Хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи 27-ми март ба хонаи Фаридунни Шамсиддин воқеъ дар деҳаи Лойобаи шаҳри Ҳисор рафтанд ва касе намедонист, ки пайвандони Фариуни Шамсиддин дар куҷоянд.
Гулбаҳор Ҷонова, ҳамсари амаки Фаридун гуфт, падару модарои ҷавони боздоштшударо мақомот омада, аз ҷойи кор ва хона бурдаанд.
"Кӯдакҳоро гирифта, ба хонаи отаат рав"
Ба гуфтаи наздиконаш Фаридун шаш моҳ пеш ба Русия рафтаву он ҷо кор карда, ба хонаводааш пул мефиристод. Бо оилааш тамоси доимӣ дошта, дар охирин сӯҳбат, ки ба рӯзҳои ҳодиса иттифоқ афтодааст, вай ба ҳамсараш паёми садоӣ фиристодааст.
Гулбаҳор Ҷонова мегӯяд, ҳамсари Фаридун баъд аз ин пайём нигарон буд ва гиря кард. "Вақте, ки бегоҳ гиря карду пурсидамаш чӣ ҳолат дорӣ, гуфт, Фаридун гуфтааст, кӯдакро гирифта, хонаи отат рав, ман омада, гирифта хона меорам”.
Додгоҳе дар шаҳри Маскав шаби 24-уми март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт. Мақомоти Русия эълон карданд, ки Фаридун чанд рӯз қабл аз ҳодиса аз Туркия ба Маскав омадааст. Наздиконаш аз ин ки ӯ ба Туркия сафар дошт ё не изҳори бехабарӣ карданд. Аз боздошти ӯ пайвандон тариқи наворҳои нашршуда огоҳ шудаанд.
"Бегоҳ буд, як садои баланд шуд, аз хонаам давида омадам. Дар он ҷо ҳуши келин рафтааст. Гуфтам чӣ гап аст, гуфтанд, сурати шавҳарашро нишон додем аз ҳуш рафт. Баъд ба ман нишон дод, ки дар ҳолате, ки вайро дастонаш бастагӣ гуфта истодааст, ки ҳамин корро кардам барои пул. Охир вай зарурати пул ҳам надошт",- гуфт Гулбаҳор Ҷонова.
6 сол дар зиндон
Фариддуни Шамсиддини 25-сола, дар соли 2014, замони таҳсил дар синфи 7-уми як мактаби миёнаи Ҳисор бо гумони озори ҷинсии ноболиғи 6- сола боздошт ва барои 6 сол равонаи зиндон шудааст. Соли 2020 аз зиндон раҳо ва пас аз ду сол оиладор шуд. Ҳоло як тифли 8-моҳа дорад. То рафтан ба Русия дар шаҳри Ҳисор дар нонвойхонае кор мекардааст.
Хешовандони Фаридуни Шамсиддин дар деҳаи Лойоба мегӯянд, пас аз раҳо шудани аз зиндон дар рафтору кирдори ӯ амалкардҳои ғайриинтизореро мушоҳида накарда буданд.
Бино ба маълумоти мақомоти Русия, Фаридуни Шамсиддин дар ин кишвар дар хонаи апааш сабти ном шуда буд. Баъдан сару садоҳое нашр шуд, ки гӯё пас аз ҳодиса шавҳари апааш барои дар хона сабти ном кардани Фаридун, ҳамсарашро талоқ додааст. Мақомоти Русия ҳам занро аз кишвар хориҷ кардаанд. Аммо наздикон ва мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар бораи омадани Маҳбуба Заргарова, апаи Фаридун, маълумот надоранд.
Тағоймурод Шарипов, мудири мактаби 44-и шаҳри Ҳисор, ки бо хонаводаи Шамсиддин Заргаров, падари Фаридун қудо аст, дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки Маҳбуба Заргарова ба Тоҷикистон наомадааст ва дар бораи дар куҷо будани ӯ маълумоте надоранд.
Харидори мошин ва додарарӯс. Фаридун бо Исломовҳо чӣ пайвандӣ дошт?
Мақомоти Русия, зодаҳои Тоҷикистон, Исроил Исломов ва ду писараш Диловар ва Аминҷон Исломовро дар пайи ин ҳодиса боздошт карданд. Далели боздошти онҳо мошинест, ки гумонбарон рӯзи ҳамла бо он ба ҷойи ҳодиса омада ва баъдан фирор карданд. Ин мошинро гӯё Фаридун аз Исломовҳо харидааст.
Бино ба таъйиди раиси маҳаллае дар шаҳри Душанбе, ки хонаводаи Исломовҳо ин ҷо зиндагӣ мекунанд, Маҳбуба Заргарова, апаи Фаридун ҳамсари Аминҷон Исломов будааст.
Дар навори бозпурсии мақомоти Русия пас аз ҳодиса нашр карданд, Фаридун дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, ки барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт.
Шабакаҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд. Бахши русии Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот бо такя ба саҳфаҳои Фаридуни Шамсиддин дар шабакаҳои маҷозӣ, маълум кардааст, ки ӯ чанд аксе аз ҳузураш дар Истанбули Туркия нашр карда ва номашро дар бархе шабакаҳои маҷозӣ Абдулло гузоштааст.
Абдулло, ки дар бозпурсӣ аз ӯ ном бурданд кӣ аст?
Бино ба ин таҳқиқот ва иқрори Фаридун дар бозпурсии мақомоти Русия ӯ аз тариқи паёмрасони Телеграм бо “ёвари руҳонӣ” тамос гирифтааст.
Бахши русии Радиои Озодӣ дар ин таҳқиқот тахмин задааст, Абдуллое, ки Далерҷон Мирзоев дар бозпурсӣ аз ӯ ном бурд, ҳамин Фаридуни Шамсиддин аст.
Пас аз ҳамлаи маргбор, бино ба маълумоти мақомоти Русия, Фариддун Шамсиддинро бо ҳамон мошин дар вилояти Брянский дар марзи Укринабоздошт карданд.
Ҳамла ба толори мусиқии “Crocus City Hall" дар наздикии шаҳри Маскав шоми 22-юми март сурат гирифт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 27-уми март гуфт, дар ин ҳодиса 140 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, дар умум 11 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд.
Навори бозпурсии боздоштшудаҳо, ки бо шиканҷа сурат гирифтааст, суолҳоро дар бораи то куҷо воқеӣ будани иқрори онҳо доғ кардааст.
Гуфтугӯ