Хабарнигори Радиои Озодӣ манзили волидони Лутфуллои Назирмадро дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пайдо кард. Онҳо аслан аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буда, ҳабдаҳ сол пеш ба инҷо кӯчидаанд.
Падараш, Назримад Ҳаётов, ба ҳайси мудири Қасри фарҳанги ноҳияи Панҷ кор кардааст, аммо нахост дар бораи қазияи писараш суҳбат кунад. Дари хонаашон қуфл буд.
Баъзе аз ҳамсояҳояш гуфтанд, Лутфуллои Назримад мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ба иттиҳомҳои эълоншуда нисбат ба ӯ дар Русия бовар надоранд.
Ҳанифа Ҷабборова, яке аз ҳамсояҳои Лутфуллои Назримад, рӯзи 3-юми апрел гуфт: "Ҳафт моҳ пеш ба Русия рафт. Мо ҳам шунидем, ки чунин ҳодиса шудааст. Умуман бовар надорем. Бачаи нағз буд, ягон сухани дағал намегуфт, писари аҷоиб буд."
Хонум Ҷабборова афзуд, натанҳо ӯ, балки хешовандон ва ҳамсояҳои дигар низ аз хабари боздошти Лутфуллои Назримад бисёр нигарон ҳастанд: "Бовар кунед, ҳамон шаб то саҳар хоб нарафтам. Бовар надорам, ки ӯ чунин кор кардааст. Тамоман бовар надорам."
Лутфуллои Назримади 24-сола фарзанди калонии Назримад Ҳаётов будааст. Як корманди ҳукумат дар ноҳияи Панҷ бе зикри номаш гуфт, падари хонадон ӯро барои кор ба Русия фиристода буд, то бо мадади писараш соҳиби манзил шаванд.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 28-уми март Лутфуллои Назримадро ба камияш то охири моҳи майи имсол ба ҳабс гирифт. Парвандаи ӯ бар асоси моддаи "анҷоми амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта, ки боис ба марги одамон шудааст" таҳқиқ мешавад.
Баъзе аз расонаҳои Русия навиштанд, ки ӯ як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав барои дағалӣ бо полис боздошт ва дертар гуё рабт доштанаш ба ҳодиса собит шудааст. Азбасаи мурофиа паси дарҳои баста гузашт, мавқеи худаш маълум нест. Дар зодгоҳаш ба дурустии он шубҳа доранд.
Видеоро дар инҷо бинед: