Рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева, ки ба ташкили тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муттаҳам дониста мешуд, 21 сол зиндонӣ шуд. Оё ӯ воқеан барои давлат хатар буд? Чаро мақомот тасмим гирифтанд, Мамадшоеваро чунин сахт муҷозот кунанд?
Улфатхоним Мамадшоеваи 65-соларо дар аввали моҳи декабри соли 2022-юм ба зиндон маҳкум карданд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, мурофиаи додгоҳии ӯ паси дарҳои баста баргузор шуд ва, аз ин рӯ, ҷузъиёти ҳукм маълум нест.
Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро бар асоси 8 банди қонун, аз ҷумла "даъвати оммавӣ ба сарнагунии сохти конститутсинонӣ" гунаҳкор кардаанд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон Мамадшоева ва ҳамсари пешини ӯ, генерали нерӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашов; сарҳанг Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки моҳи майи соли 2022 кушта шуд ва сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамоновро ба ташкили тазоҳурот дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ гунаҳкор карданд.
Эътироф таҳти фишор?
Улфатхоним Мамадшоева ва ҳамсари пешини ӯ Холбаш Холбашов дар филми “Шикасти фитна”, ки дар шабакаҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд, гуноҳи худро "эътироф" карданд. Афроди наздик ба онҳо мегӯянд, эътироф метавонад, натиҷаи шиканҷа бошад, ки ҳамеша дар рафти тафтишот дар Тоҷикистон таҷриба мешавад.
Худи Улфатхоним Мамадшоева қабл аз боздошт шудан, рӯзи 17-уми майи 2022, дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ ва “Настоящее время”, гуфт, “ӯ ба ҳеч амали ғайриқонунӣ даст назадааст”.
“...ман як вакили мудофеъ ва рӯзноманигорам. Ба чунин иттиҳомот аз сӯи ВКД алайҳи ман фақат метавонам бигӯям, ки ба ҷуз аз виҷдони пок ва ҳамдардӣ ба мардуми камшуморам-помириҳо, чизе барои гуфтан надорам”, - навишта буд ӯ 17-уми май дар гуруҳи фейсбукии Pamir News.
Дар зимн, рӯзноманигороне, ки дар ҳоли мусоҳиба бо Улфатхоним Мамадшоева буданд, мавриди ҳамла қарор гирифта, дурбину василаҳои дигари сабташон рабуда шуд. Аз ин рӯ, мусоҳибаи ахири ӯ нашр нашуд.
Аз сулҳсозӣ ба тадрис
Шахсони наздик ба Мамадшоева ӯро ҳамчун як намояндаи қишри рӯшанфикр ва устоди донишгоҳ медонанд, ки таҷрибаи вакили мудофеъ, рӯзноманигорӣ, тадрис дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва фаъолияти сулҳсозиро дар солҳои ҷанги дохилӣ дар корномаи худ дорад.
Улфатхоним Мамадшоева дар солҳои 90-ум узви Нерӯҳои дифоии Бадахшон буд, ки расман бахше аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф буд ва шохаҳои низомиву сиёсӣ дошт. Мамадшоева масъули иртибототи Нерӯҳои дифоии Бадахшон буд.
Ӯ аввалин намояндаи Нерӯҳои дифоии Бадахшон буд, ки дар соли 1993 бо фиристодаи вижаи Созмони Милал Ливиу Бота мулоқот карда, нақшаи раҳоии кишварро аз бунбасти ҷанги шаҳрвандӣ пешниҳод кард ва, ба гуфтаи Бота, барои расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дод.
Ӯ пас аз имзо шудани қарордоди сулҳ дар “доираи ҷазби нерӯҳои мухолиф ба сохторҳои давлатӣ” дар ниҳодҳои марзбонӣ ба кор пардохт, аммо пас аз чанд муддат онро тарк кард.
“Мамадшоева хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Рӯзноманигориро дар солҳои 90-ум дар телевизион ва радиои ВМКБ оғоз кард. Дар аввали солҳои 2000-ум бо нашрияҳои пештоз ба монанди “Азия-Плюс”, “Вечерний Душанбе” ва “Дайджест-пресс” ва радиои “Ватан” ҳамкорӣ мекард. Суннат ва русуми мардуми тоҷикро меомӯхт ва дар матлабҳояш аз онҳо менавишт. Ғайр аз рӯзноманигорӣ таҷрибаи устодӣ низ дорад. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст,” -- гуфт яке аз дӯстони наздики Улфатхоним Мамадшоева. Ҳамсуҳбати мо дар Тоҷикистон аст ва ба далели амниятӣ нахост, номашро нависем.
Соли 2014 созмони иҷтимоии “Номус ва инсоф”-ро таъсис дод, ки дар заминаи пешгирии хушунати хонаводагӣ алайҳи занон кор мекард. Улфатхоним Мамадшоева то замони боздошт ба ин кор машғул буд.
Мақомот дар филми нашршуда ӯро барои кор ба нафъи давлатҳои хориҷӣ, додани иттилоъ ба ин кишварҳо ва гирифтани маблағ аз хориҷ муттаҳам карда, аммо далели мушаххас наоварданд. Ба гуфтаи ҳамкорони Мамадшоева, дарёфти грант барои фаъолияти ҳуқуқи башар як раванди қонунӣ аст, ки таввасути ҳар созмони ғайридавлатӣ дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон анҷом мешавад.
Филми “Шикасти фитна” лаҳзаи дидори Улфатхоним Мамадшоеваро, ба гуфтаи мақомот, бо баъзе дипломатҳои хориҷӣ нишон медиҳад. Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, “ҳадафи дидорҳои Мамадшоева пешгирӣ аз хунрезӣ дар ВМКБ буд”.
“Пас аз рухдодҳои моҳи ноябри соли 2021 дар ВМКБ ва оғози корзори тасвири бади мардум аз сӯи расонаҳои давлатӣ; замоне ки зодагони Бадахшон мисли солҳои 90-ум аз суҳбат бо забони худ меҳаросиданд, Улфатхоним дари ҳамаи созмонҳои хориҷӣ ва расонаҳоро мекӯфт, ки бонги хатар бизанад ва аз иттифоқоти баъдии Бадахшон пешгирӣ кунад,” -- мегӯяд Алим Шерзамонов.
Ба гуфтаи ӯ, боздошти Улфатхоним Мамадшоева маҳз ба саркӯби ҳар садо аз ВМКБ рабт дошт.
Пас аз рухдодҳои ВМКБ ва боздошти фаъолон суҳбати боз бо мардум дар бораи вазъи ин минтақа имконнопазир гашт.
“Фаъоли модарзод”
“Улфатхоним Мамадшоева аз ҷумлаи афроде аст, ки ҳамеша назари худро доранд ва аз иброз карданаш ҳарос надоранд. Ӯ дар солҳои навадум чунин буд ва то ҳол низ ҳамин гуна давом кард, ҳарчанд наздиконаш ҳамеша мухолифи фаъол будани ӯ буданд ва аз амнияти ӯ бим доштанд,” - мегӯяд яке аз дӯстони хонаводаи Мамадшоева дар Тоҷикистон. Ин ҳамсуҳбати мо низ ба сабаби ҳассос будани мавзуъ нахост, номашро зикр кунем.
Соли 2014, замоне ки дар Хоруғ зимни “амалиёти махсус”-и мақомот як мошин мавриди тир қарор гирифт, Улфатхоним Мамадшоева узви ҳайати музокиракунанда аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомот шуда буд. Ҳадафи ин ҳайат пешгирӣ аз бештар шудани таниш дар ВМКБ буд.
Улфатхоним 3 фарзанд ва 4 набера дорад. Онҳо пас аз боздошти ӯ аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзанд.