Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Крокус", марз... Назарҳо аз Душанбе ба лағви сафари бевиза ба Туркия


Шаҳри Самарқанд, 15-уми сентябри соли 2022
Шаҳри Самарқанд, 15-уми сентябри соли 2022

Аз 20 апрел шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани раводид (виза)-и Туркия бояд ба намояндагиҳои ин кишвар муроҷиат кунанд, ҳуҷҷату пул супоранд, мунтазир монанд. Дар он сурат ҳам маълум нахоҳад буд, ки иҷозаи вуруд ба ин кишварро мегиранд ё на. Як соҳибкори тоҷик ин ҳолатро мояи нигаронӣ донист.

"Албатта, ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Туркия ҳам ба соҳибкорон, ҳам ба шаҳрвандон душворӣ пеш меорад. Нархи молу коло боло меравад. Мушкил мешавад," – гуфт соҳибкори тоҷик Гулноз Исоева.

"Таъсир ҳаст, вале андак"

Коршиносони бахши иқтисод таъсирро ба додугирифти ду кишвар андак медонанд. Онҳо ҳадс мезананд, ки ин иқдоми муваққатист. Баҳром Шарифов, намояндаи Пажуҳишгоҳи иқтисоду демография, рӯзи 9-уми апрел гуфт:

Баҳром Шарифов
Баҳром Шарифов

"Метавонад камтар ба рафтуомад ва сайёҳӣ таъсир расонад. Барои одаме, ки ба тиҷорат ва саёҳат меравад, аз 90 то 190 доллари иловагӣ хароҷоти он қадар калон нест. Аз ин нуқтаи назар, мегӯям, ки қарор бештар зери эҳсосот қабул карда шудааст ва бояд муваққатан бошад."

Туркия дар миёни кишварҳое, ки рӯйи кору хидматрасонӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, мақоми 14-умро дорад. Гардиши солонаи мол миёни ду кишвар дар соли гузашта ба 363 миллион доллар расидааст.

Лағви низоми бевиза аз сӯйи Туркия, ки бар хилофи урфи дипломатӣ бидуни дар ҷараён гузоштани ҷониби Тоҷикистон расонаӣ шуд, ҳадсу гумонҳои зиёдеро ба бор овард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар оғоз гуфт, Туркия аз ин тасмими худ Душанберо пешакӣ огоҳ накардааст ва ҳоло Тоҷикистон тарҳи ҷавобиро баррасӣ мекунад. Дертар ин ниҳод ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт “ҷониби Ҷумҳурии Туркия 6-уми апрел ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ намуд”.

Сабаб чист?

Ҳарчанд сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, “интизор меравад низоми бораводид муваққатӣ бошад”, далели ҷорӣ шудани онро шарҳ надодааст.

Иддае тахмин мезананд, ки ҳодисаи “Крокус” дар вилояти Маскав ва муттаҳам шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақши эҳтимолии онҳо дар ҳамла ба як калисои Туркия дар гузашта сабаби чунин тасмим шуда бошад. Анкара баъди ҳамла ба “Крокус” гуфт, ду гумонбари ҳамла баъди сафари кӯтоҳмуддате ба Туркия аз Истанбул ба Маскав рафтаанд.

"Мо бо Туркия аз чанд ҷиҳат наздик ҳастем. Тоҷикистон набояд ба реаксияи бисёр давлатҳое, ки ба зидди мо кор мекунанд, диққат диҳад. Инҳоро нодида гирад беҳтар аст. Чунки вақте мо худамон кӯшиш мекунем, ки дарҳоро ба рӯйи худамон бандем, албатта ин минус ё ҷиҳати манфие барои худамон ба вуҷуд меорад,” -- пешниҳод мекунад Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан моҳи январи имсол дар сафараш ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тавофуқи ду кишвар барои имзои созиши марзӣ дар баҳор паём дод. Ба таври ғайрирасмӣ Туркия аз кишварҳое дониста шуд, ки гуё ин баҳсҳоро мудирият мекунад.

Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байнулмилал, дар масъалаи раводиди Туркия омили баҳси марзиро истисно намедонад: "Туркия баъди соли 2020, ба вижа баъди оғози ҷанг дар Украина, сиёсати худро дар минтақа бисёр қавӣ кард ва хостори чунин унсурҳои имиҷсозона буд. Мавқеи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин буд, ки онҳо масъалаи сарҳадии худро бидуни миёнрав ё кишвари сеюм амалӣ мекунанд. Хостаҳои зиёде, ки Туркия дошт, шояд ба ҳамин чиз дахл дошта бошад."

Даъват ба созмони туркӣ?

Ин коршинос, ҳамчунин, ба ишора ба ҷомеаи коршиносии минтақа ва унсурҳое, ки аз сӯйи Туркия мешавад мегӯяд, ки онҳо шадидан хоҳони мақоми нозир доштани Тоҷикистон дар Созмони кишварҳои туркӣ ҳастанд.

Бино ба иттилои пойгоҳи eurasiatoday Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури пешини Туркманистон, ҳафтаи гузашта дар Душанбе аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, моҳи октябр дар 300-солагии шоири туркман Махдумқулӣ ва нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони кишварҳои туркӣ ширкат кунад. Ин пойгоҳ низ тахмин задааст, ки ба Тоҷикистон мақоми нозир дар ин созмонро пешниҳод мекунанд.

Моҳи ноябри соли 2022 дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ Самарқандро “маркази тамаддуни туркӣ” эълон карданд. Бинобар таъйиди баъзе аз манбаъҳо, ин амалкард нигарониҳоро дар сатҳи олии Тоҷикистон ба унвони ягона кишвари форсзабони минтақаи Осиёи Марказӣ ба бор оварда буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Назарҳо аз Душанбе ба лағви сафари бевиза ба Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:44 0:00

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон нархи раводидро аз 60 то 190 доллар эълон кард. Ин қарор ба онҳое, ки ҳоло дар Туркия қарор доранд, рабт надорад. Онҳо метавонанд 90 рӯз бе ҳуҷҷати иловагӣ дар Туркия ҳузур дошта бошанд.

Туркия ва Тоҷикистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардаанд. Анкара низоми раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2018 бекор карда буд ва Тоҷикистон соли 2021 ба шаҳрвандони Туркия сафари 30-рӯзаи бидуни визаро иҷоза дод. Туркия яке аз масирҳои транзитӣ ва муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG