Се созмони ҳомии ҳуқуқи башар ҳукми зиндони чанд фаъоли мадании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум карданд.
Изҳороти Бунёди Ҳелсинки, Ҳамкории байнулмилалӣ ба хотири ҳуқуқи башар ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа рӯзи 15-уми декабр нашр шуд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар оғози моҳи декабр паси дарҳои баста Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумъаев, Фаромуз Иргашев ва фаъолони дигарро аз 8 то 30 сол ба зиндон маҳкум карданд.
Дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфта шудааст, ки “ҳукмҳо дар шароити пӯшидаву ношаффоф ва ноодилона эълон шуданд”.
Муаллифони изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон “озодии билофосила ва беқайду шарти ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолон” ва “иҷрои машваратҳои Гузоришгари вижаи СММ Мэри Лолор” тақозо шудааст.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо зодаи вилояти Бадахшонро ба гумони ташкили тазоҳуроти беиҷоза ва “даъват ба сарнагунии ҳукумат” дастгиру зиндонӣ кардаанд. Наздиконашон мегӯянд, онҳо аз ҳуқуқи шаҳрвандиву конститутсионии худ барои ибрози мавқеъ истифода карданд.
Гуфтугӯ