Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амалиёти ВМКБ пешгирӣ аз мухолифатҳо ба интиқоли эҳтимолии қудрат буд" ВИДЕО


Чанд таҳлилгари байнулмилалӣ дар як нишаст ва дар суҳбати ҷудогона бо Радиои Озодӣ саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон ва боздошту ҳукмҳои зодагони ин вилояти мухторро аз мавридҳои бадтарини нақзи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон дар соли 2022 номбар карданд.
Эътироз дар Хоруғу Рӯшон моҳи майи имсол ва бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа ва истеъфои раиси шаҳри Хоруғу раиси вилояти Бадахшон шуруъ шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки дар амалиёти якмоҳа 29 узви гуруҳи ҷиноиро дар вилоят аз байн бурданд. Радиои Озодӣ номи 34 кушташударо гирд овард. Пайвандонашон гуфтанд, онҳо узви гуруҳи ҷиноӣ набуданд, балки ба ҳимоят аз ҳуқуқи худу атрофиён ба кӯчаҳо баромаданд.

“Туркманистони дувум”?

Брюс Паннир, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, аз ин нигоҳ вазъро дар Тоҷикистон ба кишварҳои собиқадори саркӯбгари озодиҳои сиёсӣ монанд кард.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Саркӯби эътирозҳо дар ВМКБ ва ҳукмҳои сангин, кӯшиши ҳукумат барои тарс додани ҳама дар кишвар аст. Яъне, ҳеч кас ҷуръат накунад, ки ҳукуматро ба чолиш бикашад. Мутаассифона, вазъи ҳозираи Тоҷикистон ин кишварро ба Туркманистони дуюм табдил медиҳад.”

Эдвард Лемон, муҳаққиқи масоили сиёсӣ дар Донишгоҳи Texas A&M-и шаҳри Вашингтон, низ айни назарро дорад. Вай мегӯяд, он чизе, ки дар ВМКБ гузашт, “талоши пешгирӣ аз ҳама гуна мухторият ва мустақилӣ аз ҳукумати марказӣ аст.”

“Вазъ дар Помир дар моҳи майи имсол бисёр пуртаниш буд. Мо дидем, ки ҳама гуна мухолифати эҳтимолӣ бо шеваҳои гуногун саркӯб шуд. Аз куштор то ҳабсу истирдоди помириҳо аз Русия. Ҳама нишонаҳо баёнгари онанд, ки ҳукумат ин маъракаро бас карданӣ нест. Дар пешорӯйи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш, Рустам, пеши роҳи ҳама гуна мухолифати эҳтимолиро ба режим мегиранд,” – шарҳ дод ӯ.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон 35-сола аст. Феълан раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси Миллист ва амалан шахси дуюм дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди гумонзанӣ ва пешбиниҳо дар бораи эҳтимоли интиқоли қудрат, падару писар дар ин замина расман изҳори назар накардаанд.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

“Онҳо ҷудоиталаб нестанд”

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои истиқлол борҳо макони эътирози сокинон будааст. Мушкили ҷиддӣ соли 2012, пас аз кушта шудани раиси идораи КДАМ дар ВМКБ Абдулло Назаров, оғоз ёфт. Он вақт низ дар Хоруғ амалиёт гузаронданд. Ба иттилои расмӣ, 23 низомӣ ва 21 мулкӣ кушта шуданд.

Мақомот ҳар дафъа ба дурустии амалиёти низомӣ дар минтақа таъкид мекунанд, аммо мардуми маҳаллӣ онро саркӯб меноманд.

Ба бовари таҳлилгароне, ки вазъи Бадахшони Тоҷикистонро дар як муҳокимаи онлайн дар Донишгоҳи Ҳарвард баррасӣ карданд, “ончи дар соли 2022 рӯй дод, аз ҳодисаи соли 2012 бераҳмонатар буд”. Баррасӣ дар аввали моҳи декабр гузашт. Таҳлилгарон гуфтанд, мақомот аз эҳсоси эҳтимолии ҷудоиталабӣ ҳарос доранд.

Брюс Паннир, яке аз иштирокдорони баррасӣ, ба тахмину гумонзаниҳо дар бораи эҳтимоли ҷудоиталабӣ дар ҷомеаи Бадахшон шубҳа кард. Ӯ гуфт: “Дар эътирозҳо дар Бадахшон ҳеч кас ва ҳеч гоҳ ба истиқлолталабӣ даъват накардааст. Онҳо ҷудоиталаб нестанд, чунин ҳадаф надоранд. Ман бо бисёриҳо аз онҷо суҳбат кардаам. Мегӯянд, ки розӣ ҳастанд, дар ҳайати Тоҷикистон бошанд.”

“Шиканҷа, фирор”

Паннир бовар дорад, эътирозҳо дар Бадахшон сулҳомез буданд. “Маълум аст, ки ходимони ҳифзи ҳуқуқ ташаббускори хушунат буданд. Онҳо, воқеан, ба сӯйи издиҳом тир кушоданд, аввал бо гази ашковар, баъд бо норинҷакҳои гиҷкунанда. Ҳамон лаҳза чанд кас кушта шуд. Онҳо на аз ҳисоби низомиён, балки аз ҳисоби мардуми одӣ буданд. Баъд аз онки вазъият даҳшатбор шуд, чанд ходими ҳифзи ҳуқуқ куштаву захмӣ шуданд. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки аксар рафтори эътирозгарон сулҳомез буд,” – гуфт Брюс Паннир.

Мақомот гуфтанд, дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон дар миёнаҳои моҳи май “аъзои гуруҳи ҷиноӣ”-ро нишон гирифтанд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни имсол дар суханронияш дар Хатлон эътирозгаронро дар Бадахшон “силоҳдорон” номид. Вай гуфт, дастури "безарар кардан”-ро низ худаш дод, чун ба гуфтааш, "илоҷи дигар" набуд.

Сюзан Леви-Санчез, профессори Донишгоҳи Ҳарвард, бо ёрии манбаъҳои худ дар ВМКБ ва фаъолони дигар ба ҷамъовариву таҳқиқи ҳодисаи моҳи май машғул аст. Ӯ дар бораи шахсони боздоштшуда ва зиндонӣ аз Бадахшон гуфт: “Ҳама раҳбарони ғайрирасмиро ҳабс карданд, бисёре аз пешвоҳои ҷомеаи маданӣ, журналистону ҳомиёни ҳуқуқ, ҳуқуқшиносону соҳибкорон, варзишгарону ҳунармандон, шоирону омӯзгорон ва донишмандонро низ. Эҳтимол 40 касро шиканҷа кардаанд. Мо, инчунин, онҳоеро санад мекунем, ки дар дохили ҷомеаи бадахшониҳо азият шудаанд. Онҳоеро, ки фирор кардаанд. Дар байни Русияву Тоҷикистон 500 кас фирор кардааст. Ман шумори дақиқи истирдодшудаҳоро аз Русия ба Тоҷикистон намедонам. Рақами 22 дар ёдам мондааст.”

Баҳси ҳувият?

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Фаъоли дигари ҳуқуқи башар, Стив Свердлов, пойфишорӣ мекунад, ки ончи дар ВМКБ рӯй дод, “ҷиноят алайҳи башарият” аст ва “зидди ақаллияти помирӣ равона шудааст”. Ин профессори ҳуқуқ дар Донишгоҳи Калифорния дар шарҳи мавқеаш мегӯяд: “Ончи мо тобистон мушоҳида кардем, бахше аз маъракаи ассимилятсияи фарҳангӣ, саркӯби эътиқоди динию забонӣ буд. Ин ҳама ба ҷиноят алайҳи башарият таъкид мекунад. Зарурате барои исботи ин ақида нест, ки Раҳмон дар талоши аз байн бурдани ҳувияти помириҳо аст.”

Мақомот дар Тоҷикистон ин иттиҳомҳоро рад карда, мегӯянд, ҳуқуқи ҳама сокинон, новобаста аз дину нажод, дар назди қонун баробар аст. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни имсол дар суханронияш дар Хатлон гуфт, "мардуми оддии вилоят гуноҳе надоранд.”

Гузоришгари вижаи Созмони Милал Мэри Лолор баъд аз арзёбиҳои тақрибан дуҳафтаинаи вазъ дар Тоҷикистон ба ин хулоса расидааст, ки “ҳуқуқи башар дар Бадахшон қурбонии масъалаҳои амниятӣ шуд”.

Мэри Лолор
Мэри Лолор

Ба бовари ӯ, дар мавриди ҳодисаҳои ВМКБ бояд як тафтиши мустақилона ва бетарафона анҷом дода шавад. Маълум нест, то куҷо ҳукумати Тоҷикистон бо ин тақозо розӣ мешавад. Пас аз анҷоми сафари Лолор ба Душанбе, мақомот ба ҳеч тарз танқидҳои ӯро шарҳ надоданд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст. Аҳолияш тақрибан 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд (панҷ дарсади аз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон).

Бахше аз мардум ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба номи "забонҳои помирӣ" шинохта шудааст, суҳбат мекунанд. Аксарият пайрави шохаи исмоилии мазҳаби шиа мебошанд ва Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорумро раҳбари динии худ мешуморанд. Аҳолии минтақаҳои дигари Тоҷикистонро пайравони мактаби ҳанафии аҳли суннат ташкил медиҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ёде аз саркӯби бадахшониҳо дар соли 2022
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Санҷар Ҳамидов, "Садои Амрико"

Радиои Озодӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG