзоиш аст. Чаро тоҷикон ба таври фазоянда абзори дасти ин гурӯҳ мешаванд ва чӣ касе масъули ин амр аст?

Ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав (22-юми март) пас аз ҳодисаи монанд дар Кирмони Эрон ҳамлаи дувуми террористии бузург аз ибтидои соли ҷорӣ аст. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) масъулияти анҷоми онҳоро бар уҳда гирифт.

Дар ҳар ду ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам ҳастанд. Чаҳор нафаре, ки нерӯҳои амниятии Русия омилони мустақими ҳамлаи террористии охир дар наздикии Маскав мешуморанд, мавриди шиканҷаи пеш аз муҳокима қарор гирифтанд, ки дар доираҳои коршиносӣ суолҳои зиёдеро дар мавриди эътироф ва иттиҳомҳои баъдӣ алайҳи онҳо эҷод кард.

Ҳатто хешовандони дури Раҳмон дар Инстаграм акси зиндагии ғании худро нишон медиҳанд. Ҳеч роҳи қонунӣ барои мубориза бо беадолатӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Дар айни ҳол, тайи чанд соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолияти бесобиқае дар гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар кишварҳои мухталиф аз худ нишон доданд.

Тасдиқи воқеият

Номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар се ҳамлаи террористии гузашта дар қаламрави Эрон, омодагӣ ба даҳшатафканӣ дар Туркия, Олмон, Австрия ва Ҳолланд хабарсоз шуд.

Муҳаммад Яъқуб, вазири дифои ҳукумати “Толибон”, моҳи январи соли ҷорӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон бештарин мушорикатро дар ҳамлаҳои террористии ду соли гузашта дар Афғонистон доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар аввали моҳи март дар дидор бо рӯҳониён изҳор дошт, ки тайи се сол 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар анҷоми ҳамлаҳои террористӣ даст доштанд ё дар таҳияи онҳо дар чандин кишвар муттаҳам шуданд. Чаро кишваре, ки умдатан нерӯи корӣ содир мекунад, ба маҳалли парвариши ифротгароҳои ҷавон табдил мешавад? Суоле, ки дар пасманзари ҳамла ба "Крокус Сити" бештар шунида мешавад.

Манбаи мушкил куҷост?

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил, омили иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз сабабҳои аслитарини ифротӣ шудани ҷавонон медонад; замоне ки ҷавонон (ба ҳошия рондашуда) ҷойгоҳи иҷтимоии худро аз даст медиҳанд ва мавриди таблиғи муассир аз тариқи интернет қарор мегиранд, ба ин гуна созмонҳо пайваст мешаванд.

"Дар тӯли даҳ соли гузашта ҷиҳодиён ба иҷрои стратегияи нав - истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ интернет - шуруъ кардаанд. Қаблан онҳо барои таъсир гузоштан бар масҷид талош карданд, аммо мақомот тавонистанд бо он мубориза баранд. Аз ин рӯ, ифротгароҳо ҳоло рӯйи интернет тамаркуз мекунанд," - мегӯяд ин сиёсатшинос.

"Дар миёни тоҷикон бахши бузурге аз мардум вуҷуд дорад, ки онҳоро метавон ба унвони ҳошиянишин табақабандӣ кард. Ҳар сол 150 ҳазор одам вориди бозори кор мешаванд, ки бештари онҳо ба манзури муҳоҷирати корӣ кишварро тарк мекунанд," -- мегӯяд Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи монанд ба ифротгароиро дар кишварҳои Тунис, Марокаш, Алҷазоир ва Миср метавон мушоҳида кард, кишварҳое, ки муҳоҷирати корӣ дар онҳо болост.

Тоҷикистон аз назари суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Ҳар сол аҳолӣ ба таври миёна 2,4 дарсад афзоиш меёбад. Саҳми аҳолии қобили кор ҳудуди 70% аст, аммо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар миёни кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ камтарин мизонро дорад. Муҳоҷирати нерӯи корӣ ба Русия омили муҳиме дар коҳиши бори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва майдони фаъолияти мағзшӯии гурӯҳи ДОИШ аст, ки дар бисёре аз кишварҳо гурӯҳи террористӣ эълон шудааст.

Мубориза барои адолат?

Темур Умаров аз Маркази мутолеоти Русия ва АвруОсиёи Карнегӣ дар Берлин мегӯяд, фақр ва нобаробарии зиёд дар даврони рақамишавӣ ва шаффофияти ҷаҳонӣ эҳсоси беадолатиро шиддат мебахшад.

Темур Умаров
Темур Умаров

“Ба вижа дар низомҳои сиёсие ба монанди Тоҷикистон, ки хонаводаи Раҳмон тақрибан ҳамаи кишварро дар даст доранд ва қудрату дороии худро пинҳон намекунанд. Ҳатто хешовандони дури Раҳмон дар Инстаграм акси зиндагии ғании худро нишон медиҳанд. Ҳеч роҳи қонунӣ барои мубориза бо беадолатӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Режими Раҳмон дар тӯли се даҳаи қудрати худ тамоми мухолифони сиёсии худро нобуд кард ва дар солҳои охир дар омодасозӣ барои интиқоли қудрат боқимондаи ҷомеаи маданӣ ва афроди дорои нуфуз, аммо мунтақиди ҳукумат дар минтақаҳоро поксозӣ кард. Дар натиҷа танҳо роҳи наҷот барои норозиён дар кишвар ифротгароӣ мемонад”, -- менависад Умаров.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баҳогузории мушобеҳ дошт. Ба гуфтаи ӯ, мақомот дар тӯли даҳ сол дар Тоҷикистон шароитеро эҷод карданд, ки ҷавононро ба оғӯши ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ мебарад.

“Ҷавонтарини ин чор нафар 19-сола аст ва калонтаринашон 30-сола. Инҳо касоне ҳастанд ки дар замони ҳукуматдории Раҳмон таваллуд шуданд, ба воя расиданд, дар мактаб хонданд ва дар ҳамон масҷиде амри маъруф шуниданд, ки имомхатибаш аз тарафи Раҳмон таъин шудааст ва хутбаи он намози ҷумъаро Эмомалӣ Раҳмон менависад, манзурам Кумитаи дини назди Раҳмон. Чунин ҷавонон ҳазорҳо нафаранд, пас кӣ метавонад масъулияти чунин ҷавононро ғайр аз Раҳмон ба дӯш бигирад?” – суолгузорӣ мекунад Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Ба гуфти ӯ, ҳузури унсурҳои ифротӣ ба мақомоти Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки саркӯби мардумро дар робита бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тавҷеҳ кунанд. “Аммо ҳамин ҳодисаи охир фикр накунам ки дар ниҳояти кор ба манфиати ҳукумати Тоҷикистон бошад, зеро агар фишорҳо болои муҳоҷирин зиёд шавад, як қисми онҳо маҷбур мешаванд ба ватан баргарданд ва ин буҳрони иқтисодию иҷтимоиро дар Тоҷикистон бештар хоҳад кард. Он метавонад дар оянда ба буҳрони сиёсӣ овард,” -- мегӯяд Кабирӣ.

Ҳамла ба “Кроскус” рӯзи 22-юми март рух дод. Тибқи иттилои мақомоти Русия, 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб дидаанд. Ҳамлаварон ба теъдоде аз мардум тирандозӣ карданд. Бештари онҳо дар натиҷаи сӯхтор ва дуди зиёд ҷон бохтаанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бар уҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG