Журналист Марат Мамадшоев, ки бародари Улфатхоним Мамадшоева мебошад, гуфт, ки соати 8-и субҳ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон ба хонаи Улфатхоним Мамадшоева дар шаҳри Душанбе рафта, ӯро бо худ бурданд. Марат Мамадшоев гуфт, ки ӯро низ ба ҳайси яке аз пайвандони Улфатхоним даъват карданд. Ба гуфтаи Мамадшоев, гӯё раиси КДАМ Саймӯъмин Ятимов мехоҳад бо Мамадшоева гуфтугӯ кунад.
Мақомоти давлатӣ ҳанӯз дар робита бо ин ҳодиса изҳори назар накардаанд ва тасдиқи ин хабар тавассути манобеи дигар феълан имкон надорад. Вале боздошти Улфатхоним Мамадшоеваро баъзе рӯзноманигорони дигар ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Ба иттилои Марат Мамадшоев, ки дар гузашта ба ҳайси сардабири нашрияи “Азия-Плюс” кор кардааст, зидди Улфатхоним Мамадшоева парвандае боз нашудааст ва ӯ ҳадди аққал панҷ соат дар боздошт мемонад. Ба гуфтаи Мамадшоев, “дар ҳузури хешовандон манзили зисти Улфатхонум мавриди бозҷуӣ қарор гирифта, вале ҳеҷ чизе шубҳаоварро пайдо накарданд”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми май Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар вебсайти худ дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоеваро ба ташкили эътирози 16-уми май дар Хоруғ гумонбар номид. Дар ҳодисаҳои рӯзи душанбе як нафар кушта ва чандин кас захмӣ шуданд. Рӯзи 17-уми май, баъди нашри изҳороти ВКД, гурӯҳи хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ТВ «Настоящее время» дар назди хонааш дар Душанбе бо Мамадшоева сӯҳбат карданд ва ӯ дар ин сӯҳбат иттиҳомоти мақомотро беасос номид. Ӯ гуфт, ки дар ҳеҷ амали ғайриқонунӣ даст надорад ва сафари ҳафтаи гузаштаи ӯ ба Хоруғ танҳо дар доираи як тарҳи ҷамъиятие сурат гирифтааст, ки ҳеҷ рабте ба беназмиҳои баъдӣ надошт. Вале баъди сабти ин сӯҳбатҳо гурӯҳи мардони ношиносе ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе ҳамла карда, дастгоҳи наворгирӣ ва телефонҳояшонро кашида гирифтаанд. ВКД гуфт, ки бар асоси шикояти расмии хабарнигорон таҳқиқи ин ҳодисаро ба роҳ мемонад.
Хабари боздошти Мамадшоева дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯз ба ин тараф ҳадди аққал дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон беназмиҳо рӯй додааст. Рӯзи 18-уми май ВКД аз оғози"амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод. Тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Рӯшон миёни нерӯҳои давлатӣ ва сокиноне, ки роҳро ба самти Хоруғ баста буданд, даргирӣ сурат гирифтааст. Сокинон таҷаммӯи худро мусолиматомез ва ҳимояти ҳуқуқи худ медонанд. Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ ва мухолифини тоҷик дар Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, эътирозгарони осоиштаро дар Бадахшон саркӯб накунанд. Аз рӯзи 16-уми май ба ин тараф шаҳри Хоруғ ноором аст. Сокинони норозӣ аввал истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, баъди он ки посухи рад гирифтанд, кӯчаҳо баромаданд. Баъзе аз сокинон аз истифодаи гази ашковар ва баъзеи дигар аз истифодаи тирҳои резинӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, бар асари даргирӣ миёни сокинони норозӣ ва мақомоти қудратӣ як бошандаи Хоруғ ба ҳалокат расида, се афсари пулис захмӣ шуданд. Сокинон мегӯянд, шуморе аз мадуми одӣ низ маҷруҳ шудаанд. Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.